Конференсияро директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмиллалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон», доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва китобшиносӣ Зафари Шариф ҳусни оғоз бахшида, ба устодону донишҷӯён дар кори конференсия муваффақият таманно намуд. Ҳамчунин, ӯ дар мавзуи “Роҳандозии технологияи инноватсионӣ дар раванди таълими китобдорӣ” маъруза намуд. Инчунин, оид ба моҳият ва баргузории Ҳафтаи илм, таъсиси филиали кафедра дар Хонаи китоби Тоҷикистон, инноватсияи китобдорӣ, рақамигардонии осори нашрӣ дар замони муосир, ҷалби омӯзгорону донишҷӯён ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибаомӯзӣ дар Хонаи китоб, ки имрӯз бо технологияи нави соҳавӣ муҷаҳҳаз аст, ибрози андеша намуд.
Сипас сухан ба мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ, дотсент Гадобег Маҳмудов дода шуд. Мавсуф дар доираи мавзуи “Марҳилаҳои таъсиси китобхонаиҳои электронӣ: вазъ ва мушкилот” масоили мубрами соҳаи китобдориро мавриди баррасӣ қарор дода, китобхонаҳои электрониро зарур ва талаби замони муосир арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, донишҷӯёнро ба омӯхтани технологияи нави соҳаи китобдорӣ ташвиқу ҳидоят намуд.
Декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ, муаллими калон Шариф Наботов дар мавзуи «Китобхона ва ташаккули фарҳанги хониши оилавӣ» андешаҳои судманд ироа намуда, қайд намуд, ки кӯдакону навҷавонон ба аъмоли волидайн тақлид менамоянд, агар падару модар китобхону китобдӯст бошанд, ҳатман фарзандон ба онҳо тақлиду пайравӣ менамоянд.
Муаллими кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ, номзади илмҳои филологӣ Муҳаммаднабӣ Баёнӣ дар мавзуи “Нақши китоб дар ташаккули шахсият” суханронӣ намуд. Мавсуф аз бузургони илму адаб мушаххасан мисол оварданд, ки аз мутолиаи осори дигар шахсиятҳо ба таҳаввулоти фикрӣ расиданд. Ӯ зикр намуд, ки шахсиятҳои бузурги илму адаб бо осори адабӣ, тадқиқот ё кашфиёти худ, дигар шахсиятҳои илму адабро мафтун кардаанд. Аз ҷумла, “Шоҳномаи”-и безаволи Фирдавсӣ яке аз асарҳое дар љаҳон мебошад, ки ба садҳо нафар илҳом ва садҳо андешаро ба таҳрик овардааст.
Сипас сухан ба муаллими кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ Ҳуснофарин Ҷамолова дар мавзуи “Салоҳияти касбии китобдори муосир” дода шуд. Номбурда зикр намуд, ки муваффақияти аввалиндараҷаи китобхонаҳо аз донишу малакаи баланди касбӣ ва техникии кормандони китобхонаҳо вобастааст. Бинобар ин, кормандони китобхонаҳо бояд салоҳияти касбии худро донанд ва иҷро намоянд.
Ҳамзамон, дар конференсия омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедра маърузаҳои омода намудаи илмии худро пешниҳод намуданд. Аз ҷумла: муаллими калони кафедра Раҷабова Н. дар мавзуи «Нақши менеҷмент дар ташаккул ва рушди фаъолияти китобдорӣ», муаллими калони кафедра —Равшанова Н. дар мавзуи «Зарурати таъсиси марказҳои омодасозии кадрҳои китобдорӣ дар Тоҷикистон», магистрантон Абдуллоева З. дар мавзуи «Ҷойгоҳи библиографияи кишваршиносӣ дар фаъолияти китобхонаҳои вилоятӣ дар тарғиби сайёҳӣ», Саидова У. дар мавзуи «Таъсиси китобхонаи электронӣ – тақозои даврони истиқлолият», донишҷӯён Навбуҳорова Ф. дар мавзуи «Махсусияти созмондиҳии дастгоҳи маълумотӣ-библиографӣ дар китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ», Назарова М. дар мавзуи «Аҳаммияти китобхона дар ҷомеаи муосир», Шарипова Ш. дар мавзуи «Равандҳои асосии идоракунии фонди китобхонаҳои давлатӣ – оммавӣ: вазъ ва тамоюли рушд», Саидзода Р. дар мавзуи «Арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ тавассути китоб» баромад намуданд.
Конференсия бо пешниҳоди саволҳо ва ҷавобҳои мушаххаси илмӣ, инчунин мубодилаи афкор вобаста ба самтҳои китобу китобдорӣ ва технологияи нави соҳаи китобдорӣ ба анҷом расид.
Дар охир омӯзгорон, магистрантону донишҷӯён ва дигар иштирокчиёни конференсия аз бахшу шуъбаҳо ва дастовардҳои МД «Хонаи китоби Тоҷикистон» дидан намуданд.
Азизов САЙОБИД, муовини Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобшинос”-и МД “Хонаи китоби Тоҷикистон”.







