МАҚОМ ВА МУҲИММИЯТИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ХОНАИ КИТОБИ ТОҶИКИСТОН» ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Зафари Шариф, директори МД «АМ СБРСК –
Хонаи китоби Тоҷикистон»‎, доктори фалсафа
(PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси китобхонашиносӣ,
библиографишиносӣ ва китобшиносӣ,
Муҳаммаднабӣ Баёнӣ, муовини директори
МД «АМ СБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон»,
номзади илмҳои филологӣ.

 

   Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» аз соли 1935 то ба имрӯз, яъне дар тули 91 соли мавҷудияташ дар ҳифзи таъриху фарҳанги миллат саҳми арзанда гузошта, то имрӯз барои ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигаҳдории китобу матбуоти даврӣ нақши бениҳоят калон гузоштаистодааст.
   Агарчи МД «Хонаи китоби Тоҷикистон» дар даврони Шуравӣ таъсис ёфта бошад ҳам, пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ фаъолияташ идома ёфта, дар даврони истиқлолият самтҳои фаъолияташ ба Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мувофиқ кунонида шуд. Дар замони соҳибистиқлолӣ низ мақсаду вазифаҳои муҳимро ба дӯш дошта, ҳамчун махзани нодири миллӣ барои олимону пажуҳишгарон ва муҳаққиқони соҳаҳои гуногун хизмат намуда, бойгонии он мероси маънавии миллат ба шумор меравад.
   Соли 2005 кишвари мо расман ба узвияти Созмони ҷаҳонии Рақамгузории стандарти байналмилалии китоб – ISBN пазируфта шуд. Бо ташаббус, дастгирӣ ва боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмоммалӣ Раҳмон иҷрои талаботҳои Рақамгузории стандарти байналмилалии китоб – ISBN ба души Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» вогузор гардид. Аз ҷумла, ҷиҳати риояи талаботу муқаррароти ин созмони бонуфуз, инчунин иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти табъу нашр тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №239 аз 02.07.2005 «Палатаи давлатии китоб» ба Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» табдил дода шуд, ки миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муррафӣ менамояд. Дар ин радиф масъулияти муассиса боз ҳам зиёдтар ва самтҳои фаъолияти он хеле васеъ гардид.
  Бояд тазаккур дод, ки самтҳои фаъолияти МД «Хонаи китоби Тоҷикистон» аз китобхонаҳо ба куллӣ фарқ мекунад ва ҳамзамон вазифаву уҳдадориҳояш бештар барои садсолаҳо нигаронида шудааст. Ҳамин аст, ки пажуҳишгароне, ки таърихи МД «Хонаи китоби Тоҷикистон»-ро таҳқиқ кардаанд ба он унвони «ҳифзкунандаи таърих ва фарҳанги миллӣ»-ро додаанд. Воқеан, ин унвон дуруст аст, зеро рисолати китобхонаҳо ҳифзкунӣ набуда, маводи китобхонаҳо (китоб, рӯнома, маҷалла ва ғайра) дар натиҷаи истифодаи ҳамешагӣ аз ҷониби хонандагон куҳнаву фарсуда ва нобуд мегарданд. Аммо «Хонаи китоби Тоҷикистон» маводи чопии дар ҳудуди ҷумҳурӣ нашршударо чун гавҳараки чашм ҳифз менамояд.
   Имрӯз дар «Хонаи китоби Тоҷикистон» аз соли 1922 китоб (Мифтоҳ-ут-таълим) ва аз соли 1910 рӯзнома (Раҳмим) нигоҳдорӣ карда мешавад. Яъне осори махзани МД «Хонаи китоби Тоҷикистон» таърихи зиёда аз 100 соларо доро мебошанд.
    Яке аз дастовардҳои бузурги муассиса дар самти автоматикунонии раванди фаъолияти корӣ бо дастгоҳҳои зудкори нусхабардорӣ таъмин гардидани муассиса мебошад. Инчунин, дар соли 2025 4-дад дастгоҳи баландсуръати нусхабардорӣ вориди муассиса шуд, ки ду адад барои чопи китоб, як адад барои чопи рӯзнома ва як адади он барои чопи маҷаллаҳо пешбинӣ гардидааст. Феълан фаъолияти муассиса ба талаботи замони муосир мутобиқ буда, имрӯз муассиса бо компютерҳои насли нав ва дастгоҳҳои нусхабардории баландиқтидори «ABC-SCAN», «ЭларСкан» муҷаҳҳаз буда, тавассути ин дастгоҳҳо рақамигардонии бойгонии муассиса ба роҳ монда шудааст.
   Раҳбарияти муассиса бо ҷалби мутахассисони технологияи муосир мақсад гузоштаанд, ки марҳила ба марҳила бойгонии муассисаро дар шакли ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ, рақамӣ гардонанд. Тибқи нақшаи дурнамои муассиса бойгонии матбуот низ тариқи таҷҳизоти мазкур ва дигар роҳҳо электронӣ карда шуда, ба воситаи сомонаи муассиса дастраси омма гардонида мешавад. Рақамигардонии бойгонии муассиса аз як ҷиҳат дастрасӣ ба осори нодири солҳои гузаштаро осон гардонад, аз дигар ҷиҳат бойгониро аз зуҳуроти манфӣ эмин нигоҳ медорад. Инчунин, аз нусхаҳои электронии маҳфузбуда, метавон дар оянда саҳифаҳои фарсудашудаву даридаро дар қоғаз нусхабардорӣ карда, дубора бойгониро барқарор намоем. Масалан, имрӯз аксари муҳаққиқони таърихи матбуоти тоҷик, ки оид ба нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф» ки сароғози матбуоти тоҷик буда, нахустшуморааш 11-уми марти соли 1912 ба табъ расидааст, пажуҳиш анҷом медиҳанд, аз нусхаи электронии ин рӯзнома истифода менамоянд, зеро то ҳол нусхаҳои аслӣ рӯзнома пурра дар Тоҷикистон мавҷуд нест. Имрӯз дар бойгонии рақамии «Хонаи китоби Тоҷикистон» 150 нусхаи электронии аввалин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» ва 91 нусха маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» мавҷуд аст, ки аз онҳо муҳаққиқону таърихнигорон ва олимони соҳаи журналистика дар таҳқиқотҳои худ истифода менамоянд. Агар бастаҳои рӯзномаи «Раҳмим», нусхаҳои электронии «Бухорои шариф» ва «Шуълаи инқилоб»-и бойгонии рақамии муассисаро ба инобат гирем. Матбуоти бойгонии муассисаро метавон ба се давра тақсим намуд:
   – Матбуоти қабл аз Иттиҳоди Шуравӣ;
   – Матбуоти даврони Иттиҳоди Шуравӣ;
   – Матбуоти замони Истиқлол.
   Нақши Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таълим ва бозомузии кадрҳои соҳаи китобдорӣ низ назаррас аст. Моҳи марти соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» филиали кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» ифтитоҳ гардид. Мақсад аз ифтитоҳи филиали кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ дар он аст, ки кормандони китобхонаҳои кишвар, донишҷӯёни соҳаи китобдорӣ ва табъу нашр дар рафти дарсҳо ва таҷрибаомӯзиҳо аз технологияи нави соҳавӣ, ки талаби замони муосир аст, бархӯрдор гардида, бо донишу ҷаҳонбинии васеъ дар оянда барои пешрафти соҳаи китобдорӣ дар ҷумҳурӣ саҳми худро гузоранд.
   Барои нигоҳдошт ва ҳифзи китоб ва матбуоти даврӣ имрӯз нақши «Хонаи китоби Тоҷикистон» басо муҳим ва калидӣ дониста мешавад. Зеро имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ниҳодҳои маҳфуздорандаи маводи чопӣ «Хонаи китоби Тоҷикистон» фаъолияти босамар дорад.
Илова бар ин, Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» чунин аҳаммияти муҳимми илмию таърихӣ дорад:
  1. МД «Хонаи китоби Тоҷикистон» ҳамчун маркази бойгонии маҳсулоти чопии миллӣ ба шумор рафта, тамоми маҳсулоти чопии кишварро ба қайд гирифта ва онҳоро барои истифодаи наслҳои оянда ба таври доимӣ нигоҳ медорад;
  2. Ғайр аз МД «Хонаи китоби Тоҷикистон» салоҳияти нигоҳдории осори илмию адабии дар дохили ҷумҳури мунташиршударо ягон муассисаи дигар надорад;
  3. Муассиса ҳамчун маркази библиографияи давлатӣ ба библиографиякунонии осори нашрии дар дохили ҷумҳурӣ нашршуда машғул мебошад ва ба воситаи дастури библиографии «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Китобҳои ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тарғибу ташвиқи китобу китобдорӣ машғул мебошад;
  4. Муассиса ягона маркази омори табъу нашр буда, ҳамасола тибқи Оинномаи муассиса омори табъу нашри ҷумҳурӣ ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад;
  5. Маводе, ки тули зиёда аз сад сол дар ҷумҳурӣ интишор гардидаанд дар муассиса нигоҳдорӣ карда мешаванд, ки аҳаммияти баланди илмӣ-таърихӣ доранд;
  6. Китобҳои махзанҳои «Хонаи китоби Тоҷикистон» масоили иқтисодӣ, сиёсӣ, техникӣ, технологӣ, адабиёт, санъат, педагогика, тиб, астраномия, кишоварзӣ ва ғайраро дар бар гирифта, дар доираи осори муассиса метавон даҳҳо лоиҳа ва рисолаҳои илмӣ доир ба соҳаҳои мухталиф таълиф намуд;
  7. Баъзе сарчашмаҳое дар МД «Хонаи китоби Тоҷикистон» нигоҳдорӣ мешаванд, ки дар китобхонаҳо ва бойгониҳои ҷумҳурӣ мавҷуд нестанд ва маҳз бо шарофати нигоҳдории ҳирфаии Хонаи китоби Тоҷикистон то ба имрӯз расидаанд;
  8. Барои донишҷӯён, магистрантон, аспирантону докторантони соҳаи китобхонашиносӣ ва бойгонишиносӣ ҳамчун базаи таълимиву таҷрибавӣ бо дастгоҳи маълумотдиҳии библиографӣ ва технологияи нави муосири инноватсионӣ муҷаҳҳаз мебошад;
  9. Айни замон Хонаи китоби Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ се рисолати асосиро иҷро менамояд; а) Маркази биюблиографияи давлатӣ; б) Рақамгузории стандарти байналмилалии китоб – ISBN в) Нигоҳдории китобу матбуоти даврии дар дохили ҷумҳурӣ нашргардида, яъне махзани нодири миллӣ аст;
  10. МД «Хонаи китоби Тоҷикистон» тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгӯйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо» ва маъмурияти таъинотиаш гирандаи нусхаи ҳатмии ройгони маҳсулоти чопӣ буда, тамоми муассисаҳои табъу нашри ҷумҳурӣ новобаста аз тарзи моликиаташон маҳсулоти интишор намудаашонро бо теъдоди 3 нусха дар муҳлати 10 рӯзи баъди чоп ба муассиса ирсол менамоянд;
  11. Таҳқиқотҳои библиографӣ ва илмии муассиса ҳар сол дар феҳристи библиографии давлатии «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», китобҳои «Библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ дар Тоҷикистон», «Тавсифи китобҳо» ва ҳар панҷсола дар феҳристи библиографияи тарҷеии «Китобҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» инъикос меёбанд, ки аз фаъолияти содиқона ва софдилонаи кормандони муассиса дарак дода, аз ҷониби муҳаққиқони соҳа сазовори баҳои баланд гардидаанд;
  12. Беҳтар намудани фаъолияти МД «Хонаи китоби Тоқикистон» ва зиёд кардани воридоти маводи чопӣ хотираи таърихӣ миллатро қавӣ гардонида, сарчашмаҳои ҳифзкунандаи маълумот ба наслҳои оянда дастрас карда мешаванд.
   Маҷмуан, Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» боргоҳест, ки дар махзанҳои худ мероси илмӣ, адабию таърихии миллати тоҷик ва тамаддуни башариро даҳсолаҳо нигоҳ доштаву то ба замони мо расонидааст. Мавҷудият ва рушди фаъолияти он ба манфиати давлату миллат буда, зарур аст, ки он ҳамқадам ба замони муосир садсолаҳо дар ҳифзи осори миллӣ хизмат намояд.