Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон» 20-уми декабри соли 1935 дар назди сектори илмии Комиссариати халқии маориф бо номи «Палатаи китоби Тоҷикистон» таъсис дода шудааст.
Нахустин ҳуҷҷати расмии давлатие, ки ба таъсиси Палатаи китобҳои Тоҷикистон замина гузошт ин Қарори Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон «Дар бораи васеъкунии маҷмуаи китобхонаҳо» аз 14-уми июли соли 1934 ба шумор меравад.
Кормандони муассиса, аз оғози фаъолият бо нашриёту матбааҳои ҷумҳурӣ ҳамкориро дар сатҳи хуб ба роҳ монда, ба гирифтани нусхаи ҳатмии осори нашрӣ аз қабили китобҳои илмӣ, сиёсӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, дарсӣ, бадеӣ, рӯзномаву маҷалла ва дигар маҳсулоти чопие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расидаанд, ҷамъоварӣ ва ҳифз менамоянд.
Бақайдгирии маҳсулоти чопӣ, таҳия ва нашри феҳристи ҷориву тарҷеъии давлатии «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», феҳристи «Китобҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»), омодасозии ҳисоби омории нусхаҳои ҳатмӣ, барориши маҷмуаи илмии библиографӣ, таъмини амният ва беосеб нигоҳ доштани осори гаронбаҳои бойгонии муассиса ҳамчун вазифаи муҳими роҳбарият ва кормандони он ба ҳисоб меравад.
Инчунин, барои ба роҳ мондани хадамоти маълумотдиҳию библиографӣ аз бойгонии муассиса ба гурӯҳҳои муайяни хонандагон, аз ҷумла олимон, муҳаққиқон, кормандони вазорату идораҳои давлатӣ, китобдорон, библиографон, бойгоншиносон, таърихнигорон ва ғайра тибқи мактуб бо иҷозаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.
Имрӯз муассиса ба ҳайси Маркази библиографияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» фаъолияти назаррас дорад. Кормандони муассиса пайваста фаъолияти хешро сайқал дода, бо истифода аз таҷрибаи ғанӣ ва пурмаҳсул дар рушду нумӯи ин махзани нодири миллат саҳми худро мегузоранд. Таъминоти муассиса бо таҷҳизоти замонавӣ дар баланд бардоштани сифат ва самаранокии фаъолияти кормандон бетаъсир намонда, маводи илмию амалӣ ва библиографию иттилоотии он дар солҳои охир аз ҷиҳати мазмун ва муҳтаво, сохтор, интихоби мавод куллан беҳтар гардидааст.
Дар гузашта, вобаста ба тараққиёти рӯзафзуни ҷомеа дар назди Хонаи китоби Тоҷикистон ва китобхонаҳои марказӣ вазифа гузошта шуда буд, ки бо ёрии мутахассисони касбӣ ва библиографони ҳирфаӣ ҳарчи бештар дастурҳои библиографии илмӣ ва тавсиявӣ тайёр карда шавад. Бо ин мақсад Хонаи китоби Тоҷикистон барои таҳияи дастурҳои дар боло зикршуда иқдомҳои шоистаро пеша намуда, барои коркунони китобхонаҳо ва хонандагон нашри феҳристи «Китобҳои Тоҷикистони советӣ»-ро ба роҳ монд.