Феҳристи библиографии давлатӣ «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» – манбаи универсалии иттилоотии ҷории библиографӣ, ягона нашрияе маҳсуб меёбад, ки манбаи нодири маълумот дар бораи осори чопӣ ва қариб тамоми нашрияҳои дар кишвар батабърасида мебошад, иттилооти наву ҷолибро оид ба китобҳои тозанашр, мақолаҳои маҷаллаҳо, мақолаҳои рӯзномаҳо ва дигар маводи чопии кишвар интишор карда, дастрасии хонандагони ватаниро ба он таъмин менамояд.
«Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар як сол чор маротиба интишор мегардад. Тасвири библиографии китобҳо, мақолаҳои маҷаллаҳо, мақолаҳои рӯзномаҳо ва дигар маводи чопии кишвар дар асоси ГОСТ 7.1–2003 «Сабти библиографӣ. Тасвири библиографӣ. Талаботи умумӣ ва қоидаҳои мураттабсозӣ» (М., 2008) тартиб дода мешавад. Тасвирҳои библиографии асарҳои чопӣ ба забони аслӣ (тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ) дода мешавад, дар дохили фаслҳои таснифшуда бо тартиби алифбоӣ, аввал тоҷикӣ, баъдан русӣ ва ӯзбекӣ ҷобаҷо гузошта мешаванд.
Соли 2015 маъмурияти муассиса қарор дод, ки сохтори «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар 10 шуъбаи асосие, ки дар Таснифоти даҳгонаи универсалӣ (ТДУ) дода шудааст, бетағйир истифода гардад. Ҳамзамон, дар нашрияи мазкур аз соли 2016 инҷониб ТДУ истифода мегардад, ки он пажуҳиши маводи заруриро осон мегардонад ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ аст. Библиографони муассиса ҳангоми гирдоварии маводи интишоргардида метавонанд ин ё он қисматҳои ТДУ-ро (дар ҳолати набудани мавод доир ба мавзуи додашуда) ихтисор намоянд ва ё дар мавриди пайдо шудани мавод дар бароришҳои оянда онро илова намоянд ва самаранок истифода баранд.
«Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон». – 2025. – №1-3», ки аз 440 саҳифа иборат мебошад, роҷеъ ба нашри маводҳои чопии дар семоҳаи якуми соли 2025 дар ҷумҳурӣ батабърасида маълумот медиҳад.
Барориши аввали соли 2025 аз муқаддима оғоз гардида, фасли якум – «Солномаи китобҳо» (257 китобу ҷузваҳо ва 2 нишондиҳандаҳои ёрирасон ба забони тоҷикӣ ва русӣ – «Феҳристи номҳо»), фасли дуюм зери унвони «Авторефератҳои диссертатсияҳо» (115 адад авторефератҳои диссертатсияҳо ва 2 нишондиҳандаҳои ёрирасон ба забони тоҷикӣ ва русӣ – «Феҳристи номҳо») ворид карда шудааст. Авторефератҳои диссертатсияҳо бо ду забон аз рӯйи ихтисос, аз рӯйи дарёфти дараҷаи илмии довталаб ва аз рӯйи соҳаҳои дониш тасвир меёбанд. Фасли сеюм таҳти унвони «Солномаи мақолаҳои маҷаллаҳо» 721 адад тасвири библиографии мақолаҳои маҷаллаҳо оид ба самтҳои гуногунро фаро гирифта, бо нишондиҳандаҳои ёрирасони «Феҳристи номҳо» (ба забони тоҷикӣ ва русӣ) ва «Рӯйхати маҷаллаҳое, ки маводи таҳия намудаашон дар фасли «Солномаи мақолаҳои маҷаллаҳо». – 2025. – №1-3» инъикос ёфтаанд» (ба забони тоҷикӣ ва русӣ якҷоя) ҷойгир карда шудааст. Муаллифоне, ки маводҳояшон дар саҳифаҳои маҷаллаҳои гуногун бо як сарлавҳа ба нашр мерасанд, навиштаҷоти библиографӣ зери як тасвир бо нишон додани ҳамаи манбаъҳои интишорӣ номнавис мешаванд.
Фасли чорум – «Солномаи мақолаҳои рӯзномаҳо» 2214 мақоларо дар бар гирифта, бо 2 нишондиҳандаҳои ёрирасони «Феҳристи номҳо» (ба забони тоҷикӣ ва русӣ) ва «Рӯйхати рӯзномаҳое, ки маводи таҳия намудаашон дар фасли «Солномаи мақолаҳои рӯзномаҳо» №1-3 инъикос ёфтаанд» (ба забони тоҷикӣ ва русӣ якҷоя) муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Агар ҳама нашрҳои матни як суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти сарлавҳаи ягона нашр шуда бошанд, навиштаҷоти библиографӣ зери як тасвир бо нишон додани ҳамаи манбаъҳои интишорӣ номнавис мешаванд. Вақте ки ҳама нашрҳои матни як суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарлавҳаҳои гуногун нашр шуда бошанд, дар навиштаҷоти библиографӣ унвони ҳар як сарлавҳа дар алоҳидагӣ инъикос меёбад. Инчунин, дар мавриди дигар нафароне, ки маводҳояшон дар саҳифаҳои рӯзномаҳои гуногун бо як сарлавҳа ба нашр мерасанд, навиштаҷоти библиографӣ зери як тасвир бо нишон додани ҳамаи манбаъҳои интишорӣ номнавис мешаванд.
Ҳамзамон дар ин нашр ҷадвалҳои оморӣ зери унвонҳои «Воридоти нусхаҳои ҳатмӣ-назоратии осори нашрӣ дар ҶТ дар соли 2024», «Нашри китобу ҷузва» (1770 китобу ҷузва), «Нашри китобу ҷузва аз рӯйи забонҳо», «Нашри китобу ҷузва аз рӯйи мавзуъ», «Нашри китоб дар ҷумҳурӣ (вилоятҳо)», «Нашри маҷаллаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024» (78 номгӯй), «Нашри маҷаллаҳо аз рӯи забонҳо дар соли 2024», «Нашри рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ дар соли 2024» (4 номгӯй), «Нашри рӯзномаҳои вилоятӣ дар соли 2024» (17 номгӯй), «Нашри рӯзномаҳои шаҳрӣ дар соли 2024» (37 номгӯй), «Нашри рӯзномаҳои ноҳиявӣ дар соли 2024» (58 номгӯй), «Нашри рӯзномаҳои ҳизбҳо, созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соли 2024» (92 номгӯй), «Нашри рӯзномаҳои хусусӣ дар соли 2024» (92 номгӯй), «Нашри рӯзномаҳо аз рӯйи забон дар соли 2024» ва дар хотима «Феҳристи сарлавҳаҳои муваққатӣ» ба забони тоҷикӣ ва русӣ якҷоя (11 сарлавҳаҳои муваққатӣ), «Номҳои ихтисоршудаи муассисаҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Феҳристи фаслҳои солнома» ва «Мундариҷа» ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дода шудааст.
Тавре ки дар боло зикр гардид, ҳар як фасли «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо 2 нишондиҳандаҳои ёрирасон ба забони тоҷикӣ ва русӣ – «Феҳристи номҳо» таъмин карда мешавад. «Феҳристи номҳо» яке аз намудҳои паҳншудатарини қисмати ёрирасони дастурҳо ба шумор меравад, барои ҳарчи зудтар пайдо намудани мавод аз дохили феҳристи библиографии давлатӣ кӯмак мерасонад. Яке аз қисматҳои муҳими фаъолияти библиографон дар раванди омоданамоии «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ин муҷаҳҳазнамоии феҳристи мазкур бо нишондиҳандаҳои ёрирасон ба шумор меравад. Дар охири ҳар фасли солнома «Феҳристи номҳо» ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ва ба таври алифбоӣ нишон дода мешаванд. Дар он ному насаби онҳое зикр меёбад, ки дар эҷоди асари нашршуда ба сифати муаллиф, мураттиб, муҳаррир, тарҷумон, таҳиягар, мусоҳиб, рассом ширкат варзидаанд. Ҳангоми тартиб додани «Феҳристи номҳо» агар шахсони дар тасвирҳои библиографӣ зикрёфта ҳамному ҳамнасаб бошанд, зери як ном қайд карда мешаванд. Рақамҳои тартибии маводи инъикосгашта дар радифи номи муаллифон дода мешаванд, ки он пажуҳиши сарчашмаи заруриро осон мегардонад. Агар дар феҳристи зикршуда рақами ном дар қавси чоркунҷа [ ] гирифта шуда бошад, ин маънои онро дорад, ки вай на асари муаллиф, балки дар бораи ӯ маълумот дода шудааст.
Дар маълумоти омории нашри китоб ва матбуоти даврӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 чунин далелҳо қайд шудаанд: дар ҷумҳурӣ 1665 адад китобҳо, 105 адад ҷузваҳо, 457 адад авторефератҳои диссертатсияҳо, 78 номгуй маҷаллаҳо, 235 номгуй рӯзномаҳо ва 1 бюллетен аз нашр баромаданд. Ҳангоми таҳлили маълумоти омории Хонаи китоби Тоҷикистон оид ба ноширони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 муайян шуд, ки 124 адад нашриёт, матбаа ва чопхона дар пурра гардонии фонди Бойгонии матбуоти Хонаи китоби Тоҷикистон саҳми худро гузоштанд.
Дар сарлавҳаҳои муваққатӣ зери унвонҳои «Андешаҳо оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ» – 214 тасвири библиографӣ, «Ба ифтихори Ҷашни Сада» – 59 тасвири библиографӣ, «Ба ифтихори Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ» – 142 тасвири библиографӣ, «Ба ифтихори Рӯзи Модар» – 109 тасвири библиографӣ, «Шеърҳо ба ифтихори Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ» – 14 тасвири библиографӣ, «Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик» – 25 тасвири библиографӣ, «Бахшида ба 100-солагии рӯзномаи «Ҷумҳурият» – 62 тасвири библиографӣ, «Интихоботи вакилони халқ – 2025» – 88 тасвири библиографӣ, «Ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» – 80 тасвири библиографӣ, «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» – 33 тасвири библиографӣ, «Андешаҳо оид ба қабули Қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» – 10 тасвири библиографӣ инъикос шудаст.
Феҳристи библиографии давлатӣ бештар дар фаъолияти илмӣ-тадқиқотии олимон ва муҳаққиқон, омӯзгорон ва донишҷӯён ва беш аз ҳама дар фаъолияти ҳамарӯзаи китобхонаҳо мавриди истифода қарор мегирад.
Дар асоси нақшаи кории Шуъбаи библиографияи давлатии МД «АМСБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон» нашри «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамагӣ дар давоми соли 2025 иборат аз 4 барориш дастраси хонандагон гардонида мешавад. Бароришҳои №1-3, №4-6, №7-9, №10-12 дар ҳар семоҳа дар як нашри алоҳида ба табъ мерасанд ва адади нашри ҳар як барориши он ба 200 нусха мерасад.
ТИТОВА Оксана Владимировна
мудири шуъбаи библиографияи давлатии
МД “Хонаи китоби Тоҷикистон”







