МАВЛОНО ВА ТАМАДДУНИ ИНСОНӢ

  Рӯзи 4 декабри соли 2025 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни VII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои ИДМ бо ширкати 7 кишвари аъзои ИДМ ва беш аз 60 нашриёт доир гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар озмуни мазкур муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар намояндагӣ намуд.

  Ба озмун ноширони кишварҳои ширкаткунанда китобҳои худро аз рӯи номинатсияҳои «Иттиҳод», «Ватани ман», «Муколамаи фарҳангҳо», «Китоб барои кӯдакону наврасон», «Илм ва маориф», «Китоби мусаввар», «Санъати тасвирсозӣ», «Дар Иттиҳод нашр шудааст» пешниҳод намуданд.
  Озмунро, Намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ ва ҳамраиси Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ (МФГС) Михаил Швидкой ифтитоҳ намуда, вобаста ба ҳадафи баргузории озмун, ки баҳри ҳавасмандгардонии барҷастатарин ташаббусҳо дар соҳаи нашри китоб, баланд бардоштани фарҳанги нашри китоб ва рушди санъати китоб дар кишварҳои муштаракулманофеъ ва дастгирии фазои муштараки фарҳангии ИДМ равона гардидааст, суханронӣ намуд.
  Боиси сарфарозист, ки тибқи қарори ҳайати доварони Озмуни VII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои ИДМ китоби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» дар номинатсияи «Муколамаи фарҳангҳо» сазовори ҷойи якум гардид.
  Дар умум ноширони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озмуни мазкур дар номинатсияҳои мухталиф бо 9 ҷоизаи байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд.
  Мавриди зикр аст, ки қаблан низ китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» дар номинаи «Илм ва ҳаёт» («Наука и жизнь») ғолиби Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои ИДМ шуда буд.
  Бояд тазаккур дод, ки Озмуни байналмилалии «Санъати китоби кишварҳои узви ИДМ» аз соли 2004 ҳамасола баргузор гардида, он бо ибтикори Шӯрои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, паҳнкунии китоб ва полиграфӣ ва бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ давлатҳои аъзои ИДМттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
 
  Манбаъ: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон