Асосҳои электроника

  Раҳимов, О.С. Асосҳои электроника [Матн]: китоби дарсӣ / О.С. Раҳимов, Ҳ.У. Қаландаров, Д.Н. Мирзоев; муҳ. М. Аминҷонова. – Хуҷанд, 2025. – 373 с.: нақша.; 21 см. – 50 н. – ISBN 978-99985-815-5-5

  Мундариҷа: Пешгуфтор. – С.8-11; Муқаддима. – С.11-15; 1. Асбобҳои нимноқилӣ. –  С. 15; 1.1 Асосҳои физикавии асбобҳои нимноқилӣ. – С.15-22; 1.2. Сохт ва таснифи диодҳои нимноқилӣ. – С.23-42; 1.3. Транзистҳо. – С.43-70; 1.4. Тиристорҳо. – С.71-80; 1.5. Микросхемаҳои интегралӣ. – С.81-90; 2. Схемотехникаи табдилдиҳандаҳо. – С.91-124; 2.2. Филтрҳои электрӣ. – С.124-133; 2.3. Стабилизаторҳо. – С.134-142; 2.4. Инверторҳо. – С.143-156; 2.5. Табдилдиҳандаҳои басомад. – С.157-160; 2.6. Табдилдиҳандаҳои рекуперативӣ ва реверсивии энергия. – С.161-162; 2.7. Тақвиятдиҳандаҳои электронӣ. – С.163-191; 2.8. Генераторҳои электронӣ. – С.192-206; 3. Қисмҳои функсионалии сохторҳои рақамӣ. – С.207-214; 3.2. Сохторҳои рақамӣ. – С.214-232; 3.3. Тригерҳо. – С.233-240; 3.4. Ҳисобкунакҳо. – С.241-249; 3.5. Регистрҳо ва хотираҳои регистрӣ. – С.249-251; 3.6. Маълумоти умумӣ оид ба сохтҳои арифметикӣ-мантиқӣ. – С.251-254; 4. Сохтҳои микропротсессорӣ. – С.255-261; Архитектураи сохтҳои ҳисоббарор. – С.262-271; Микроконтроллерҳо. – С.273-275; 5. Моделировании схемаи сохтҳои электронӣ. – С.276-289; 5.2. Моделиронии схемаи асбобҳои нимноқилӣ. – С.290-311; 5.3. Моделиронии схемаи росткунандаҳо. – С.312-332; 5.4. Моделиронии схемаи тақвиятдиҳандаҳои электронӣ. – С.333-360; 5.5. Моделиронии схемаи генераторҳои электронӣ. – С.361-366; 5.6. Моделиронии элементҳои мантиқӣ. – С.367-370; Рӯйхати адабиёт. – С.371-372.

 

 

 

Таҳаввул ва рушди равандҳои библиографияи тоҷик дар замони Шуравӣ (солҳои 1960-1990): дастовардҳо ва мушкилот

  Санаи 25.10.2025 дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА – 081 назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” рисолаи илмии докторанти PhD, доктори фалсафа аз рӯи ихтисоси 6D091000 – Кори китобдорӣ, (6D091001 – Китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва китобшиносӣ), директори Муассисаи давлатии "Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб - Хонаи китоби Тоҷикистон" Нодирзода Сайзароб Сайалӣ дар мавзуи “Таҳаввул ва рушди равандҳои библиографияи тоҷик дар замони Шуравӣ (солҳои 1960-1990): дастовардҳо ва мушкилот” зери роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шосаидзода Сафар Ҳасан бо муваффақият ҳимоя гардид.

  Қайд кардан ба маврид аст, ки мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифтани мавзуи “Таҳаввул ва рушди равандҳои библиографияи тоҷик дар замони Шуравӣ (солҳои 1960-1990): дастовардҳо ва мушкилот” таҷрибаи фаъолияти библиографии китобхонаҳо ва марказҳои библиографӣ дар солҳои 1960-1990 буда, барои асоснокнамоии таърихи падидоӣ, марҳилаҳои инкишофи назария ва амалияи библиографияи тоҷик шароит фароҳам оварда, ҷиҳати муайяну мушаххас намудани мушкилоту дастовардҳо ва дурнамои рушди он мусоидат менамояд.

Намоишгоҳи ХIII байналмилалии «Китоби Душанбе» 20-22 октябри соли 2025

  Санаи 20 октябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Намоишгоҳи ХIII байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор гардид, ки кормандони Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон» фаъолона ширкат варзиданд. Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» аз соли 2010 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун анъанаи солона баргузор мегардад ва яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои фарҳангии кишвар ба шумор меравад. Чорабинӣ ба таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва табодули таҷрибаи ноширон, муаллифон ва муҳаққиқон мусоидат намуда, саҳми назаррас дар рушди маърифату китобхонӣ дорад.

  Дар маросим Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сатториён Матлубахон Амонзода бо суханронии ифтитоҳӣ баромад намуда, китобро “рамзи дониш, маърифат ва воситаи робитаи фарҳангии миллатҳо” номид. Ӯ таъкид кард, ки таваҷҷуҳ ба китоб нишондиҳандаи сатҳи маданияти миллат буда, Намоишгоҳ минбари муҳими муколамаи фарҳангҳо ва муаррифии дастовардҳои адабӣ мебошад.

  Дар Намоишгоҳ ноширон ва намояндагони фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Туркманистон ширкат доранд.

 

 

 

 

 

 

Дастури методӣ барои иҷрои корҳои КМД (корҳои мустақилонаи донишҷӯ аз фанни забони тоҷикӣ барои шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи ихтисосҳои равияи биологӣ)

  Дастури методӣ барои иҷрои корҳои КМД (корҳои мустақилонаи донишҷӯ аз фанни забони тоҷикӣ барои шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи ихтисосҳои равияи биологӣ) [Матн] / З. Муллоҳмадшоҳ, Д. Комилҷон. – Душанбе, 2025. – 74 с.; 20 см. – 50 н. – ISBN 978-99985-33-92-9

  Мундариҷа: Тарзи иҷроиши корҳои мустақилонаи донишҷӯён аз фанни забони тоҷикӣ дар низоми кредитии таҳсилот. – С.3-4; Гуфтаҳои бузургон дар васфи забон. – С.4-6; Нигоҳдории забон аз носазо гуфтан. – С.6-7; Омӯзиши “Фарҳанги забони тоҷикӣ”. – С.8-10; Дар одоби сухан гуфтан. – С.10-12; Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. Қасида. – С.13-14; Кор бо фарҳангҳои истилоҳотӣ (термин). – С.14-16; Таҳлили матнҳои тахассусӣ. – С.16-17; Ватандӯстӣ ва ҳифзи меҳан. – С.17-19; Убайд Раҷаб. “То ҳаст оламае, то ҳаст одаме”. – С.19-22; Пайванди илму амал. – С.22-24; Эҳтироми падару модар ва нигоҳдории ҳаққи эшон. – С.24-26; Ақлу хирад нишони одамият. – С.26-28; Дар одоби оини ҷавонмардӣ. – С.28-29; Лоиқ Шералӣ. “Забонгумкарда”. – С.29-32; Дар фазилати дӯстиву душманӣ. – С.33-35; Одоби суҳбат ва фавоиди хомӯшӣ. – С.35-37; Бозор Собир. “Забони модарӣ”. – С.37-40; Фазилати эҳсону саховат. – С.40-41; Афзалияти андӯхтани касбу ҳунар. – С.42-43; Дар фазилати китобдориву китобхонӣ. – С.43-45; Одоб ва фазилати салом. – С.45-48; Либоси миллӣ-нишонаи фарҳанги пурғановати тоҷикон. – С.48-50; Гулназар Келдӣ. “Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад”. – С.50-52; Таҳлили морфологии матни интихобшуда. – С.52-54; Тарҷумаи ҳоли худатонро нависед. – С.54-55; Ҷашни Сада. – С.55-57; Ҷашни Наврӯз. – С.57-59; Ҷашни Тиргон. – С.59-62; Ҷашни Меҳргон. – С.62-64; Тоҷикистон кишвари озоди ман (инҳои озод). – С.64-66; Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур-даргоҳи таълим ва илму маърифат. – С.66-68; Забони ман-ҷаҳони ман. – С.68-70; Феҳристи адабиёт. – С.71-72.