МАТБУОТ ЯКЕ АЗ МАЪХАЗҲОИ МУҲИМИ ТАЪРИХӢ

   Амиршоҳ Ёрмуҳаммадов – муаррих, устоди ДМТ,

Сайобид Азизов – бойгонишинос, корманди

МД “АМСБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон”

   

   Маводҳои барои таҳқиқоти таърихӣ зарур дар манбаъҳои гуногун парокандаанд. Қисми зиёди манбаъҳо оид ба таърихи муосир, пеш аз ҳама дар матбуот ҷой доранд. Дар матбуот манбаъҳои таърихӣ бори аввал ба мубодилоти илмӣ ворид мегарданд ва аҳаммияти онҳо муайян карда мешавад. Аз ин рӯ, матбуот бешубҳа солномаи муосири таърих аст. Нависандаи маъруфи рус Алексей Толстой қайд карда буд, ки «журналистика ақрабаки сониясанҷи таърих аст». Зеро танҳо матбуот имкон медиҳад, ки аз ҷиҳати хронологӣ воқеъа барқарор карда шавад ва он то андозае шарҳи илмии худро низ ёбад. Матбуот дар фаъолияти худ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

   1.Мардум ва табақаи ҳукмронро бо ахборот таъмин мекунад;

   2.Ба инкишофи маориф мусоидат менамояд;

   3.Инчунин яке аз воситаҳои вақтгузаронӣ низ мебошад;

   Бо ҳамин матбуот инъикоси ақида, сиёсат ва идеологияи давру замони худ аст. Барои муҳаққиқони таърих бештар маводҳои рӯзнома саҳми муҳим доранд. Зеро дар журналҳо асосан натиҷаи таҳқиқот нашр мегардад. Баромадҳои ходимони давлатӣ ва сиёсӣ дар газетаҳо ҳамчун маъхази муҳим ва расмӣ ба ҳисоб мераванд. Дар асри мо, ки асри инкишофи васоити ахбори оммавӣ аст, матбуот ҳамчун ҳаками бузург ва ё «Ҳокимияти чорум» ном гирифтааст. Сиёсати ҳозираро бе матбуот тасавур кардан ғайримкон аст. Аз ин рӯ мегуянд, ки касе телевизионро зери даст дорад, вай бешубҳа мамлакатро зери даст дорад.

Табрикоти директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмиллалии ‎рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон»‎, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва китобшиносӣ - Зафари Шариф бахшид

   Модарону бонувон ва хоҳарони азиз!
   Бо арзи эҳтиром ва самимияти хос ҳар яки Шуморо бо фаро расидани яке аз зеботарин ва нафистарин ҷашнҳои сол – Рӯзи Модар – 8 Март табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
   Ҳамасола дар кишвари мо санаи 8 Март, яъне дар оғози баҳори нозанин, Рӯзи Модар таҷлил мегардад, ки ҳар яки мо ин санаи фархундаро ҳамчун рамзи меҳру муҳаббат, эҳтирому арҷгузорӣ ва садоқати инсонӣ нисбат ба бузургтарин ва зеботарин муъҷизаи Парвардигор, Зан – Модар интизорӣ мекашем ва ҷашн мегирем.
   Зеро Модар нафарест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши фарзандаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад.
   Намунаи олии қадршиносии Зан – Модарро мо дар баромаду суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинем, ки дар замири ҳар як сухани он кас чӣ қадар маънӣ, чӣ қадар меҳру муҳаббат ва эҳтиром нисбати Модар зан нуҳуфтааст, ки мефармоянд:
   “Модар, дар ҳақиқат, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад”.
   Пешвои муаззами миллат ифтихор аз он доранд, ки модарону занон ва бонувони кишвари азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд.
   Воқеан занони мо имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон саъю талош мекунанд.
   Пас, Рӯзи Модарро метавон ҳамчун рӯзи ваъда низ тасаввур кард. Ваъдаи он ки мо муҳаббатро дар хона бештар мекунем. Ваъдаи он ки масъулиятро тақсим мекунем. Ваъдаи он ки ба фарзандон одоби қадршиносиро меомӯзем. Ваъдаи он ки модарро танҳо дар як рӯз ба ёд намеорем, балки дар ҳар рӯз бо як амали нек қадр мекунем. Зеро муҳаббат, агар танҳо дар сухан бимонад, зуд фаромуш мешавад. Аммо муҳаббат, агар дар амал табдил ёбад, ба фарҳанг табдил меёбад. Фарҳанг миллатро месозад.
   Бори дигар бо беҳтарин таманниёт ҳамаи Шумо, бонувони азизро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модар табрик мегӯям ва ба ҳар яки Шумо тансиҳатӣ, хонаободӣ ва хушбахтиву файзу баракат орзу менамоем.
   Рӯзи Модар муборак, бонувони саодатманди кишвар!

ШАНБЕГӢ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «АГЕНТИИ МИЛЛИИ СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ‎РАҚАМГУЗОРИИ СТАНДАРТИ КИТОБ – ХОНАИ КИТОБИ ТОҶИКИСТОН»

   Санаи 7-уми марти соли 2026 дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани шаҳри Душанбе, ташаккули ҳаёти солим, инчунин муҳайё намудани шароити хуби корӣ, ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони МД «АМСБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон» ‎шанбегӣ баргузор гардид.
   Дар рафти шанбегӣ кормандон утоқҳои корӣ ва гирду атрофи бинои муассисаро тозаву озода намуда, бехи дарахтон, ниҳолу гулбуттаҳоро нарм намуда, аз баргҳои хазон ва партовҳо тоза намуданд.

 

 

 

ФАРҲАНГ НЕРУИ БУЗУРГ АСТ

   Соҳаи фарҳанг дар замони соҳибистиқлолии кишвар бемайлон рушд намуда, дар ин замина қонунҳо, қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ махсусан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” фаъолияти соҳаро ба танзим даровард, ки он ба хотири боло бурдани фарҳангу маънавиёт мусоидат намуд. Зикр намудан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг дар пешрафт ва мустаҳакам намудани низоми сиёсии ҳар як давлату миллат аҳаммияти махсус дошта, ин омили муҳим ба устувории кишвар мусоидат менамояд. Агар ба даврони соҳибиситиқлолӣ назар намоем, ин самти муҳим ба пешрафту комёбиҳои зиёд ноил гардидааст. Боиси хушнудист, ки дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷикро дар минтақа ва ҷаҳон тамаддунофару фарҳангпарвар эътироф намудаанд. Фарҳанг омили ҷомеасоз, ваҳдатофар ва дӯстиву бародарӣ маҳсуб ёфта, омили якдиливу ягонагии мардум ба ҳисоб меравад.
    Яке аз рукнҳои муҳими фарҳанг ин эҳёи ҷашну маросимҳои миллӣ ба шумор рафта, дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҷашнҳои миллӣ аз қабили Наврӯз, Сада, Тиргон, Меҳргон бо иқдоми бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам муаррифӣ намудани фарҳангу асолати миллии тоҷикон дар асоси пажуҳиши олимони “Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси бевоситаи ҳукумати ҷумҳурӣ Оши палав, Чакан ҳамчун санъати гулдӯзӣ, Анъанаи бофтани атласу адрас, Мамнуъгоҳи таърихии “Саразм”-и шаҳри Панҷакент, Суманак, санъати мусиқии Шашмақом ва Фалак ҳамчунин санъати эҷод ва навохтани рубоб, Боғи миллии Тоҷикистон ва Мамнунгоҳи таърихии Ҳулбук ба феҳристи ғайримодии ЮНЕСКО ворид гардиданд.
   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруи зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаи дирӯзу имрӯз ба ойину анъана ва муқаддасоти миллӣ эътибори доимӣ дода, дар замони соҳибистиқлолӣ ба анъанаҳои қадима ва фарҳангӣ миллӣ таваҷҷӯҳ бештар гардидааст. Фарҳанг ба сифати неруи муттаҳидсозанда дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ устувории арзишҳои миллиро таъмин менамояд. Ин ҳама ҷаҳду талошҳо ба хотири арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихор ва пайванд додани гузашта ба имрӯзи миллат ба шумор рафта, он беш аз пеш самараи дилхоҳ ба бор меорад.
 
Мудири шуъбаи Нозироти стандарти
нашр ва воридоти нусхаҳои ҳатмии
МД “Хонаи китоби Тоҷикистон”
Акбар Аскарзода