Яке аз самтҳои муҳими кори бойгонидорӣ ин мавриди истифода қарор додани ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ба шумор меравад. Барои мавриди истифода қарор додани ҳуҷҷатҳои дар бойгониҳо нигоҳдоришаванда роҳҳо ва шаклҳои истифодабарӣ арзи вуҷуд дорад. Ин усулҳо имконият медиҳад, ки иттилооти дар ҳуҷҷатҳо мавҷуд буда, ба гардиши бевоситаи илмӣ ворид карда шаванд ва дастраси бевоситаи ҷомеа ва доираи муайяни хонандагону таҳқиқотчиён гардад.
Бойгониҳои давлатии Тоҷикистон ҳамчун махзани асосии ҳуҷҷатҳои дорои аҳамияти илмӣ ва таърихидошта ба шумор меравад. Истифодаи бевоситаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ дар асоси маълумотномаҳои бойгонӣ ба амал бароварда мешавад. Вобаста ба ин тайёр ва нашр намудани маълумотномаҳо ба ҳуҷҷатҳои бойгонӣ яке самтҳои фаъолияти нашриявии бойгониҳои давлатӣ ба шумор меравад. Зеро, ки маҳз дар асоси маълумотномаҳои бойгонӣ бо мазмун мундариҷа, ҳаҷм ва ҷои ҷойгиршавии хазинаҳои бойгонӣ маълум мегардад. Вобаста ба ин таҳқиқотчӣ самтгирии худро нисбати ҳуҷҷатҳои лозимӣ ба амал бароварда метавонад.
Бойгонӣ ҳамчун муассисае ба шумор меравад, ки ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгониро ба амал мебарорад. Истифодабарии ҳуҷҷатҳо ин воситаи асосие ба шумор меравад, ки дар асоси он ба ҳуҷҷатҳои бойгонӣ аз нав идома меёбанд. Дар давоми фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданию фарҳангии худ, инсоният маҷмӯи ҳуҷҷатҳоеро ба вуҷуд меорад, ки онҳо ҳамчун инъикосгари бевоситаи фаъолияти онҳо мегардад. Зарурати мавриди истифода қарор гирифтани ҳуҷҷатҳои бойгонӣ аз он иборат аст, ки новобаста аз он ки давлат аз ҷиҳати сохти сиёсӣ ва иҷтимоӣ чи гуна ҳаёт ё вай аз таҷрибаи гузаштаи худ ба таври васеъ истифода бурда тавонад. Таҷрибаи гузаштаи сохти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ имконият медихад, ки мо сохти имрӯзаи ҷамъиятиро ба як доираи муайяни идоракунии иқтисодӣ иҷтимоӣ ва сиёсӣ оварда расонем.
Истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ҳамчун далели асосии ба вуқуъ пайвастани ҳодисаҳои дар замони гузашта мебошанд ва дар асоси онҳо тамоми муаррихон нисбати марҳилаҳои гуногуни таърихи тадқиқотҳо гузаронида ба насли имрӯза оиди тарзи зиндагӣ ва ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании он давра, таҳлилҳои илмии худро пешниҳод менамоянд. Ҷиҳати аз ҳама муҳим дар кори бойгонӣ ин пеш аз ҳама таъмини нигоҳдорӣ ва истифодаи мавоҳои хаттӣ мебошад, ки дар сатҳ дар даврони Шуравӣ як қатор муваффақиятҳои назаррас ба даст оварда шуд. Ёдгориҳои аз тарафи давлат ҳимоя мегарданд, барои дастраси мардум гардидан, тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Дар ин кор пеш аз ҳама саҳми шуъбаҳои дастхатҳои институтҳои шарқшиносиро қайд кардан зарур аст, ки онҳо омӯзиши ёдгориҳои хаттиро ба роҳ монда, маводҳоро аз нав дома мебахшад.
Дар доираи муқаррароти қонун, бойгонӣ ҳуқуқи ба амал баровардани соҳибӣ, истифода ва идоракунии қисмати ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонӣ миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи доимӣ дар реҷаи посбонӣ ва истифода бо таъмини бутунии маҷмӯи ҳуҷҷатҳои ба таври таърихӣ ташаккулёфта ва дастрасии онҳо барои истифода барандаро дорад. Бо ин мақсад бойгонӣ дар асоси принсипҳои ягонаи илмӣ-методӣ таъмини ҳифзи ҳуҷҷатҳои қабул карда, комплект кардан ва ҳисобрасии ҳуҷҷатҳои мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ ва дигар муассисаҳо, шахсони воқеӣ, таъмини шароитҳои истифодаи ҳуҷҷатҳо барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, хизматрасонии иттилоотии мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии маҳалӣ, қонеъ гардонидани талаботҳо ва ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, инчунин истифодаи мустақилонаи ҳуҷҷатҳоро ба манфиати шаҳрвандон, ҷомеа ва давлат ба амал мебарорад.
Бойгонии давлатӣ ҳамчун соҳаи фаъолияти давлатӣ нигаҳдорӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои дорои аҳамияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ доштаро, ба амал бароварда, функсияҳои зайлро иҷро менамояд:
Комплект кардан бойгонӣ бо ҳуҷҷатҳо аз рӯи хазина (пуркунии хазина); Комплект кардани бойгонӣ ин мутобиқи соҳаҳо мунтаъзам пур кардани бойгонӣ бо ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллӣ буда, он тибқи усулҳои мансубияти ҳуҷҷатҳо ба таркиби Хазинаи бойгонии миллӣ, риояи ҳуқуқҳои моликиятдорӣ ба ҳуҷҷатҳо, баромад ва мансубияти ҳудудии ҳуҷҷатҳо, тақсимнопазирии хазинаҳо ба амал бароварда мешаванд. Баъди ба охир расидани мӯҳлати нигаҳдории муваққатии идоравӣ дар бойгонии хазинаофаранда маводҳои мансуби ХБМ ба таври ҳатмӣ барои нигаҳдории доимӣ ба Бойгонии давлатӣ супорида мешаванд.
Ҳуҷҷатҳои мансуб ба нигаҳдории давлатӣ ба бойгониҳои давлатӣ ба тариқи зайл баъди ба охир расидани мӯҳлатҳои ниҳоии нигоҳдории идоравӣ супорида мешаванд:1 мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ -15 сол; мақомотҳои иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, судҳои вилоятӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо, корхонаҳои тобеъи вилоят, тобеъи шаҳр, судҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ-10 сол; сабтҳои ҳолати шаҳрвандӣ, ҳуҷҷатҳо оид ба ҳайати шахсӣ, сабтҳои амалҳои ноториалӣ ва парвандаҳои судӣ–75 сол; ҳуҷҷатгузориҳои илмӣ-техникӣ- то ба охир расидани истифодаи амалӣ вале на зиёда аз 25 сол; ҳуҷҷатҳои аудиовизуалӣ–3 сол; ҳуҷҷатгузориҳои хониши мошинӣ–5сол.
Ба ҳисобгирии ҳуҷҷатҳои дар бойгони маҳфӯз буда, давра ба давра гузаронидани санҷиши ҳуҷҷатҳо, ба ҳисобгирии ҳуҷҷатҳо дар муассисаҳо-сарчашмаи комплект кардани бойгониҳо;
Баҳисобгирии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ воситаи асосии муқаррар кардани шумораи онҳо, инъикоси ин шумора дар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии бойгонӣ ва мақомотҳои бойгонӣ ба шумор меравад. Баҳисобгирӣ аз марҳалаҳои зайл иборат мешавад: баҳисобгирии шумораи ҳуҷҷатҳо дар бойгонӣ; бақайдгирии маълумотҳо оиди шумораи ҳуҷҷатҳо дар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии «дохили» -и бойгонӣ; дар асоси онҳо пур кардани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии марказиятноки давлатӣ, ки ба Саридораи бойгонӣ аз бойгониҳоидавлатии ҷумҳурӣ равон карда мешаванд; дар Саридораи бойгонӣ тартиб додани ҳуҷҷатҳои ҷамъбастии баҳисобгирии марказиятноки давлатӣ. Марказонии корҳои бойгонӣ ҳамчун заминаи асосии баҳисобгирии марказиятноки ҳуҷҷатҳо ба шумор рафта, талаботҳои ягонаро ба маълумотҳои баҳисобгирӣ ва услубу шаклҳои ягонаи ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ муқаррар кардааст.
Таркиб ва ҳаҷми қариб ҳар як маҷмӯи ҳуҷҷатҳо (алалхусус, маҷмӯҳои таркиби маводҳои муассисаҳои амалкунанда) устувор набуда, вобаста ба масъалаҳои қабул, супоридан, барои несткунӣ ҷудо кардани маводҳо ва монади ин таъғир меёбанд. Ин аз сохтори баҳисобгирӣ пайдарҳамии инъикоси таъҷилии ҳамаи таъғиротҳои дар ҳаҷму таркиби ҳуҷҷатҳо ба амал омадаро талаб менамояд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» ташаккул, ташкил, нигаҳдорӣ, ҳисобрасӣ, истифодаи хазинаҳои бойгонӣ, идоракунии бойгониҳо бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуҷҷатҳо ва истифодаи васеъи он ба манфиати шаҳрвандон, ҷомеа ва давлат, ба танзим медарорад.
Коргузори МД “Хонаи китоби Тоҷикистон”
Тағоева Соҷида







