Бадалов Бадал Каримович (Каримзода Мирзо Бадал) 30-юми сентябри соли 1960 дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнии вилояти Суғд таваллуд шудааст. Номзади илмҳои филология (2001), доктори илмҳои педагогӣ (2022). Солҳои 1982-1984 дар вазифаи муаллими мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №4 ноҳияи Айнӣ, солҳои 1984-1985 муаллим, солҳои 1986-1987 муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ, солҳои 1988-1996 муовини директор оид ба корҳои таълимӣ ва директори мактаби миёнаи №10-и ноҳияи Айнӣ, соли 1997 мутахассиси пешбар, соли 1998 муовини сардори раёсат, солҳои 1999-2010 сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2002-2007 раиси Кумитаи иттифоќи касбаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2007-2009 раиси Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи табъу нашр, саноати полиграфӣ ва матбуоти даврӣ, солҳои 2010-2015 директори генералии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон, солҳои 2015-2016 мутахассиси пешбари раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2016-2017 муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсияи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф, солҳои 2016-2017 ҷонишини директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомии Академияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз 1-уми ноябри соли 2024 то имрӯз дар вазифаи саркотиби илмии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон фаъолият менамояд.







