Практический курс русской литературы

  Практический курс русской литературы [Текст]: учебное пособие / сост. М.С. Кувватзода. – Душанбе: ТГУП им. С. Айни, 2026. – 176 с. Часть II. 20 см. – 100экз. – ISBN 978-9906-701-78-5

  Содержание: Введение. – С.3; Островкий А.Н. Жизнь и творчество. – С.5; Драма “Гроза” А.Н. Островского. – С.10; Пьеса “Бесприданница” А.Н. Островского. – С.15; Тургенев И.С. Жизнь и творчество. – С.18; Рассказ И.С. Тургенева “Муму”. – С.23; Цикл рассказов “Записки охотника” . – С.26; Роман “Отцы и дети” И.С. Тургенева. – С.30; Рассказ “Бирюк” И.С. Тургенева. – С.36; Жизнь и творчество Ф.И. Тютчева. – С.40; Поэма “Кому на Руси жить хорошо” Н. Некрасова. – С.44; Фет.А.А. Жизнь и творчество. – С.48; Салтыков-Щедрин. Жизнь и творчество. – С.52; «История одного города» Салтыкова-Щедрина. – С.55; О сатирической  повести  «Как  один  мужик  двух  генералов прокормил». – С.58; Жизнь и творчество Л.Н. Толстого. – С.69; Работа с текстом. – С.73; Роман «Война и мир» Л.Н. Толстого. – С.75; Герои романа «Война и мир» Л.Н. Толстого. – С.79; Рассказ «После бала» Л.Н. Толстого. – С.83; Чехов А.П.Жизнь и творчество. – С.86; Драматургия Чехова. – С.93; Пьеса «Чайка» А.П. Чехова. – С.96; Рассказ «Ванька» А.П. Чехова. – С.100; Жизнь и творчество Максима Горького. – С.106; Рассказ «Старуха Изергиль» М. Горького. – С.109; Повесть «Олеся» А.И. Куприна. – С.115; Бунин И.А. Жизнь и творчество. – С.122; Блок А.А. Жизнь и творчество. – С.125; Есенин С,А. Жизнь и творчество. – С.128; Стихотворение «Отговорила роща золотая». – С.132; Анна Ахматова. Жизнь и творчество. – С.135; Михаил Шолохов. Жизнь и творчество. – С.141; Дополнительные материалы. – С.146; Тест по русской литературе 19 века. – С.166; Глоссарий. – С.169; Список использованной литературы. – С.174.

 

 

ҶАВОНОНРО БОЯД БЕШТАР БА МУТОЛИА ҶАЛБ КАРД

 
  Китобу китобхона шиносномаи донишу андеша ва тамаддуни миллатҳо буда, таърихи онҳо ба пайдоиши хат, забон, адабиёт ва илму фарҳанг робитаи зич дорад. Китоб як рукни муҳимми тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин лиҳоз, мардуми олам бо арзи муҳаббату эҳтиром китобҳоро, ки ганҷинаи маънавии ниёгон маҳсуб меёбанд, дар хазинаҳои миллии хеш ҳифзу нигаҳдорӣ мекунанд, то наслҳои имрӯз ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд.
   Мардуми фарҳангпарвар ва ҳунардӯсти тоҷик дар эҷоди китобу бунёди китобхона миёни миллатҳо пештозу пешрафта ба шумор мераванд. Ин миллат дар ҳама давру замон дар рӯи дасташ китоб буд. Кору рӯзгорашро бо мутолиаи китоб рангу бори маънавӣ мебахшид. Аҳамияти китоб, бахусус дар тарбияву ҳидоят ва ташаккули шахсияти насли наврасу ҷавон бениҳоят бузург аст. Ин маъниро Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо зикр кардаанд. Аз ҷумла, соли 2007 дар Паёмашон гуфта буданд, ки: «Табъу нашри китоб ва масъалаи таблиғи китобхонӣ таваҷҷуҳи ҷиддиро талаб мекунад. Китобхонӣ ҷузъи муҳимми тарбияи насли наврасро бояд ишғол кунад. Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст».

Китобдор – иттилоотсоз

   Китобхона яке аз ниҳодҳои пурқудрати илмиву амалӣ ва маънавию ‎фарҳангии ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар он аксаран дастовардҳои ‎беҳтарини хаттиву электронии инсоният захира ва мавриди ‎инстифода қарор дода мешавад. Китобхонаи имрӯза на танҳо дар ‎баландбародории донишу маънавиёти инсон, балки дар рушди ‎ҷаҳонбинӣ, забономӯзӣ, меҳанпарастиву инсондӯстӣ, ташаккули ‎ҳувияти милливу хештаншиносӣ, такмили малакаи истифодаи ‎таҷҳизоту васоити инноватсионии иртиботӣ, ошноӣ бо иттилооти ‎замонавию дастовардҳои ҷаҳони муосир таъсири бориз дорад ва аз ‎ҳама муҳим зеҳни шахсияти китобдӯстро обутоб ва равнақ медиҳад. ‎Беҳуда нест, ки имрӯз китобу китобдорӣ ба мавзӯи рӯз табдил ‎ёфтааст. Таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба ин масъала аз иқдомоти Асосгузори ‎сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии ‎Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.‎
   Фаъолияти инноватсионӣ ин самти муҳимтарин ва дар шароити имрӯза беш аз пеш афзалиятноки таъминоти методии китобхона ё шабакаи китобхонаҳо ба шумор меравад. Ҳадафи асосии он ҷустуҷӯ, арзёбӣ, таҳия ва истифодаи навгониҳо дар фаъолияти рӯзмарраи китобхонаҳо мебошад. Фаъолияти инноватсионӣ барои тамоми китобхонаҳо хос аст. Аз ин рӯ, китобхона – марказҳои методӣ вазифадоранд, ки ин навгониҳоро дар тамоми шабакаи китобхонаҳо паҳн намоянд.

Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?

  ДУШАНБЕ, 08.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Фароҳам овардани заминаи боэътимоди меъёрии ҳуқуқии фаъолияти китобхонаҳо, аз ҷумла фаъолияти инноватсионӣ-методии онҳо яке аз масъалаҳои муҳими назариявии китобхонашиносии муосир ба шумор рафта, баррасии илмии он ба рушди мақсаднок ва бомароми амалияи китобдорӣ мусоидат менамояд.
   Бояд гуфт, ки ба таҳқиқи мавзуи таъминоти меъёрии ҳуқуқии фаъолияти китобдорӣ, аз ҷумла таъминоти меъёрии ҳуқуқии фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳо олимону мутахассисони тоҷик, ба истиснои баъзе мақолаҳои илмӣ ҳанӯз ба қадри кофӣ таваҷҷуҳ зоҳир накардаанд, ҳол он ки баррасии назариявии он ба такомули қонунгузории миллӣ оид фаъолияти китобдорӣ мусоидат намуда, ба ин васила барои рушди соҳа тибқи стандартҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ фазои мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам меояд.
   Имрӯз заминаи меъёрии ҳуқуқии фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, низомномаҳо, оинномаҳо, дастурамалҳое, ки ҷанбаҳои алоҳидаи фаъолияти методии китбхонаҳоро танзим менамоянд, ташкил медиҳанд.
   «Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» барои ташаккул, татбиқи амалию самарабахши сиёсати китобдорӣ дар мамлакат заминаҳои боз ҳам устувортари ҳуқуқӣ фароҳам овард, ки онҳо ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мебошанд.
   Дар санади мазкур ҳуқуқи шаҳрвандон дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои истифодабарандагони китобхонаҳо, вазифа ва ҳуқуқҳои китобхонаҳо, масъалаҳои танзими ҳуқуқии фаъолияти онҳо, инчунин принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи китобдорӣ муайян карда шудаанд.