МАҚОМ ВА МУҲИММИЯТИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ХОНАИ КИТОБИ ТОҶИКИСТОН» ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Зафари Шариф, директори МД «АМ СБРСК –
Хонаи китоби Тоҷикистон»‎, доктори фалсафа
(PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси китобхонашиносӣ,
библиографишиносӣ ва китобшиносӣ,
Муҳаммаднабӣ Баёнӣ, муовини директори
МД «АМ СБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон»,
номзади илмҳои филологӣ.

 

   Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» аз соли 1935 то ба имрӯз, яъне дар тули 91 соли мавҷудияташ дар ҳифзи таъриху фарҳанги миллат саҳми арзанда гузошта, то имрӯз барои ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигаҳдории китобу матбуоти даврӣ нақши бениҳоят калон гузоштаистодааст.
   Агарчи МД «Хонаи китоби Тоҷикистон» дар даврони Шуравӣ таъсис ёфта бошад ҳам, пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ фаъолияташ идома ёфта, дар даврони истиқлолият самтҳои фаъолияташ ба Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мувофиқ кунонида шуд. Дар замони соҳибистиқлолӣ низ мақсаду вазифаҳои муҳимро ба дӯш дошта, ҳамчун махзани нодири миллӣ барои олимону пажуҳишгарон ва муҳаққиқони соҳаҳои гуногун хизмат намуда, бойгонии он мероси маънавии миллат ба шумор меравад.

ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМУЗИИ КИТОБДОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН: ВАЗЪ ВА ТАМОЮЛҲОИ РУШД

   Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки тарбияи мутахассисони болаёқат ва ҷавобгӯ ба бозори меҳнат дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Оид ба ин масъала Сарвари давлат ҳанӯз 20-уми январи соли 2020 дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуданд, ки барои тарбияи мутахассисони касбии соҳаи китобдорӣ, ташкили таҷрибаомӯзӣ дар кишварҳои хориҷӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос чораҷӯӣ намояд.
   Боиси тазаккур аст, ки имрӯз саҳми 2 муассисаи бонуфуз дар ташкили курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисоси китобдорон дар ҷумҳурӣ назаррас аст:

   1.МДТ “ДДФСТ ба номи М. Турсунзода”;

   2.МД “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

   Дар МДТ “ДДФСТ ба номи М. Турсунзода” факултети такмили ихтисоси кормандони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр амал мекунад. Он яке аз сохторҳои таркибии донишкада маҳсуб меёбад. Соли даҳум аст, ки дар факултет шунавандагон аз сохторҳои мухталифи фарҳангу санъати шаҳру навоҳии кишвар давра ба давра ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ҷиҳати таъмини низоми муташаккили раванди таҳсил масъулини факултет ибтидои ҳар соли хониш нақшаи даъвати шунавандагонро аз рӯи самтҳо таҳия менамояд. Факултет то имрӯз асосан кормандони китобхонаҳо, осорхонаҳо, мудирони клубҳои деҳот, методистони раёсатҳо, шуъбаҳои фарҳанг ва санъат, омӯзгорони мактабҳои санъат ва мусиқӣ, роҳбарони бадеии муассисаҳои фарҳангу санъатро ба таҳсили кӯтоҳмуддат даъват намуда раванди таълими онҳоро таъмин менамояд.

Инъикоси воқеият дар публитсистика

  Раҳмонзода, Ҷ. Инъикоси воқеият дар публитсистика [Матн] / Ҷ. Раҳмонзода; муҳ. С. Гулов; ДМТ. – Душанбе: ҶДММ “Сармад компания”, 2026. – 72 с.; 20 см. – 100 н. – ISBN 978-9906-9904-7-9

  Мундариҷа: Муқаддима. – С.4-10; Боби 1. Инъикоси воқеият дар повестҳои Мутеулло Наҷмиддинов. – С.10; Фасли 1. Усул ва роҳҳои гузориш ва ҳалли проблемаҳо дар асари бадеӣ-публитсистӣ. – С.11-27; Фасли 2. Романтикаи идеал ва инъикоси он дар асари бадеиву публитсистӣ. – С.28-45; Фасли 3. Инъикоси воқеияти руйдодҳои бузург дар қиссаи “Бозгашт”. – С.46-60; Хулоса. – С.61-67 Адабиёт. – С.68-71.

 

 

 

 

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯ ДАР ФИЛИАЛИ КАФЕДРАИ КИТОБХОНАШИНОСӢ ВА БИБЛИОГРАФИШИНОСӢ

 

  Имрӯз дар доираи барномаи Конференсияи илмию назариявии «Арзишҳои ҳувиятсози фарҳанги миллӣ» бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар филиали кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” дар Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон” конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар конференсия ҳайати устодон, унвонҷӯён, аспирантон, докторантон, магистрантон ва донишҷӯёни МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ва роҳбарияту кормандони МД “Хонаи китоби Тоҷикистон” иштирок ва суханронӣ намуданд.
  Конференсияро директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмиллалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон»‎, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва китобшиносӣ Зафари Шариф ҳусни оғоз бахшида, ба устодону донишҷӯён дар кори конференсия муваффақият таманно намуд. Ҳамчунин, ӯ дар мавзуи “Роҳандозии технологияи инноватсионӣ дар раванди таълими китобдорӣ” маъруза намуд. Инчунин, оид ба моҳият ва баргузории Ҳафтаи илм, таъсиси филиали кафедра дар Хонаи китоби Тоҷикистон, инноватсияи китобдорӣ, рақамигардонии осори нашрӣ дар замони муосир, ҷалби омӯзгорону донишҷӯён ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибаомӯзӣ дар Хонаи китоб, ки имрӯз бо технологияи нави соҳавӣ муҷаҳҳаз аст, ибрози андеша намуд.