Масъалаҳои муҳими матбуоти даврии тоҷик дар солҳои 1920-1930 ва аҳамияти онҳо дар ҳаёти иҷтимоии муосир

   Санаи 29-уми ноябри соли 2023 дар толори Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони баналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон», ҳамоиши илмӣ ва намоиши китоб дар мавзӯи «Масъалаҳои муҳими матбуоти даврии тоҷик дар солҳои 1920-1930 ва аҳамияти онҳо дар ҳаёти иҷтимоии муосир» баргузор гардид. Дар ҳамоиш олимону мутахассисони соҳа аз вазорату идораҳои кишвар ширкат намуданд.

  Ҳамоишро директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони баналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон» Сайзароб Нодирзода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам намуд.

  Дар ҳамоиши илмӣ доктори илмҳои филология, профессор Аъзамҷон Азимов дар мавзӯи Нақши рӯзномаи “Овози тоҷик” дар тарбияи мухбирон, доктори илмҳои филология, профессор Мурод Муродӣ дар мавзӯи Маҷаллаи “Раҳбари дониш” ва ташаккули нақди адабӣ, номзади илмҳои филология Мирзоалӣ Ҷӯраев дар мавзӯи Баҳси масъалаи алифбо дар матбуоти даврии солҳои бисту сиюми садаи ХХ, муовини директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони баналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон» дар мавзӯи Назми публитсистӣ дар рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” баромад намуданд.

  Дар охири ҳамоиш С. Шосаидзода, Ш. Комилзода, М. Атоев ва дигарон фикру ақидаҳои худро оид ба масъалаҳои муҳими матбуоти даврӣ ироа намуданд.

СОМОНАИ МД «ХОНАИ КИТОБИ ТОҶИКИСТОН» МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ МУФИД

      Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон” яке аз ниҳодҳои нигоҳдорандаи маълумоти муфид барои ҷомеаи имрӯз ва ояндаи кишвар маҳсуб мегардад. Имрӯз осори гаронбаҳои миллат дар ин махзан нигоҳдорӣ карда мешавад. Бо рушди технологияи муосир ва хизматрасонии ҷадид дар соҳаи китобдорӣ лозим аст, ки бойгониҳо ва китобхонаҳо низ фаъолияти худро ҳамқадами замона гардонанд. Бо ҳамин мақсад роҳбарияти МД “Хонаи китоби Тоҷикистон” тасмим гирифт, ки сомонаи муассиса www.khkt.tj-ро таъсис диҳад ва онро ба талаботи замони нав мутобиқ гардонад. Имрӯз қисми зиёди корҳои техникии он анҷом дода шудаанд. Корҳо дар қисматҳои эҷодии он идома доранд. Мутахассисони сомона дар якҷоягӣ бо кормандони муассиса ба пуррагардонии бахшҳои он машғул мебошанд. Сомона аз бахшҳои “Асосӣ”, “Сохтор”, “ISBN”, “Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ”, “Феҳрист”, “Хабарҳо” ва “Тамос” иборат аст.  Бахши дигари сомона фарогири “Осори Пешвои миллат”, “Осори нашрии Хонаи китоби Тоҷикистон” ва “Омори матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Ҳамин тариқ ҳар як бахш дар навбати худ ба зербахшҳо ҷудо гардида, фаъолияти шуъбаҳо дар он инъикос гардидааст. Инчунин, дар сомона феҳристи китобҳо, авторефератҳо ва феҳристи маҷаллаву рӯзномаҳои ватанӣ ҷой дода шудааст, ки хонанда метавонад дар ҳар минтақаи ҷаҳон аз осори нашрии ҷумҳурӣ, тавассути бойгонии “Хонаи китоби Тоҷикистон” огоҳӣ пайдо кунад.

    Маҷмуан, сомона бо баинобат гирифтани мақсаду мароми фаъолияти Хонаи китоби Тоҷикистон мураттаб гардидааст. Мо масъулини муассиса ба фаъолият шуруъ намудани сомонаро фоли нек медонем ва ба китобдӯстону маърифатпарварон онро ҳадя менамоем.