Шуъбаи нозироти стандарти нашр ва воридоти нусхаҳои ҳатмӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо”, Оинномаи Муассисаи давлатии “Агентии миллии СБРСК- Хонаи китоби Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ мемонад.
Самтҳои асосии фаъолияти шуъба.
- ҷамоварии осори нашрии дар қаламрави ҷумҳурӣ ба табърасида;
- муколама ва робитаи ҳамкорӣ бо тамоми муассисаҳои нашриявӣ новобаста аз шакли фаъолият;
- назорати стандарти нашр ва рақамгузории байналмилалӣ;
- навиштани мақолаҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо оид ба рафти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо”;
- иштирок дар конференсияҳои илмию амалӣ оид ба нашри китоб ва ҳолати кунунии муассисаҳои нашриявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмин намудани осори чопӣ барои нашри “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
- бақайдгирии ҳаррӯзаи воридоти нусхаҳои чопии ба муассиса воридгардида;
- ба анҷом расонидани чорабиниҳо оид ба масоили корҳои санитарию гигиенӣ дар шуъба;
- муоина намудани ҳолати (ташхисӣ) ҳуҷҷатҳои кӯҳнашуда.
Вазифаҳои шуъба
- иртиботи доимӣ бо нашриёту матбааҳо ва ноширон, ҷиҳати ворид намудани нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо ва назорати стандарти нашр;
- анҷом додани ёрии амлию методӣ ба нашриётҳо ва матбааҳои ҷумҳурӣ оид ба саривақт супоридани нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо;
- таҳия ва такмили дастгоҳи маълумотдиҳандаи шуъба;
- таҳияи руйхати китобҳои воридшуда;
- мусоидат дар такмили сатҳи дониши тахассусии кормандони шуъба;
- муваққатан додани ашёи шуъба ба дигар бахшу шуъбаҳои муассиса барои истифодаи муваққатӣ;
- татбиқи нақшаи дурнамои корӣ, иштирок дар санҷиши фонди муассиса ва дигар китобхонаҳои кишвар;
- омӯзиш ва такмили ихтисос;
- риояи интизоми меҳнат дар шуъба;
- таҳияи нақша ва ҳисоботи шуъба;
Айни замон мудири Шуъбаи нозироти стандарти нашр ва воридоти нусхаҳои ҳатмӣ” АБДУСАМАДОВ АКБАР АСКАРХОНОВИЧ мебошад.







