Баландахтар

   Баландахтар [Матн] / мураттиб-муҳаррир С. Аъзамзод; муҳаррир Р. Розиқова; мусаҳҳеҳ Ф. Мамаҷонова; ҳуруфчин Р. Ботурхӯҷаева; муҳаррири техникӣ Н. Юлдошев; ороиши Ю. Юлдошев. – Хуҷанд: Хуросон, 2022. – 208 с. ISBN 978-99985-69-39-3

    

 

    Мундариҷа: Пешгуфтори пири адибон. – С. 3-7; 70 чакомаи Меҳр. – С. 8-118; 70 табрику таҳният. – С. 119-176; 70 лаҳзаҳои хотирмон. – С. 176; 70 шеъри сабз. – С. 177-224; 70 мақолаю мусоҳиба. – С. 225-421; Гулбазми фарзандон ва пайвандон. – С. 422-439; Охирсухани модарбузурги хонадон. – С. 440.

Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол

  Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол [Матн]: Маводи конфренсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ “Президент - кафили рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум”, 13-14 ноябри соли 2021 / ҳайати таҳририя М.М. Шарифзода, Т. Султонӣ, З.М. Исмоилзода, М.А. Акмалова ва диг.; зери назари А.А. Азизӣ; муҳ. тех. Ҷ. Эшматов; Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд;  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон. – Хуҷанд: «Дабир», 2021. – Қ.II. – 238 с. ISBN 978-99975-75-53-1

     Мундариҷа: Бердишукуров А.А., Саркорбобоева М.М. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ. – С.3-5; Ғаюров Ҳ.Ш. Рушди низоми маорифи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон. – С.5-13; Ибодулоев А.Р. Самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тлоҷикистон дар давраи истиқлолият. – С.13-17; Кенҷаев С. Тарбияи худшиносиву ватандӯстӣ дар байни ҷавонон. – С.17-22; Кобилова С.Я. Таджикистан и Россия: диалог межрегионального сотрудничества в эпоху глобализации. – С.23-28; Мирзоев Ф., Алимардонова З. Муносиботи бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Россия дар доираи ИДМ. – С.28-32;  Муҳаммадизода М. Аз таърихи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркманистон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997). – С.32-35; Содиқов С.Р. Рушди ҳамкори Ҷумҳури Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркманистон дар самти илм ва маориф. – С.35-38;  Усмонзода А.И.,Юлдошев Р,Р, Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар даврони истиқлол. – С.39-45;  Хоҷаева М., Қӯзиева Н.Ҳ., Дастовардҳои сиёсии Тоҷикистон дар 30 соли истиқлолият. – С.45-51; Ҷаборов И.Р., Абдукаримов Ҷ.А.Истиқлолият ва рушди давлатдории миллӣ. – С.52-57;  Абдулоева А.Т.Мақоми занон дар шароити муосири Тоҷикистон. – С.57-59;  Ашуров А.О. Тарбияи худшиносию ватандӯстӣ дар сиёсати давлатии ҷавонон. – С.59-61;  Абдуҷалилов Ф. Журналистикаи интернетӣ ҳамчун падидаи нав дар низоми иртиботи оммавӣ. – С.61-65;  Вохидова З.Р., Арсланова М.Ш.Роль женщин Таджикистана в улучшении и развития сообщества. – С.65-67;

Тақриз дар матбуоти даврии тоҷик (солҳои 1920-1930)

      Муродӣ, М.Б. Тақриз дар матбуоти даврии тоҷик (солҳои 1920-1930) [Матн] / М.Б. Муродӣ; муҳаррир Ҷ. Мирзоев; муқарризон А. Азимов, М. Баёнӣ / Хонаи китоби Тоҷикистон. – Душанбе: Ашӯриён, 2023. – 200 с.

      Рисолаи тозанашри доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродӣ таҳти унвони “Тақриз дар матбуоти даврии тоҷик (солҳои 1920-1930)” дар ҳаҷми 200 саҳифа ба нашр расид.

      Рисолаи мазкур аз муқаддима, ду боб, нуҳ фасл ва хулосаву феҳристи адабиёт иборат мебошад.

      Муаллиф дар муқаддимаи рисолаи мазкур қайд намудааст, ки “Яке аз жанрҳои маъмул, мустаъмал ва фаврии ҳам нақди адабӣ ва ҳам публитсистика тақриз буда, дар матбуоти даврӣ мавқеи махсус дорад. Зеро аввалин иқдомҳои таҳлили асарҳои алоҳида дар қолаби ин жанр шакл гирифта, манзури хонандаи хосу ом мегарданд. Тақриз, аз як тараф, ба инкишофу такомули шахсияти эҷодкор, ҷараёни адабии давр таъсир расонад, аз тарафи дигар, барои баланд шудани маънавиёти ҷомеа, завқи мутолиа ва ҳисси зебоипарастии хонанда мусоидат мекунад”.

     Боби аввали он ба масъалаи “Пайдоиш ва ташаккули тақриз дар матбуоти даврии тоҷик (1920-1930)” бахшида шуда, дорои панҷ фасл мебошад. Ҳар як фасл доир ба масоили таърихияти тақриз, сабабҳо ва омилҳои пайдоиши он дар матбуоти даврӣ, моҳият, хусусият, аломат, вазифаву талаботи тақриз, аввалин тақриз дар матбуоти даврии тоҷик, нақши нашрияи “Раҳбари дониш” ва ташаккули тақризи маҷаллавӣ, масъалаи чигунагии тақризҳо доир ба асарҳои кино ва театрро фаро мегирад.

     Боби дуюми рисола бештар ба мавзуоти “Таҳлил ва баррасии тақризҳои матбуоти даврии солҳои 1920-1930” бахшида шуда, аз чор фасл: проблемаи таҳлили асарҳои мансур дар тақризҳо, инъикос ва таҳлили ассарҳои манзум дар жанри тақриз, инъикоси проблемаҳои китобҳои таълимӣ, баҳодиҳии “Намунаи адабиёти тоҷик” ва оҳанги гуфтор дар тақризҳои адабӣ иборат буда, ҷиҳатҳои мухталифи масъалаи мазкурро дар бар мегирад.

      Бояд зикр намуд, ки матбуот аз оғози пайдоиш чун воситаи муҳимми иттилоърасон ва таъсиррасон ба тафаккури ҷомеа шинохта шудааст. Он дар баррасии масоили муҳимми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ нақши ҳалкунандаро иҷро мекунад.

      Рисолаи мазкур дар ҳақиқат дастоварди илмии даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор рафта, барои муҳаққиқону донишмандон ҳамчун роҳнамо дар омӯзиши тақриз дар матбуоти даврии тоҷик хизмат менамояд.

      Нозири шуъбаи нозироти стандарти нашр

       ва воридоти нусхаҳо ҳатмӣ                                                  Маҳфиза Вазирова

Масъалаҳои муҳими матбуоти даврии тоҷик дар солҳои 1920-1930 ва аҳамияти онҳо дар ҳаёти иҷтимоии муосир

   Санаи 29-уми ноябри соли 2023 дар толори Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони баналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон», ҳамоиши илмӣ ва намоиши китоб дар мавзӯи «Масъалаҳои муҳими матбуоти даврии тоҷик дар солҳои 1920-1930 ва аҳамияти онҳо дар ҳаёти иҷтимоии муосир» баргузор гардид. Дар ҳамоиш олимону мутахассисони соҳа аз вазорату идораҳои кишвар ширкат намуданд.

  Ҳамоишро директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони баналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон» Сайзароб Нодирзода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам намуд.

  Дар ҳамоиши илмӣ доктори илмҳои филология, профессор Аъзамҷон Азимов дар мавзӯи Нақши рӯзномаи “Овози тоҷик” дар тарбияи мухбирон, доктори илмҳои филология, профессор Мурод Муродӣ дар мавзӯи Маҷаллаи “Раҳбари дониш” ва ташаккули нақди адабӣ, номзади илмҳои филология Мирзоалӣ Ҷӯраев дар мавзӯи Баҳси масъалаи алифбо дар матбуоти даврии солҳои бисту сиюми садаи ХХ, муовини директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони баналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон» дар мавзӯи Назми публитсистӣ дар рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” баромад намуданд.

  Дар охири ҳамоиш С. Шосаидзода, Ш. Комилзода, М. Атоев ва дигарон фикру ақидаҳои худро оид ба масъалаҳои муҳими матбуоти даврӣ ироа намуданд.