Санаи 28-уми ноябри соли 2025 бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони баналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон», мизи мудаввар дар мавзуи «Раванди ташаккул ва вижагиҳои мундариҷавии матбуоти даврии тоҷик дар солҳои 1920-1930» дар доираи лоиҳаи илмии «Ташаккули низоми матбуоти даврӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар чорабинӣ олимону мутахассисони соҳа аз вазорату идораҳои кишвар ва иҷрокунандагони лоиҳа ширкат намуданд.
Чорабиниро директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони баналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ Зафари Шариф бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам намуд.
Дар ҳамоиши илмӣ доктори илмҳои филология, профессор Аъзамҷон Азимов дар мавзуи “Тавсифи умумии ташаккули низоми матбуоти даврии тоҷик дар солҳои 1920-1930”, доктори илмҳои филология, профессор Мурод Муродӣ дар мавзуи “Пайдоиш ва ташаккули маҷаллаҳои даврӣ дар солҳои 1920-1930”, муовини директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони баналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» номзади илмҳои филологӣ, Баёнов Маҳмаднабӣ дар мавзуи “Вижагиҳои гӯша ва саҳифаҳои адабии нашрияҳои даврӣ дар солҳои 20-ум ва 30-юм” баромад намуданд.
Инчунин, иҷрокунандаи лоиҳа Нодирзода Сайзароб Сайалӣ доир ба чопи китобҳо дар доираи лоиҳаи мазкур суханронӣ намуда, китобҳое, ки дар доираи ин лоиҳа интишор гардиданд, муаррифӣ намуд.
Дар охири чорабинӣ Шариф Комилзода, Меҳроб Ҷумазода ва дигарон фикру ақидаҳои худро оид ба масъалаҳои муҳими матбуоти даврӣ ироа намуданд.







