Санаи 14-уми марти соли 2026 дар Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон филиали кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” ифтитоҳ гардид. Дар маросими ифтитоҳи филиали кафедра муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бобозода Фаридун Толибҷон ва ректори МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” муҳтарам Назарзода Маҳмуд Мирзо, олимону адибон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Маросимро директори Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва китобшиносӣ - Зафари Шариф ифтитоҳ намуда, меҳмонону ҳозиринро ба маросими кушодашавии филиали кафедра хайрамақдам намуданд.
Сипас, Зафари Шариф дар суханронии худ зикр намуданд, ки “тарбияи мутахассисони болаёқат ва ҷавобгӯ ба бозори меҳнат дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Сарвари давлат дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми январи соли 2020 Вазорати фарҳангро вазифадор намуданд, ки барои тарбияи мутахассисони касбии соҳаи китобдорӣ, ташкили таҷрибаомӯзӣ дар кишварҳои хориҷӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос чораҷӯӣ намояд. Ифтитоҳи филиали кафедра низ бо дастгирии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сатториён Матлубахон Амонзода ва ба дастгирии ректори МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” муҳтарам Назарзода Маҳмуд Мирзо дар доираи ин дастуру супоришҳо сурат гирифтаистодааст”.







