Инноватсия ҳамчун воситаи нав ва барои амалия басе муфиде фаҳмида мешавад, ки ҷиҳати қонеъ кардани ниёзҳои иҷтимоӣ пешбинӣ шуда, ҳамзамон қисми ҷудонашавандаи раванди инноватсионӣ мебошад. Фаъолияти инноватсионӣ ҳамчун раванди мураккаби эҷод, паҳнкунӣ, татбиқ ва азхудкунии инноватсия барои навсозӣ ё боз ҳам беҳтар қонеъ гардонидани талаботи хонандагони китобхона арзёбӣ мегардад. Шартҳои ҳатмии равандҳои инноватсионӣ инҳо ба шумор мераванд: ташкили низоми интегралии иттилоот дар бораи инноватсия ва ташкили раванди инноватсионӣ.
Инноватсияҳои китобдорӣ ҳамчун самти нави таҳқиқоти илмӣ дар китобхонашиносӣ ниҳоят мураккаб буда, хусусияти байнисоҳавӣ дорад, чунки он дастовардҳои илмҳои гуногун-назарияи умумии инноватсия ва илм, педагогика, психология, менеҷмент, маркетинг, китобхонашиносӣ ва иттилоотро муттаҳид мекунад. Дар замони муосир, ки рушди устувори ҷомеаро тақозо дорад, афзун намудани самараи амалии фаъолияти инноватсионии китобхонаҳо хеле муҳим аст, зеро натиҷаи ниҳоии фаъолияти онҳо ба пешрафти дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсир мерасонад. Дар натиҷаи муқоисаи андешаҳои мутахассисони соҳаҳои гуногун оид ба пайдарҳамии татбиқи равандҳои инноватсионӣ, омӯзиши онҳо бо назардошти хусусияти соҳаи китобдорӣ имкон медиҳад, ки технологияи зерини татбиқи онҳоро пешниҳод кунем: — дарки зарурати тағйирот ва ташаккули идеяи навоварии дилхоҳ, мақсаду вазифаҳои асосӣ барои тағйироти зарурӣ дар китобхона; — таҳлили бозори инноватсионӣ, ҷустуҷӯ ва интихоби қарорҳои тайёри инноватсионие, ки барои истифода мувофиқ аст, баҳодиҳии онҳо, муайян намудани мутобиқат ба шароити китобхона, таҳияи лоиҳаи татбиқ; — фармоиш оид ба рушди инноватсия дар объекти инноватсионӣ ё таҳияи мустақилонаи идеяи инноватсионии худ дар асоси усулҳои тарҳрезишудаи инноватсионӣ; — озмоиши инноватсия ва амалисозии таҷрибавии он; — арзёбии имконияти пахш (паҳн) ва фурӯши лоиҳаи инноватсионӣ (аз ҷумла идеяи инноватсионӣ); — тартиб додани барномаи таъминоти методии татбиқ дар амалия; — инкишофи инноватсия, пешбурди он дар доираи касбӣ, пайвастан бо амалияи китобдорӣ ва ғайра.
Масъалаи ҷавонон ва нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеаи кишвар аз оғози даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии кишвар ба ҷавонон баёнгари он аст, ки онҳо қишри фаъоли ҷомеа маҳсуб ёфта, дар татбиқи сиёсати созандаю бунёдкоронаи давлат нақши муҳим мебозанд. Маҳз бо ташаббусҳои Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон қонуну қарорҳо, барномаҳои давлатии гуногунсоҳавии ҷавонон қабул гардида, чорабиниҳои зиёди муҳимми давлатӣ баргузор гардиданд, ки дар ҳаёти ҷавонон дар даврони Истиқлолият дастовардҳои хуби заминасозу маърифатбахш маҳсуб меёбанд.
Маврид ба зикр аст, ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мамлакат «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ба тавсиб расид, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани ҳувияту ватандӯстии ҷавонон ва таҳким бахшидани мавқеи онҳо дар ҷомеа мебошад.
Нахуст директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон», доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯи ихтисоси китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва китобшиносӣ Зафари Шариф ҳамоишро ифтитоҳ намуда, иштирокдорони чорабинии илмиро хайрамақдам гуфта, чунин зикр кард, ки ҳар як нуктаи Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи омӯзиши дақиқи вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар, завқи бадеӣ ва зебоишиносии шаҳрвандони мамлакат дар шароити ҷаҳонишавии фарҳангҳо, инчунин авзои тағйирёбандаи замони муосир тарҳрезӣ ва ироа гардид. Дар Паёми имсола қайд гардид, ки «Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ бо дарназардошти завқи наслҳои имрӯза аз муҳимтарин вазифаҳои мо дар замони муосир ба ҳисоб меравад».







