Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки тарбияи мутахассисони болаёқат ва ҷавобгӯ ба бозори меҳнат дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Оид ба ин масъала Сарвари давлат ҳанӯз 20-уми январи соли 2020 дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуданд, ки барои тарбияи мутахассисони касбии соҳаи китобдорӣ, ташкили таҷрибаомӯзӣ дар кишварҳои хориҷӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос чораҷӯӣ намояд.
Боиси тазаккур аст, ки имрӯз саҳми 2 муассисаи бонуфуз дар ташкили курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисоси китобдорон дар ҷумҳурӣ назаррас аст:
1.МДТ “ДДФСТ ба номи М. Турсунзода”;
2.МД “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар МДТ “ДДФСТ ба номи М. Турсунзода” факултети такмили ихтисоси кормандони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр амал мекунад. Он яке аз сохторҳои таркибии донишкада маҳсуб меёбад. Соли даҳум аст, ки дар факултет шунавандагон аз сохторҳои мухталифи фарҳангу санъати шаҳру навоҳии кишвар давра ба давра ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ҷиҳати таъмини низоми муташаккили раванди таҳсил масъулини факултет ибтидои ҳар соли хониш нақшаи даъвати шунавандагонро аз рӯи самтҳо таҳия менамояд. Факултет то имрӯз асосан кормандони китобхонаҳо, осорхонаҳо, мудирони клубҳои деҳот, методистони раёсатҳо, шуъбаҳои фарҳанг ва санъат, омӯзгорони мактабҳои санъат ва мусиқӣ, роҳбарони бадеии муассисаҳои фарҳангу санъатро ба таҳсили кӯтоҳмуддат даъват намуда раванди таълими онҳоро таъмин менамояд.
МД “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун маркази илмӣ-методии китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар ташкили курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи китобдорӣ нақши арзанда дорад. Ҳамзамон, дар Китобхонаи миллӣ “Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ” фаъолият менамояд, ки он ҳамасола кормандони китобхонаҳои пойтахт ва ҷумҳуриро ба таҳсил фаро мегирад.
Нақши Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар самти бозомӯзии кадрҳои соҳаи китобдорӣ назаррас аст. Моҳи марти соли 2026 дар Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон” филиали кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” ифтитоҳ гардид. Мақсад аз ифтитоҳи филиали кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ низ дар он аст, ки кормандони китобхонаҳои кишвар, донишҷӯёни соҳаи китобдорӣ ва табъу нашр дар рафти дарсҳо ва таҷрибаомӯзиҳо аз технологияи нави соҳавӣ, ки талаби замони муосир аст, бархӯрдор гардида, бо донишу ҷаҳонбинии васеъ дар оянда барои пешрафти соҳаи китобдорӣ дар ҷумҳурӣ саҳми худро мегузоранд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи асосии ташкили курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ пеш аз ҳама, баланд бардоштани савияи донишҳои назариявӣ ва маҳорату малакаҳои касбии кормандони китобхонаҳо, фароҳам овардани муҳити таълимӣ, ки ба ташаккул ва рушди салоҳиятҳои асосии касбии китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ, аз худ намудани малакаҳои кор бо технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла кор бо барномаҳои махусуси соҳаи китобдорӣ – ИРБИС ва АЛЕФ, такмили фаъолияти пурсамари ояндаи онҳо буда, рақобатпазирии онҳоро дар бозори меҳнат таъмин менамояд.
Имрӯз аксари муассисаҳои соҳаи китобдорӣ рӯ ба технологияи инноватсионӣ овардаанд, ки воқеан талаби замони муосир буда, донистани инноватсияи китобдорӣ барои китобдори замони муосир шарт ва зарур мебошад. Масалан, танҳо дар соли 2025 дар Хонаи китоби Тоҷикистон ба миқдори 1247 номгӯ адабиёт электронӣ карда шуд. Аз ин теъдод 865 номгӯй китоб, 366 номгӯ автореферат, 2 номгӯ рӯзнома, бо теъдоди 2412 шумора ва 3 номгӯйи маҷалла аз шакли анъанавӣ ба рақамӣ гардонида шудаанд. Китобҳои электронишуда натиҷаи фаъолияти навҷӯёнаи мутахассисони соҳаи китобдорӣ мебошад. Зеро 90%-и онҳое, ки дар дастгоҳҳои муосири нусхабардорӣ дар Хонаи китоби Тоҷикистон фаъолият менамоянд, таҳсилкардаи факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии МДТ “ДДФСТ ба номи М. Турсунзода” мебошанд. Бояд тазаккур дод, ки МД “Хонаи китоби Тоҷикистон” ҳамчун маркази библиографияи давлатӣ ва омори матбуот дар ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, яке аз муассисаҳои пешсаф дар фаъолияти китобдорӣ-библиографӣ ба шумор меравад. Феълан фаъолияти муассиса ба талаботи замони муосир мутобиқ буда, имрӯз муассиса бо компютерҳои насли нав ва дастгоҳҳои нусхабардории баландиқтидори “ABC-SCAN”, “ЭларСкан” муҷаҳҳаз буда, тавассути ин дастгоҳҳо рақамигардонии бойгонии муассиса ба роҳ монда шудааст.
Ҳамзамон, дар шароити имрӯза яке аз омилҳои муҳими пешрафти фаъолияти китобхонаҳо ин истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ, ки ба рушди воситаҳои компютерӣ ва шабакаҳои телекоммуникатсия робитаи зич дорад, ба шумор меравад. Зеро истифодаи мақсадноки технологияҳои номбурда, барои рушд ва такмили низоми кор фазои сифатан нави иттилоотӣ фароҳам меорад.
Масъалаи такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар шароити имрӯза воқеан, омили муҳими рушди соҳа ба ҳисоб меравад. Зеро баланд бардоштани такмили ихтисоси китобдорон дар шароити босуръат зиёд шудани иттилоот, тайёр намудани мутахассисони касбии ҷавобгӯ ба замони имрӯза хеле муҳим аст.
Дар низоми тайёр кардан ва азнавтайёркунии кормандони китобхонаҳо дар айни замон душвориҳои муайяне вуҷуд доранд:
- нарасидани омӯзгорони баландихтисоси фанҳои муосири тахассусӣ, аз қабили маркетинг ва менеҷменти китобхона, технологияи иттилоотӣ, китобхонаҳои электронӣ, низоми шабакаҳои корпоративии (гурӯҳӣ) китобхонаҳо ва ғайра;
- нарасидани адабиёти таълимию методӣ, китобҳои электронӣ барои таълимӣ фосилавӣ ва дигар адабиёт оид ба фанҳои муосири китобдорӣ;
- низоми нокифояи маҷудбудаи бозомӯзии кормандони китобхонаҳо.
Дар заминаи омӯзишу таҳлилҳои низоми такмили ихтисос ва азнавтайёркунии китобдорон дар ҷумҳурӣ ва барои беҳтар намудани он, чанд таклифҳо пешниҳод менамоем;
- ташкили курсҳои такмили ихтисос оид ба истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар самтҳои рақамигардонии фонд, таъсиси китобхонаҳои рақамӣ ва услуби таҳияи дастурҳои библиографӣ дар назди филиали кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии МД “Хонаи китоби Тоҷикистон”;
- мутамарказгардонии неруҳои илмию педагогии соҳаи китобдорӣ барои тарбияи китобдорон, даст кашидан аз тайёркунии кадрҳои китобдорӣ дар муассисаҳои олии кишвар, ки дорои чунин неру нестанд;
- дар заминаи шартномаҳои дуҷонибаи фарҳангӣ ба кишварҳои мутараққӣ фиристонидани довталабоне, ки ба касби китобдорӣ майл доранд;
- комилан тағйир додани низоми мавҷудаи такмили ихтисос ва бозомӯзии китобдорон дар ҷумҳурӣ;
- фаъолияти тамоми марказҳои таълимӣ, илмӣ ва китобхонаҳо бояд ҳамоҳанг сохта шуда, барномаи воқеӣ ва илман асосноки такмили ихтисос ва бозомӯзии китобдорон таҳия карда шавад;
- дар пойтахт ва маркази вилоятҳо барои китобдорони китобхонаҳои давлатию-оммавӣ ташкил намудани семинар – тренингҳои минтақавӣ оид ба масъалаҳои рӯзмарраи китобдорӣ-иттилоотӣ;
- ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ оид ба истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва барномаҳои соҳавӣ дар фаъолияти китобхонаҳо;
- ҳар се сол аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани кормандони китобхонаҳо, махсусан китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ.
Хулоса, бо назардошти пешрафти босуръати илму техника ва технологияи муосир низоми такмили ихтисос имкон медиҳад, ки китобдори имрӯза бо шаклу услубҳои нави хизматрасонӣ ва истифодаи навгониҳои технологияи муосир бештар ошноӣ пайдо намуда ва ин заминаи воқеии баланд бардоштани сифати фаъолияти касбиро татбиқ менамояд. Китобхонаҳои муосир беш аз ҳарвақта ба мутахассисони касбӣ ниёзи бештар доранд, зеро эҳтиёҷоти ҷомеа босуръат ва зуд тағйир меёбад, воридшавии технологияи муосир, пайдо шудани ҳомилҳои нави иттилоотрасон омилҳои муҳими он ба ҳисоб меравад.
ЗАФАРИ ШАРИФ,
доктори фалсафа (PhD)
доктор аз рӯи ихтисос,
директори МД «Хонаи китоби Тоҷикистон»







