Нахуст директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон», доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯи ихтисоси китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва китобшиносӣ Зафари Шариф ҳамоишро ифтитоҳ намуда, иштирокдорони чорабинии илмиро хайрамақдам гуфта, чунин зикр кард, ки ҳар як нуктаи Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи омӯзиши дақиқи вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар, завқи бадеӣ ва зебоишиносии шаҳрвандони мамлакат дар шароити ҷаҳонишавии фарҳангҳо, инчунин авзои тағйирёбандаи замони муосир тарҳрезӣ ва ироа гардид. Дар Паёми имсола қайд гардид, ки «Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ бо дарназардошти завқи наслҳои имрӯза аз муҳимтарин вазифаҳои мо дар замони муосир ба ҳисоб меравад».
Сипас намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муродзода Фурқат дар мавзуи «Ҷавононро дар руҳияи ифтихори миллӣ тарбият намоем» суханронӣ намуда, қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони кишвар боварӣ ва эътимоди комил дорад, зеро ки дар мамлакат зиёда аз 70 фисади аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд ва ҷавонон яке аз қишрҳои пешбарандаи ҷомеа ва давлат мебошанд. Инчунин, аз Паёми Пешвои миллат ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ҷавонон ояндаи миллат мебошанд ва онҳо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Инчунин, номзади илмҳои таърих., дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Суҳроб Шарофуддинов дар мавзуи «Маориф ва илм ҳамчун омили рушди устувор дар Паёми Пешвои миллат» суханронӣ намуда, тазаккур дод, ки имсол низ Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи кишвар дар арафаи омодагӣ ва таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ироа гардид.
Президенти мамлакат, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон дар Паём соли 2025-ро соли таърихӣ номида, соли дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим арзёбӣ намуд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям.
Доир ба масъалаҳои «Илму фарҳанг яке аз масъалаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» номзади илмҳои филологӣ., муовини директори Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон» Муҳаммаднабӣ Баёнӣ изҳор доштанд, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон супориш доданд, ки Маркази тамаддуни Ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе бунёд мегарданд, ки дар оянда ҳамчун марказҳои бонуфузи илмию фарҳангии халқи тоҷик барои муаррифии таъриху фарҳанги пурғановати мардуми тоҷик хизмат менамоянд.
Дар бахши музокираҳо номзади илмҳои таърих, Сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик Саидҷалол Ҳусайнӣ суханронӣ намуда, дар масъалаҳои созандагиву бунёдкорӣ, шинохти таърихӣ, тафаккури миллӣ андешаҳои судманд ироа намуд.
Ҳамзамон, номзади илмҳои филологӣ, директори «Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба се ҷанбаи муҳимтарини Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – энергетика, мориф ва фарҳанг фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.
Дар интиҳо меҳмонон ва иштирокдорони ҳамоиши илмӣ аз намоиши китобии муассиса дидан намуданд.
Муовини Раиси ташкилоти ибтидоии
ҳизбии «Китобшинос»-и
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон
дар ноҳияи Фирдавсии
шаҳри Душанбе Азизов Сайобид







