Таҳлилу омӯзиши осори нашрии солҳои қаблӣ ба монанди китобу маҷалла ва рӯзномаҳои бойгонии муассисаро як зумра олимону муҳаққиқон аз қабили Қ.Б. Буриев, Ш.Комилзода, С.Ҳ. Шосаидзода, М. Муродӣ, А. Азимов, С.А. Пиров, С.С. Нодирзода, З. Шариф, М.Б. Баёнов, М. Ҷураев, О.В. Титова, Р. Муродова ба анҷом расонида, андешаҳои хешро дар шакли мақолаҳои илмӣ ва маҷмуаҳои алоҳида рӯйи нашр овардаанд.
Яке аз ин муҳаққиқон корманди муассиса, номзади илмҳои педагогӣ Сироҷиддин Пиров ба шумор рафта, дар муаррифӣ ва таҳқиқи мероси илмии бойгонии “Хонаи китоби Тоҷикистон” саҳми арзанда гузошта, маълумоти мукаммали осори нодири чопиро ба доираи васеи хонандагон пешкаш намудааст.
Муҳақиқ Сироҷиддин Пиров дар риштаи улуми педагогика пажуҳиши илмӣ анҷом дода, дар мавзуи “Афкори педагогии Фахруддини Розӣ ва нақши он дар ташаккул ва тарбияи инсони комил” соли 2019 зери роҳбарии академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон М. Лутфуллоев рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст.
Номбурда муаллифи зиёда аз 70 мақолаи илмӣ-оммавӣ ва китобҳои зерин мебошад: 1. Фахруддини Розӣ ва андешаҳои ахлоқиву тарбиявии ӯ. – Душанбе: Аржанг, 2015. – 320с.; 2. Репертуари китоби солҳои 1922-1930-и Хонаи китоби Тоҷикистон: бо услуби сарчашмашиносӣ. – Душанбе: Кайҳон, 2021. – 476с.; 3. Фарҳанг ва ҷомеа. – Душанбе: Аржанг, 2022. – 352с.; 4. Тавсифи китобҳо. Репертуари китоби солҳои 1930-1931-и Хонаи китоби Тоҷикистон: бо услуби сарчашмашиносӣ. – Китоби 2. – Душанбе: Шоҳин-С, 2024. – 352с.; 5. Маърифати фарҳангии воқеоти зиндагӣ. – Душанбе: Истеъдод, 2025. – 424с.
Сироҷидин Пиров танҳо дар доираи омӯзишу пажуҳиши асарҳои илмии “Хонаи китоби Тоҷикистон” 2 китоб ва зиёда аз 15 мақолаи илмӣ дар самти китобшиносӣ омодаву нашр намудааст.
Бо заҳмату кӯшишҳои пайгиронаи ин донишманд дар таърихи муассиса бори нахуст соли 2021 қисми аввали тавсифи асарҳои Бойгонии миллии “Хонаи китоби Тоҷикистон” дар як китоби алоҳида таҳти унвони “Репертуари китоби солҳои 1922-1930-и Хонаи китоби Тоҷикистон: бо услуби сарчашмашиносӣ” дар ҳаҷми 476 саҳифа таҳия ва ба нашр расидааст.
Доир ба зарурияти таҳия ва ба нашр расонидани Репертуари мазкур муҳаққиқи риштаи таърихи библиографияи тоҷик, собиқ директори МД “Хонаи китоби Тоҷикистон” С. Нодирзода дар муқаддимаи ин асар чунин зикр намудааст: “Мусаллам аст, ки баъди ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти мардуми кишвар, аз ҷумла дар соҳаи китобдорию китобшиносӣ пешрафт ва дигаргуниҳои куллие ба вуқуъ пайваст. Дар ин росто маъмурияти Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон” омӯзиш ва пажуҳиши маводи илмию адабии бойгонии муассисаи мазкурро ба нақша гирифта, ҷиҳати амалӣ намудани он олимону муҳаққиқони соҳаҳои мухталифро ба он ҷалб намудаанд”.
Репертуари китоби солҳои 1922-1930-и Хонаи китоби Тоҷикистон: бо услуби сарчашмашиносӣ” натиҷаи заҳматҳои муҳаққиқи тавоно С. Пиров маҳсуб ёфта, таҳияи он дар муаррифии китобҳои бойгонии миллӣ дар ҷумҳурӣ таҷрибаи нахустин буда, ба дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографии китобхонаҳо ёрии амаливу методӣ мерасонад.
Дар репертуар муҳаққиқ муаррифии асарҳоро аз китоби “Мифтоҳу-т-таълим”-и Мирзомуҳаммад Самадзода, ки бо ҳуруфи форсӣ, нашри Тошканд соли 1922 мебошад оғоз намуда, доир ба он маълумоти арзишманд додааст.
Дар навбати дуюм бошад тибқи воридоти китобҳо ба бойгонии муассиса асари машҳури Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ “Таърихи амирони манғитии Бухоро” ҷой дода шудааст. Бо ҳамин тартиб дар “Репертуари китоби солҳои 1922-1930-и Хонаи китоби Тоҷикистон: бо услуби сарчашмашиносӣ” 1 номгӯ китоби чопи соли 1922, 2 номгӯ 1923, 7 номгӯ 1925, 13 номгӯ 1926, 47 номгӯ 1927, 44 номгӯ 1928, 114 номгӯ 1929, 200 номгӯ 1930, ки дар маҷмуъ 428 китобро дар бар мегиранд, мавриди омӯзиши амиқи илмӣ қарор гирифта, муаррифӣ гардидаанд.
Китобҳои ба табърасидаи солҳои 1922-1930, ки дар бойгонӣ мавҷуданд, асосан бо забони тоҷикӣ, аммо бо ҳуруфи форсӣ ва лотинӣ (баъзан барои тавзеҳ каму беш бо ҳуруфи кириллӣ) чоп шудаанд.
Арзиши илмии репертуар дар он зоҳир мегардад, ки ҳар як китоб бо маълумоти дақиқи библиографӣ, шарҳи мухтасари он ва нишондиҳандаҳои зарурӣ пешниҳод гардидаанд.
Ин имконият медиҳад, ки муҳаққиқону пажушишгарон, донишҷӯён ва ҳаводорони таъриху фарҳанг бо осонӣ ба сарчашмаҳои аслӣ шинос шуда ба ин васила кулли китобҳои нодир аз гӯшаи фаромӯшӣ раҳоӣ ёфта, ҷойгоҳи сазовори худро дар фазои фарҳангӣ ва илмии ҷомеа пайдо кунанд.
Натиҷаи омӯзишу таҳқиқотҳои муҳаққиқ С. Пиров дар соли 2024 нашр гардидани қисми дуюми репертуари китобҳо таҳти унвони “Тавсифи китобҳо. Репертуари китоби солҳои 1930-1931-и Хонаи китоби Тоҷикистон бо услуби сарчашмашиносӣ” ба шумор меравад.
Дар китоби мазкур оид ба 108 китобе, ки ба соли 1930 дахл доранд ва бо сабабҳои номаълум дар қисми якуми репертуар ҷой дода нашуда буданд, дар қисми дуюми китоб ба тавсифи мухтасар фаро гирифта шудаанд. Инчунин, 147 номгӯ китоби нашри соли 1931, ки бо ҳуруфи лотинӣ дар нашриётҳои давлатии шаҳрҳои Тошканд, Сталинобод ва Самарқанд интишор ёфтаанд, дар репертуар ҷойгир карда шудаанд.
Сироҷиддин Пиров тавассути муаррифии меросии илмии бойгонӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва устувор гардидани ҷойгоҳи илмии МД “Хонаи китоби Тоҷикистон” ҳамчун ганҷинаи боэътимод хизмати шоиста намуда, бо боварӣ изҳор менамоем, ки ин иқдоми беназирро дар солҳои минбаъда низ идома хоҳад дод.
САЙОБИД Азизов – саркитобшиноси шуъбаи
Агентии миллии ISBN ва Маркази миллии ISSN
АНОРГУЛ Холова – саркитобшиноси
шуъбаи библиографияи давлатӣ







