Шуъбаи библиографияи давлатӣ

 Шуъбаи библиографияи давлатӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ”, Муассисаи давлатии “Агентии миллии СБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ мемонад.

 Самтҳои асосии фаъолияти шуъба иборатанд аз:

  • таҳия ва таҳрири библиографии “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
  • назорати умумии феҳристҳои муассиса;
  • додани маълумоти библиографӣ;
  • омӯзонидани корҳои библиографӣ ба кормандони ҷавон;
  • ҳамкорӣ намудан бо шуъбаи қабули нусхаҳои ҳатмӣ ва ҳифзи осори нашрӣ ҷиҳати омоданамоии “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва воридоти такрории нусхаҳо;
  • навиштани мақолаҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо оид ба рафти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо”;
  • иштирок дар конференсияҳои илмию амалӣ оид ба китобу китобдорӣ ва ҳолати кунунии муассисаҳои фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ба анҷом расонидани чорабиниҳо оид ба масоили корҳои санитарию гигенӣ дар шуъба;
  • муоина намудани ҳолати (ташхисӣ) ҳуҷҷатҳои куҳнашуда.

 Вазифаҳои шуъба аз инҳо иборат аст:

  • таҳияи “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
  • тасвири библиографии номгӯи китобҳо ва авторефератҳо дар ҷумҳурӣ батабърасида;
  • тасвири библиографии номгӯи мақолаҳо аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ;
  • таҳия ва такмили дастгоҳи маълумотдиҳандаи шуъба;
  • таҳияи феҳристи электронӣ ва мутобиқатнамоии фаъолияти шуъба бо техналогияи ҷадид;
  • мусоидат дар такмили сатҳи дониши тахассусии кормандони шуъба;
  • муваққатан додани ашёи шуъба ба дигар бахшу шуъбаҳои муассиса барои истифодаи муваққатӣ;
  • татбиқи нақшаи дурнамои корӣ, иштирок дар санҷиши фонди муассиса ва дигар китобхонаҳои кишвар;
  • омӯзиш ва такмили ихтисос;
  • риояи интизоми меҳнат дар шуъба;
  • таҳияи нақша ва ҳисоботи шуъба;

 Айни замон мудири шуъбаи библиографияи давлатӣ яке аз библиографи пуртаҷриба ТИТОВА ОКСАНА ВЛАДИМИРОВНА мебошад.