Шуъбаи Агентии миллии ISBN ва Маркази миллии ISSN

  Шуъбаи Агентии миллии ISBN ва маркази миллии ISSN (минбаъд шуъба) яке аз сохторҳои асосии Муассисаи давлатии “Агентии миллии СБРСК - Хонаи китоби Тоҷикистон” буда, фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо”, Оинномаи Муассисаи давлатии “Агентии миллии СБРСК - Хонаи китоби Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ мемонад. 

  Мақсади ниҳоии шуъба фаҳмонидани дастури истифодаи ISBN ба ноширон, таъмин ва риояи қоида (стандарт)-ҳои истифодаи ISBN, сохтани штрих-код, гурӯҳбандии ISBN-ҳо ба нашриёту чопхонаҳо ва дигар муассисаҳои таъбу нашр, назорат ҳангоми додани ISBN ва ISSN ба муассисаҳои таъбу нашр мебошад.

  Самтҳои асосии фаъолияти шуъба:

  • дар мувофиқа бо роҳбарияти муассиса ҳамкорӣ намудан бо Маркази байналмилалии ISBN (Лондон);
  • сари вақт дастрас намудани ISBN аз Маркази байналмилалии ISBN (Лондон);
  • таъмини нашриёту матбааҳо ба ISBN;
  • назорати ISBN-ҳои ба нашриёту матбааҳо додашуда;
  • дар ҳамкорӣ бо шуъбаи нозироти стандарти нашр ва воридоти нусхаҳои ҳатмӣ назорат намудани воридоти нусхаҳои ҳатмӣ дар асоси ISBN-ҳои ба нашриёту матбааҳо пешниҳодшуда;
  • таҳлили ҳаррӯзаи ISBN-ҳои ба нашриёту матбааҳо додашуда;
  • назорат ва ҷобаҷогузории санадҳои ISBN;
  • навиштани мақолаҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо оид ба рафти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо”;
  • иштирок дар конференсияҳои илмию амалӣ оид ба стандартҳои байналмилалии китоб, фаъолияти китобу китобдорӣ ва ҳолати кунунии муассисаҳои фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ба анҷом расонидани чорабиниҳо оид ба масоили корҳои санитарию гигиенӣ дар шуъба;
  • муоина намудани ҳолати (ташхис)-и ҳуҷҷатҳои куҳнашуда.

   Вазифаҳои шуъба:

  • дастраснамоии саривақтии ISBN ба нашриёту матбааҳо;
  • додани маслиҳату машварат доир ба истифодаи дурусти ISBN ба нашриёту матбааҳо;
  • таҳияи рӯйхати нашриёту матбааҳои ба аъзогӣ пазируфташуда;
  • мусоидат дар такмили сатҳи дониши тахассусии кормандони шуъба;
  • муваққатан додани ашёи шуъба ба дигар бахшу шуъбаҳои муассиса барои истифодаи муваққатӣ;
  • тибқи нақшаи дурнамои корӣ, иштирок дар санҷиши нашриёту матбааҳо;
  • омӯзиш ва такмили ихтисос;
  • риояи интизоми меҳнат дар шуъба
  • таҳияи нақша ва ҳисоботи шуъба;

  Айни замон мудири шуъбаи Агентии миллии ISBN ва Маркази миллии ISSN  АМИНОВ ФИРДАВС АМИНҶОНОВИЧ  мебошад.