18-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони баналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон», конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Хонаи китоби Тоҷикистон дар ҳифзи таърих ва фарҳанги миллӣ», ки бахшида ба 90-солагии таъсисёбии МД «Хонаи китоби Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ҳамоиш олимону мутахассисони соҳа аз вазорату идораҳои кишвар ширкат намуданд.

Дар забонҳои аврупоӣ калимаи “paper” бо решаи калимаи папирус алоқаманд аст, рустание, ки дар гузашта барои сохтани маводи монанд ба коғаз, ки аз ҷониби мисриён, юнониён ва румиёни қадим истифода мешуд. Масалан, “коғаз” дар забони англисӣ “paper”, дар забони олмонӣ “das papier” ва дар забони фаронсавӣ “le papier” мебошад.
Пайдоиши коғаз дар соли 105-и мелодӣ аз ҷониби Тсай Лун, мушовири императори Чин, сарчашма мегирад. То он вақт дар Чин низ аз бамбук, абрешим ва ғайра асосан ҳамчун маводи ивазкунандаи коғаз истифода мешуданд.
Тсай Лун пас аз кўшишҳои зиёд, аввалин шуда принсипи асосии технологияи истеҳсоли коғазро кашф кард. Истеҳсоли коғаз аз намудҳои гуногуни ашёи хоми нахдор имконпазир гардид. Ин навовариҳо роҳро барои истеҳсоли коғаз ҳамвор карданд ва онро нисбат ба маводҳои навиштании пешина дастрастар гардонданд.
Рӯзи 4 декабри соли 2025 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни VII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои ИДМ бо ширкати 7 кишвари аъзои ИДМ ва беш аз 60 нашриёт доир гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар озмуни мазкур муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар намояндагӣ намуд.
Баёнов, М. Адабиёт, матбуот, публитсистика [Матн] / М. Баёнов; муҳ.: С.Ҳ. Шосаидзода, С.С. Нодирзода. – Душанбе, 2025. – 174 с.; 21 см. – 200 н. – ISBN 978-9906-9902-3-3
Мундариҷа: Пешгуфтор. – С.3-5; Мақоми бойгонии матбуоти даврии МД «Хонаи китоби Тоҷикистон». – С.6-14; Назаре ба матолиби адабии солҳои 1924 -1926-и рӯзномаи «Овози тоҷик». – С.15-31; Шарҳи ҳоли илмӣ ва фаъолияти эҷодии аввалин муҳаррири «Овози тоҷик». – С.32-53; Мавзуъ ва аҳаммияти назми публитсистӣ дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» (солҳои 1925-1929). – С.54-70; Сарвар – яке аз саромадони назми публитсистии матбуоти солҳои 20-ум ва 30-юми садаи ХХ. – С.71-107; Анъанаи шеърбахшӣ ба матбуоти даврӣ дар солҳои 20-ум ва 30-юм асри ХХ. – С.108-147; Мунирхон Муинзода – шоир, тарҷумон ва яке аз аввалин ходимони матбуоти даврии тоҷик. – С.148-165; Назари иҷмолӣ ба рӯзгори Фахриддини Роҷӣ ва Тамҳиди Самарқандӣ. – С.166-172.







