Раванди ташаккул ва вижагиҳои мундариҷавии матбуоти ‎даврии тоҷик дар солҳои 1920-1930‎

Санаи 28-уми ноябри соли 2025 бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони баналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон», мизи мудаввар дар мавзуи «Раванди ташаккул ва вижагиҳои мундариҷавии матбуоти даврии тоҷик дар солҳои 1920-1930» дар доираи лоиҳаи илмии «Ташаккули низоми матбуоти даврӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар чорабинӣ олимону мутахассисони соҳа аз вазорату идораҳои кишвар ва иҷрокунандагони лоиҳа ширкат намуданд.

Чорабиниро директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони баналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ Зафари Шариф бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам намуд.

Дар ҳамоиши илмӣ доктори илмҳои филология, профессор Аъзамҷон Азимов дар мавзуи “Тавсифи умумии ташаккули низоми матбуоти даврии тоҷик дар солҳои 1920-1930”, доктори илмҳои филология, профессор Мурод Муродӣ дар мавзуи “Пайдоиш ва ташаккули маҷаллаҳои даврӣ дар солҳои 1920-1930”, муовини директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони баналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» номзади илмҳои филологӣ, Баёнов Маҳмаднабӣ дар мавзуи “Вижагиҳои гӯша ва саҳифаҳои адабии нашрияҳои даврӣ дар солҳои 20-ум ва 30-юм” баромад намуданд.

Инчунин, иҷрокунандаи лоиҳа Нодирзода Сайзароб Сайалӣ доир ба чопи китобҳо дар доираи лоиҳаи мазкур суханронӣ намуда, китобҳое, ки дар доираи ин лоиҳа интишор гардиданд, муаррифӣ намуд.

Дар охири чорабинӣ Шариф Комилзода, Меҳроб Ҷумазода ва дигарон фикру ақидаҳои худро оид ба масъалаҳои муҳими матбуоти даврӣ ироа намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ХУДШИНОСӢ

  Парчами давлатӣ барои ҳар як миллати соҳибтамаддун рамзи истиқлоли давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, озодихоҳӣ ва азму иродаи қавии мардум мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

  24-уми ноябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байлалмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид.

  Сухани ифтитоҳиро муовини директори Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон» Муҳаммаднабӣ Баёнӣ оғоз бахшида, дар баромади худ иброз намуд, ки миллати сарбаланд ва куҳанбунёди тоҷик беш аз чор ҳазор сол қабл соҳиби парчам буд ва онро ҳамчун рамзи садоқату рафоқат, шаъну шараф ва таҷассумгари ифтихору номус эҳтиром менамуд ва дар тули таърих зери ливои хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоят кардааст ва хоҳад кард. Чуноне, ки Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор аз таърихи парчамдории миллати тоҷик иброз доштаанд: «Ҳанӯз дар парчами Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида, он рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ливои Коваи Бузург бошад – нишонаи равшани муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

Вазъи сиёсии Хуросони Бузург ва Эрон дар асри XIII-нимаи аввали асри XVI (барасиҳо бар мабнои маъхазҳои хаттӣ)

  Саидов, А. Вазъи сиёсии Хуросони Бузург ва Эрон дар асри XIII-нимаи аввали асри XVI (барасиҳо бар мабнои маъхазҳои хаттӣ) [Матн]: рисола / А. Саидов. – муҳ. мас. Ҳ. Камол. – Душанбе: Дониш, 2025. – 630 с.; 21 см. – 100 н. – ISBN 978-99985-60-44-4.

  Мундариҷа: Асари арзишманд андар шинохти Хуросони Бузург ва Эрони садаи XIII-нимаи аввали садаи XIV. – С.7-14; Пешгуфтор. – С.15-18; Манобеъ ва асарҳои таҳқиқотӣ доир ба таърихи халқи тоҷик дар асри XIII-нимаи аввали асри XIV. – С.19-70; Боби 1. Таъсиси давлати Муғул. Ҳуҷуми Муғулҳо ба шаҳрҳои Мовароуннаҳр. – С.71-172; Боби 2. Тасхири шаҳрҳои Хуросон аз ҷониби Муғулҳо. – С.173-240; Боби 3. Сабабҳои пирӯзӣ ва оқибатҳои ишғоли Хуросони бузург аз ҷониби Муғулҳо. – С.241-259; Боби 4. Мовароуннаҳр дар ҳайати улуси Чағатой. – С.260-311; Боби 5. Лашкаркашии Ҳулоку ба Эрон ва таъсиси давлати Элхониён. – С.312-417; Боби 6. Таъсиси давлат ва ҳукуматҳои мустақил ва ниммустақил дар нутоқи мухталифи Эрон пас аз суқути давлати Элхонӣ. – С.418; Сарбадорони Хуросон. – С.418-470; Куртҳои Ҳирот. – С.471-497; Музаффариён. – С.498-537; Элкониён. – С.538-559; Чӯпониён. – С.560-570; Рӯйхати адабиёт. – С.571-593; Номҳои шартии кӯтоҳшуда. – С.594; Номҳои ашхос. – С.595-617; Номҳои ҷуӯрофӣ. – С.619-628.

 

 

 

 

 

Шартҳои педагогии ташкили самаранокии раванди таълими ба амалия тамоюлдоштаи хонандагон дар машғулиятҳои забони англисӣ

  Турсуматова, Р.А. Шартҳои педагогии ташкили самаранокии раванди таълими ба амалия тамоюлдоштаи хонандагон дар машғулиятҳои забони англисӣ [Матн]: монография / Р.А. Турсуматова. – Хуҷанд, 2025. – 194 с.: ҷадвал.; 21 см. – 100 н. – ISBN 978-99985-26-41-9

  Мундариҷа: Муқаддима. – С.3-9; Боби 1. Асосҳои назарӣ ва методологии ташкили таълими ба амалия тамоюлдоштаи хонандагон. – С.10; 1.1. Асосҳои илмӣ-педагогӣ ва назарии таълими ба амалия тамоюлдоштаи хонандагон дар таҳқиқотҳои муосир. – С.10-31; 1.2. Амсиласозии (моделсозии) раванди ташкили таълими ба амалия тамоюлдоштаи хонандагон. – С.32-54; 1.3. Имконоти педагогии ташкили таълими ба амалия тамоюлдоштаи хонандагон. – С.54-74; Боби 2. Технологияи педагогии амалигардонии таълими ба амалия тамоюлдоштаи хонандагон. – С.75; 2.1. Хусусиятҳои ташкили корҳои таҷрибавӣ-озмоишӣ оиди ташкили таълими ба амалия тамоюлдоштаи хонандагон. – С.75-89; 2.2. Методҳои ташхиси ҳолати ташкили таълими ба амалия тамоюлдоштаи хонандагон. – С.89-124; Самаранокии маърифати ташкили таълими ба амалия тамоюлдоштаи хонандагон. – С.124-163; Хулоса. – С.164-170; Рӯйхати адабиёт. – С.171-191.