1000 амалҳои арифметикӣ, муодила ва масъала барои синфи 2

 Одинаев, Б.М. 1000 амалҳои арифметикӣ, муодила ва масъала барои синфи 2 [Матн] / Б.М. Одинаев, Н.О. Нормаҳмедов, Г.С. Одинаева; С.И. Иброҳимова; муҳ. масъул: Т. Фатҳуллоев, Т.Ҳ. Абиджонов. – Душанбе: Хонаи чопи Сироҷидиновҳо, 2026. – 100 с.: расми ранга.; 30 см. – 100 н. – ISBN 978-9906-9927-0-1

 

 

 

 

 

 

 

 

МОДАР – САФОБАХШАНДАИ УМРИ ИНСОН!

   4 марти соли равон бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобшинос» бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

   Чорабиниро муовини директори муассиса, номзади илмҳои филологӣ, Муҳаммаднабӣ Баёнӣ ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки Модар гавҳари ноёб, сарчашмаи ҳаёт, олиҳаи меҳр мебошад. Сипас Синои Абуалӣ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, омӯзгори МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» аз эҷодиёти хеш дар васфи модар шеърҳо қироат намуд.

   Дар интиҳо ҳунармандон аз МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» Мирзоев Акрам ва Дамдоров Ифтихор дар васфи Модар-Ватан сурудҳо пешкаш намуданд, ки табъи ҳозиринро болида гардониданд.

 

 

 

САҲМИ СИРОҶИДДИН ПИРОВ ДАР МУАРРИФИИ ОСОРИ БОЙГОНИИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “ХОНАИ КИТОБИ ТОҶИКИСТОН”

 

  Муассисаи давлатии  “Хонаи китоби Тоҷикистон” дар муддати беш аз 90 соли фаъолияташ ба махзани бузурги осори илмию адабӣ ва таърихиву фарҳангӣ табдил ёфта, кормандони он дар ҳифзу гиромидошт ва муаррифии ин ганҷинаи гаронбаҳои миллат нақши муассир гузоштаанд.
  Таҳлилу омӯзиши осори нашрии солҳои қаблӣ ба монанди китобу маҷалла ва рӯзномаҳои бойгонии муассисаро як зумра олимону муҳаққиқон аз қабили Қ.Б. Буриев, Ш.Комилзода, С.Ҳ. Шосаидзода, М. Муродӣ, А. Азимов, С.А. Пиров, С.С. Нодирзода, З. Шариф, М.Б. Баёнов, М. Ҷураев, О.В. Титова, Р. Муродова ба анҷом расонида, андешаҳои хешро дар шакли мақолаҳои илмӣ ва маҷмуаҳои алоҳида рӯйи нашр овардаанд.
  Яке аз ин муҳаққиқон корманди муассиса, номзади илмҳои педагогӣ Сироҷиддин Пиров ба шумор рафта, дар муаррифӣ ва таҳқиқи мероси илмии бойгонии “Хонаи китоби Тоҷикистон” саҳми арзанда гузошта, маълумоти мукаммали осори нодири чопиро ба доираи васеи хонандагон пешкаш намудааст.
  Муҳақиқ Сироҷиддин Пиров дар риштаи улуми педагогика пажуҳиши илмӣ анҷом дода, дар мавзуи “Афкори педагогии Фахруддини Розӣ ва нақши он дар ташаккул ва тарбияи инсони комил” соли 2019 зери роҳбарии академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон М. Лутфуллоев рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст.
  Номбурда муаллифи зиёда аз 70 мақолаи илмӣ-оммавӣ ва китобҳои  зерин мебошад: 1. Фахруддини Розӣ ва андешаҳои ахлоқиву тарбиявии ӯ. – Душанбе: Аржанг, 2015. – 320с.; 2. Репертуари китоби солҳои 1922-1930-и Хонаи китоби Тоҷикистон: бо услуби сарчашмашиносӣ. – Душанбе: Кайҳон, 2021. – 476с.; 3. Фарҳанг ва ҷомеа. – Душанбе: Аржанг, 2022. – 352с.; 4. Тавсифи китобҳо. Репертуари китоби солҳои 1930-1931-и Хонаи китоби Тоҷикистон: бо услуби сарчашмашиносӣ. – Китоби 2. – Душанбе: Шоҳин-С, 2024. – 352с.; 5. Маърифати фарҳангии воқеоти зиндагӣ. – Душанбе: Истеъдод, 2025. – 424с.

Забони тоҷикӣ

  Раҷабов А.А. Забони тоҷикӣ [Матн]:  дастури таълимӣ / А.А. Раҷабов; муҳ. А. Раҷабов; Ваз-ти маориф ва илми ҶТ, ДДОТ ба номи С. Айнӣ. – Душанбе: Матбааи ДДОТ, 2026. – 167 с.; 20 см. – 100 н. – ISBN 978-9906-701-55-6

  Мундариҷа: Забон яке аз рукнҳои ташаккули миллат. – С.4; Тағйирот дар алифбои забони тоҷикӣ. Талаффуз ва имло. – С.6; Имлои садоноки ӯ ва у. – С.7; Имлои садоники ӣ ва и. – С.8; Ҳодисаҳои савтӣ. – С.9; Имлои ҳарфҳои мушаддад. – С.14; Исм, имлои исм, қоидаҳои исм. – С.17; Имлои сифат. – С.22; Имлои шумора. – С.27; Имлои ҷонишин. – С.37; Имлои феъл. – С.47; Феълҳои мустақил ва ёридиҳанда. – С.50; Сифати феълӣ. – С.52; Сиғаҳои феъл. – С.54; Зарф. – С.63; Имлои ҳиссаҳои ёвари нутқ. Пешоянду пасоянд. – С.67; Пайвандакҳо. – С.68; Ҳиссача. – С.71; Нидо. – С.75; Имлои аломатҳои китобат ва аҳаммияти онҳо. – С.79; Луғатшиносӣ. Калима-воҳиди асосии забон. – С.107; Омонимҳо. Фарқи омонимҳо аз калимаҳои сермаъно. – С.109; Муродифҳо дар забони тоҷикӣ. – С.111; Мутазодҳо дар забони тоҷикӣ. – С.112; Фонди асосӣ ва таркиби луғавии забон. – С.114; Калимаҳои аслии тоҷикӣ. – С.115; Калимаҳои иқтибосӣ. – С.117; Истилоҳ. – С.120; Воҳидҳои фразеология (таъбир) . – С.123; Калимаҳои қабеҳ ва малеҳ. – С.124; Усулҳои забон. – С.126; Ҳуҷҷатнигорӣ. – С.131; Матнҳо барои диктанти санҷишӣ. – С.148; Саволҳои муҳим ва асосӣ аз фанни забони тоҷикӣ. – С.159; Луғат. – С.162; Рӯйхати адабиёт. – С.165.