ВКЛАД КУРБОНАЛИ БУРИЕВА В ПОВЫШЕНИЕ НАУЧНОГО ПРЕСТИЖА «ДОМА КНИГИ ТАДЖИКИСТАНА» (Посвящена 90-летию со дня образования «Дома книги Таджикистана»)

   Книжная палата Таджикской ССР, основанная в декабре 1935 года, в первые годы Государственной независимости Республики Таджикистан была переименована в Книжную палату Республики Таджикистан, а в 2005 году, став представителем Международного агентства ISBN, Государственное учреждение было переименовано в «Национальное Агентство международной организации стандартной нумерации книги – Дом книги Таджикистана».
   Дом книги Таджикистана считается одним из ведущих библиографических центров республики, основными задачами которого являются ведение государственной библиографии, выпуск государственного библиографического указателя «Летопись печати Республики Таджикистан», выпуск ретроспективного библиографического указателя «Книги Республики Таджикистан», регистрация и вечное хранение обязательных экземпляров всех видов печатной продукции, ежегодное составление статистических сведений о выпуске книг, брошюр, периодических и продолжающихся изданий в Республике Таджикистан, оцифровка фонда, а также присвоение индексов международной стандартной книжной нумерации отечественным изданиям. Ориентация на использование новых информационных технологий расширяет и усложняет функции и задачи учреждения.
   Наряду со знаменательным историческим событием, посвящённым 90-летию со дня образования ГУ «Дома книги Таджикистана», мы сегодня чествуем и вспоминаем с искренней благодарностью одного из выдающихся таджикских учёных, исследователя современного библиотековедения и библиографоведения, знаменитого педагога, книговеда и библиографа, уважаемого Буриева Курбонали Бозоровича. Это был необыкновенно одаренный человек, обладающий феноменальной па­мятью и исключительным трудолюбием. Он был глубоко убеждён, что без науки невозможно движение вперед и прогресс общества.

САҲМИ ХОНАИ КИТОБИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ БИБЛИОГРАФИЯИ ДАВЛАТӢ (Бахшида ба 90-солагии Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон»)

   Дар марҳилаи нави таърихӣ китобдориву китобхонии мо ба суръати тоза ва мазмуну муҳтавои нав идома пайдо кард. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии хеш қарор дода, дар ин росто хеле корҳоро ба сомон расонид.
   Истиқлолият дар соҳаи китобдорӣ ва библиографии кишвар марҳилаи навро кушод ва барои рушду нумӯи он шароити беҳтарро фароҳам овард. Бахусус азму талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китобу китобдории тоҷик такони бузург бахшидаанд. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар як қатор қонуну барномаҳои давлатӣ қабул шудаанд, ки дар рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ нақши бузург гузоштанд.
   Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар соҳаҳои иқтисодию фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои дунё алоқаи зич дорад. Аз ин лиҳоз дар соҳаи библиография низ чунин робитаро боз ҳам бештар рушду нумӯъ додан аз аҳамият берун нест. Бояд библиографияи тоҷик ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам намуда, дар конфронсу симпозиумҳои библиографӣ фаъолона ширкат намуда, аз таҷрибаи бойи онҳо истифода барад. Робита ва шавқи мардум ба омӯхтани таърихи мардумоне, ки аз лиҳози забон, фарҳанг ва анъанот наздиканд, рағбати калон пайдо карда истодаанд. Нисбати кишварамон дар хориҷа сол то сол мавод ва маълумоти бисёре интишор мешавад, ки аз ин маводи арзишманд хонандагони тоҷик огоҳӣ намеёбанд. Таҳияи силсиланашри «Тоҷикистон дар адабиёти хориҷа» ба миён омадааст.

ТАТБИҚИ МАСОИЛИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “ХОНАИ КИТОБИ ТОҶИКИСТОН” (Бахшида ба 90-солагии Муассисаи давлатии “Хонаи китоби Тоҷикистон”)

   Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Дар шароити нав аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Чуноне ки аз фаъолияти рӯзмарра мушоҳида менамоем, соҳаи китобдорӣ аз таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳравар буда, ба яке аз самтҳои асосии сиёсати иттилоотию тарғиботии он табдил ёфтааст. Дар воқеъ соҳаи китобдорӣ яке аз муҳимтарин бахшҳои ташаккулдиҳанда ва ҳифзу нигоҳдорандаи фарҳангу маърифат ва илму дониши инсоният буда, такондиҳандаи рушди тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакат маҳсуб меёбад. Бе китоб ва дониши казоӣ, ки онро аз китоб ва бо ёрии китобдорону омӯзгорон ба даст меорем, рушди бомароми тарбиявию ахлоқии ҷомеаро таъмин кардан ғайриимкон аст.
   Пешрафт ва густариши бемайлони илму техника дар замони муосир тақозо менамояд, ки фаъолияти муассисаиҳои китобдорӣ аз ҷумла хадамоти китобхонаҳо ба талаботи навин ҷавобгӯй бошанд ва аз усули хадамоти фосилавӣ самаранок истифода баранд. Имрӯз моро зарур аст, ки дар баробари омӯзиш, таҳлил ва таҳқиқи масоили таърихии соҳа ҳамзамон, ба масъалаҳои вазъу ҳолати имрӯзаю дурнамо, тарҳрезии барномаю нақшаҳо бахшида ба эҳёи анъанаҳои китобдории миллӣ, тарғибу ташвиқи муваффақиятҳои он, таблиғи мероси пурғановати ниёгонамон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва истифодаи омилҳои пешрафтаи инноватсионӣ дар беҳтарнамоии дастрасӣ ба маъхазҳои китобӣ таваҷҷуҳ намуда, ба ин васила дар таъмини рушди ҳамаҷонибаи ҷомеаи мутамаддин ҳиссаи арзанда гузорем.

НАҚШИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ХОНАИ КИТОБИ ТОҶИКИСТОН» ДАР ҲИФЗИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ (Бахшида ба 90-солагии Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон»)

 

   90-сол муқаддам, яъне санаи 20-уми декабри соли 1935 дар асоси Қарори Шурои Комиссарони Халқи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар назди Комиссариати маорифи халқ «Палатаи китоб» яъне имрӯза Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» ташкил ёфт.
   Имрӯз Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» фаъолияти хешро дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳавӣ, фармоишу супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаву Нақшаи солонаи муассиса мавриди амал қарор медиҳад.
   Муассиса бо Қарори Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон аз 14 - уми июли соли 1934 «Дар бораи васеъкунии маҷмуаи китобхонаҳо» ва Қарори шурои Комиссарони Халқи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 20 - уми декабри соли 1935 дар назди Комиссариати маорифи халқ бо номи «Палатаи китоб» ташкил ёфт. Аз рӯзҳои нахустини фаъолият «Палатаи китоб» ба ҷамъоварии китобҳои бо забони тоҷикӣ интишоргашта оғоз намуда, муҷаҳҳазнамоӣ бо рафҳои китобмонӣ ва ҳифзу нигоҳдории онҳоро оғоз менамояд.
   Агарчи Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон» дар даврони Шуравӣ таъсис ёфта бошад ҳам, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ фаъолияташ идома ёфта, самтҳои фаъолияташ ба Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мувофиқ кунонида шуд.