Шуъбаи маълумотдиҳии библиографӣ ва омори матбуот

  Шуъбаи маълумотдиҳии библиографӣ ва омори матбуот аз соли 1935 таъсис фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо”, Оинномаи Муассисаи давлатии “Агентии миллии СБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ мемонад.

 Самтҳои асосии фаъолияти шуъба иборатанд аз:

  • феҳристнамоии осори нашрии дар қаламрави ҷумҳурӣ ба табърасида;
  • таҳлили омор, ҷузъи чопӣ ва забони осори дар дохили ҷумҳурӣ ба табърасида;
  • таҷдиднамоии баргаҳои феҳристҳо;
  • таҳияи репертуари “Китобҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”: феҳристи библиографӣ;
  • ҳамкорӣ намудан бо шуъбаи библиографияи давлатӣ ҷиҳати омоданамоии репертуари “Китобҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
  • ҳамкорӣ намудан бо шуъбаи нусхаҳои ҳатмӣ ва ҳифзи осори нашрӣ ҷиҳати омоданамоии “Омори матбуот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • навиштани мақолаҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо оид ба рафти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо”;
  • иштирок дар конференсияҳои илмию амалӣ оид ба китобу китобдорӣ ва ҳолати кунунии муассисаҳои фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ба анҷом расонидани чорабиниҳо оид ба масоили корҳои санитарию гигенӣ дар шуъба;
  • муоина намудани ҳолати (ташхисӣ) ҳуҷҷатҳои куҳнашуда.

 Вазифаҳои шуъба иборат аст.

  • феҳристнамоии осори нашри дар ҷумҳурӣ батабърасида;
  • таҳияи омори дақиқи осори нашрии дар ҷумҳурӣ батабърасида;
  • таҳия ва такмили дастгоҳи маълумотдиҳандаи шуъба;
  • таҷдиди баргаҳои фарсудагардида;
  • таҳияи феҳристи электронӣ ва мутобиқнамоии фаъолияти шуъба бо техналогии ҷадид;
  • омӯзиш ва такмили ихтисос;
  • риояи интизоми меҳнат дар шуъба;
  • таҳияи нақша ва ҳисоботи шуъба.

Айни замон мудири шуъбаи маълумотдиҳии библиографӣ ва омори матбуот БЕРДОВА ТАХМИНА ЭЛЧИБЕКОВНА мебошад.