Рӯзи 10-уми декабри соли 2024 ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Китобшинос»-и Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» бо даъвати олимону коршиносон таҳти унвони «30-соли созандагию бунёдкории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид.
Нахуст чорабиниро директори муассиса - Нодирзода Сайзароб ҳусни оғоз бахшида изҳор дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди бузурги сиёсии кишвар ҳанӯз 30-сол муқаддам бо иродат ва ташаббусҳои созандаи Раиси муаззами он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат ворид шуда, орзуву ормонҳои мардуми тоҷикро дар ҷодаи сулҳофарӣ ва ваҳдатсозӣ ҷомаи амал пушонид.
Пас аз суханронии роҳбари муассиса навори кӯтоҳ доир ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба иштирокдорони мизи мудаввар намоиш дода шуд.
Сардори Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдории
«Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филология Муҳаммадиқбол Атозода дар мавзуи «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизби сулҳовар ва созанда» маъруза намуда, зикр намуд, ки ҳамон миллату давлате ба орзуву ормонҳои хеш мерасад, ки роҳбараш хирадпешаву фарҳангпарвар аст. Ҳанӯз дар замони баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид вакилони Иҷлосия дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чеҳраи ояндасози кишварро медиданд. Аз ин рӯ якдилона ба ҷонибдории ин ҷавони нав ба арсаи сиёсат қадамниҳода овоз ва райъи худро барои интихоб ба мақоми Раиси Шурои Олӣ доданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон лаҳзаҳои мушкили сиёсии кишвар, ки касе кафолати имрӯзу фардо зистани худро надошт изҳор намуд, ки «Ман ба Шумо сулҳ меорам».
Вақт исбот намуд, ки Роҳбари давлат ин рисолати таърихиро сарбаландона ба ҷо овард. Арзи ҳасти намудани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бо ҳадафу ниятҳои созанда, барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистон азми қатъӣ дошт, аз ҷониби мардум бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Инак тули 30-сол мешавад, ки ин ҳизби бунёдкори мардумӣ масъулияти бузургеро дар назди халқу миллат ба ҷо оварда, баҳри зиндагии шоиста барои тамоми сокинони кишвар ҷаҳду талош намуда истодааст.
Номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Суҳроб Шарофуддинов дар мавзуи «Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ» маърӯза намуда, иброз дошт, ки: Имсол аз қабул ва ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» дар Тоҷикистон 27-сол сипарӣ мегардад. Ин санади муҳим дар таърихи навини мардуми кишвар яке аз асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад, зеро маҳз ҳамин санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи сокинони он шароити мусоид фароҳам овард.
Дар идомаи суҳбат мавсуф аз лаҳзаҳои пуршебу фарози роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз намуд, ки мардуми кишвар дар интихоби худ ҳеҷ гоҳ хато накард ва имрӯз натиҷаи интихоби дурӯсти мардум аст, ки мову шумо сарбаландона зиндагӣ ва кору фаъолият намуда истодаем.
Дар охири чорабини миёни иштирокдорони мизи мудаввар мубодилаи афкор сурат гирифт.
Муовини директори муассиса номзади илмҳои филологӣ Муҳаммаднабӣ Баёнӣ зикр намуд, ки имрӯз ҳар яки мову шумо масъулем, ки дар атрофи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани ватани азизамон саҳмгузор бошем.
Акбар Абдусамадов мудири шуъбаи Нозироти стандарти нашр ва воридоти нусхаҳои ҳатмии муассиса изҳор намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун падидаи нодири таърихӣ, дар замони соҳибистиқлолии кишвар рӯи кор омада, зиндагиву рӯзгори мардумро бо ҳадафҳои созандаи хеш дигаргун сохт.
Сайобид Азизов муовини раиси ташкилоти ибтидоии «Китобшинос»-и муассиса зикр намуд, ки маҳз бо ташаббус ва иродатмандии Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар ба чор ҳадафи стратегӣ, ки инҳо «Таъмини амнияти озуқаворӣ», «Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ», «Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ» ва «Саноатикунонии босуръати кишвар» мебошанд ноил гардид.
Меҳмонон ва иштирокдорони мизи мудаввар аз намоиши китобӣ, ки фаъолияти сиёсии Раиси муаззами Ҳизб Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бар мегирад, дидан намуданд.







