Намоишгоҳи ХIII байналмилалии «Китоби Душанбе» 20-22 октябри соли 2025

  Санаи 20 октябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Намоишгоҳи ХIII байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор гардид, ки кормандони Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон» фаъолона ширкат варзиданд. Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» аз соли 2010 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун анъанаи солона баргузор мегардад ва яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои фарҳангии кишвар ба шумор меравад. Чорабинӣ ба таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва табодули таҷрибаи ноширон, муаллифон ва муҳаққиқон мусоидат намуда, саҳми назаррас дар рушди маърифату китобхонӣ дорад.

  Дар маросим Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сатториён Матлубахон Амонзода бо суханронии ифтитоҳӣ баромад намуда, китобро “рамзи дониш, маърифат ва воситаи робитаи фарҳангии миллатҳо” номид. Ӯ таъкид кард, ки таваҷҷуҳ ба китоб нишондиҳандаи сатҳи маданияти миллат буда, Намоишгоҳ минбари муҳими муколамаи фарҳангҳо ва муаррифии дастовардҳои адабӣ мебошад.

  Дар Намоишгоҳ ноширон ва намояндагони фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Туркманистон ширкат доранд.