Санаи 14-уми марти соли 2026 дар Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон филиали кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” ифтитоҳ гардид. Дар маросими ифтитоҳи филиали кафедра муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бобозода Фаридун Толибҷон ва ректори МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” муҳтарам Назарзода Маҳмуд Мирзо, олимону адибон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Маросимро директори Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва китобшиносӣ - Зафари Шариф ифтитоҳ намуда, меҳмонону ҳозиринро ба маросими кушодашавии филиали кафедра хайрамақдам намуданд.
Сипас, Зафари Шариф дар суханронии худ зикр намуданд, ки “тарбияи мутахассисони болаёқат ва ҷавобгӯ ба бозори меҳнат дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Сарвари давлат дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми январи соли 2020 Вазорати фарҳангро вазифадор намуданд, ки барои тарбияи мутахассисони касбии соҳаи китобдорӣ, ташкили таҷрибаомӯзӣ дар кишварҳои хориҷӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос чораҷӯӣ намояд. Ифтитоҳи филиали кафедра низ бо дастгирии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сатториён Матлубахон Амонзода ва ба дастгирии ректори МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” муҳтарам Назарзода Маҳмуд Мирзо дар доираи ин дастуру супоришҳо сурат гирифтаистодааст”.
![]()
Амиршоҳ Ёрмуҳаммадов – муаррих, устоди ДМТ,
Сайобид Азизов – бойгоншинос, корманди
МД “АМСБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон”
Маводҳои барои таҳқиқоти таърихӣ зарур дар манбаъҳои гуногун парокандаанд. Қисми зиёди манбаъҳо оид ба таърихи муосир, пеш аз ҳама дар матбуот ҷой доранд. Дар матбуот манбаъҳои таърихӣ бори аввал ба мубодилоти илмӣ ворид мегарданд ва аҳаммияти онҳо муайян карда мешавад. Аз ин рӯ, матбуот бешубҳа солномаи муосири таърих аст. Нависандаи маъруфи рус Алексей Толстой қайд карда буд, ки «журналистика ақрабаки сониясанҷи таърих аст». Зеро танҳо матбуот имкон медиҳад, ки аз ҷиҳати хронологӣ воқеъа барқарор карда шавад ва он то андозае шарҳи илмии худро низ ёбад. Матбуот дар фаъолияти худ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
1.Мардум ва табақаи ҳукмронро бо ахборот таъмин мекунад;
2.Ба инкишофи маориф мусоидат менамояд;
3.Инчунин яке аз воситаҳои вақтгузаронӣ низ мебошад;
Бо ҳамин матбуот инъикоси ақида, сиёсат ва идеологияи давру замони худ аст. Барои муҳаққиқони таърих бештар маводҳои рӯзнома саҳми муҳим доранд. Зеро дар журналҳо асосан натиҷаи таҳқиқот нашр мегардад. Баромадҳои ходимони давлатӣ ва сиёсӣ дар газетаҳо ҳамчун маъхази муҳим ва расмӣ ба ҳисоб мераванд. Дар асри мо, ки асри инкишофи васоити ахбори оммавӣ аст, матбуот ҳамчун ҳаками бузург ва ё «Ҳокимияти чорум» ном гирифтааст. Сиёсати ҳозираро бе матбуот тасавур кардан ғайримкон аст. Аз ин рӯ мегуянд, ки касе телевизионро зери даст дорад, вай бешубҳа мамлакатро зери даст дорад.







