Пардохти маблағи ISBN ва аъзоҳаққии нашриётҳо ва матбааҳо тариқи QR-коди ягона

  Акнун ноширон (нашриёту матбааҳо) метавонанд, маблағи шомилшавӣ ба “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб”, аъзоҳаққии солона ва рақами “ISBN”-ро тариқи рамзи ягона – QR пардохт намоянд.

  Тарзи пардохт чунин аст:

  1. Ба замимаи мобилии бонкӣ/ҳамёни электронии телефони худ ворид шавед ва опсияи «Оплата по QR» / «QR платеж» (Пардохт бо QR /QR пардохт)-ро интихоб кунед;
  2. Камераи телефонро тавре дуруст кунед, ки чоркунҷаи камера бо QR-коди ягона пурра ба чаҳорчӯбаи шиносанда мувофиқат кунад;
  3. Мунтазир бошед, ки саҳифаи пардохт бо нишон додани номи гиранда (МД “Агентии миллии ШСБК Хонаи китоби Тоҷикистон) кушода шавад, маблағи заруриро нишон диҳед, дурустии маблағи воридшударо бисанҷед;
  4. Пардохтро тасдиқ кунед.

  Пас аз пардохт намудани маблағ, ношир барои тасдиқ чекро (тасдиқи пардохт) ба суроғаи муассиса пешниҳод намуда бо мутахассиси шуъбаи Агентии миллии ISBN дар тамос мешавад.

  Суроғаи муассиса: ш.Душанбе, н.Фирдавсӣ, к. Н.Қарабоев 17.

Телефон: (+99237) 2337381


   (+992) 901311191   

   (+992) 918152300  /  939999932

  E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Риояи муқаррароти қонунгузорӣ

Иқтибос аз Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Моддаи 373. Риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи воситаҳои ахбори омма

  1. Барои нашр ва паҳн кардани матбуоти даврии чопӣ, китоб ва маҳсулоти дигари чопӣ, ки дар онҳо муқаррароти қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла стандарти китоб, ББК, ШБСК (ISBN), маълумоти нашр, рамзи нашриёт, аломати ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ғайра) риоя нашудааст,-

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 Моддаи 509. Риоя накардани тартиби муқарраргардидаи ройгон фиристодани нусхаҳон назоратии маҳсулоти чопӣ

  1. Барои риоя накардани тартиби муқарраргардидаи ройгон фиристодани нусхаҳои назоратии маҳсулоти чопй аз ҷониби корхонаҳои полиграфӣ, ки чунин маводро нашр мекунанд, -

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, - ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 Моддаи 520. Риоя накардани тартиби расонидани нусхаи ҳатмӣ

Барои аз тарафи истеҳсолкунанда дер ё нопурра расонидани ҳуҷҷатҳои нусхаи ҳатмӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва ташкилотҳо, - ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Мавқеи рақами ISBN дар китоб

Мавқеи ISBN дар осори чопӣ.

  Дар маҳсулоти китобӣ ва осори нашрӣ бо хати Брайл ISBN дар пушти варқаи унвонӣ аз поён, дар тарафи чап, бо ҳуруфи андозаи 9-10, ба чашм хоно аз рӯйи ГОСТ-и  7.0.4–2006 «Нашр. Маълумоти барориш. Талаботи умумӣ ва қоидаи таҳия» оварда мешавад. Агар пушти варақаи унвонӣ набошад ва ё имкони ҷой додани аломати барориш дар пушти варақаи унвонӣ вуҷуд надорад, дар ин сурат ISBN дар саҳифаи дуюм (сеюм, чорум)-и муқова ва ё дар варақаи охир, ки аломати барориш дарҷ карда мешавад, ишора мегардад. Дарҷи ISBN бояд на камтар аз 9 банди шрифти кегел, равшан ва осонхон бошад. Дар китобҳои аудиоӣ ва видеоӣ ISBN дар қуттии мавод дарҷ  мегардад. Дар мусаввараҳои шакли маҷаллавӣ, тақвимҳои варақгардон ISBN дар саҳифаи чоруми муқова нишон дода мешавад. Дар осори нашрии харитавии варақӣ ISBN дар қисмати поёнии варақ ва ё пушти варақ оварда мешавад. Дар осри нашрии харитавии дар шакли китоб нашршуда ISBN аз тарафи чап, дар қисмати поёнии пушти варақаи унвонӣ дарҷ мегардад. Дар осори нашрии микрошакл ISBN дар бастабандии аввал ва пушти варақаи унвонӣ мутобиқи маҳсулоти чопшуда оварда мешавад.

 Маълумот: ISBN дар пушти варқаи унвонӣ, аз поён, аз тарафи чап бо ранги сиёҳ (бо шрифти андозаи 9 ё 10) гузошта мешавад. Дастур дода мешавад, ки он дар якҷоягӣ бо «штрих-код» дар муқова, дар поён ва аз тарафи рост дарҷ гардад.

Намунаи корбурди ISBN

Мисолҳои корбурди   ISBN

Нодуруст гузоштани ISBN

Тафсири хатогиҳо

Дуруст гузоштани ISBN

ISBN 99947-731-9-4

пешшумораи EAN-978 дарҷ нашуда

ISBN  978-99947-731-9-0

ISBN978-99947-731-9-0

фосилаи миёни ISBN ва рақамҳо риоя нагардида

ISBN  978-99947-731-9-0

ISBN 97899947-731-9-0

дефиси миёни 978 ва 99947 гузошта нашуда

ISBN  978-99947-731-9-0

ISBN-978-99947-731-9-0

миёни ISBN ва рақамҳо дефис гузошта шудааст

ISBN  978-99947-731-9-0

ISBN 978-99947-7  31-9- 0

дар идентификатори ношир фосила зиёдатист

ISBN 978-99947-731-9-0

ISBN 978-99947-731-9

андозаи навишти рақам  аз кегли 9-10 кам аст

ISBN 978-99947-731-9-0

 

Осори нашрие, ки рақами ISBN мегиранд

Осори нашрие, ки ба онҳо ISBN дода мешавад

 Тамоми намуди осори нашрӣ, ки дар зер оварда мешаванд, сарфи назар аз мавзӯъ ва усули паҳнкунӣ (ба фурӯш бароварда мешаванд ва ё ба таври ройгон тақсим карда мешаванд), бояд ISBN гиранд:

  Маҳсулоти чопӣ:

- тамоми намуди китобу ҷузва:

- солномаҳои санаддор;

- мусаввараҳо дар шакли китоб ва ё маҷалла, ки ба ҷуз тасвир боз матн доранд, аз ҷумла тақвимҳои дар шакли китоб ва ё маҷалла чопшаванда, тақвимҳои варақгардон, ки матн доранд;

- атласҳо:

- чопи китобҳо бо хати Брайл (барои нобиноён);

- китобҳои микрошакл:

-дафтарҳое, ки матни таълимӣ доранд.

Маҳсулоти чопии электронӣ:

- маҳсулоти чопии электронии маҳдуд ва шабакавӣ, аз ҷумла тавассути Интернет;

- нашри маҳсулоти чопӣ дар шакли электронӣ;

- маводи баномавии таълимӣ, истеҳсолӣ-таҷрибавӣ;

- нашри электронии мултмедийӣ;

Осори нашрии омехта ва ҳамбаста:

– осори нашрии омехтаи кулл, ки аз осори нашрии алоҳидаи васоити мухталифи   паҳнкунандаи мавод  иборат аст;

– маҷмӯъи осори нашрӣ, ки дорои матн аст;