ПАЁМ САНАДИ РАҲНАМО

 

Кормандони Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки санаи 28-уми декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, тамошо намуданд.

Паём ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои мардуми кишвар маҳсуб ёфта, ба хотири амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи давлат муайян гардидааст.

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои рушду пешрафти он шароиту имконоти зарурӣ муҳайё месозад.

Дар ин замина соҳаи фарҳанг низ ҳамчун рукни муҳими сиёсати давлатӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Роҳбарияти Олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар Паёми имсола Сарвари давлат ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки: Фарҳанг ҳастии миллат аст. 

Ҳамчунин ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур доданд, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ тамоми муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар ҳама шаҳру ноҳияҳо таъмиру таҷдид гардида, бо шароити зарурии корӣ муҳайё карда шаванд.

Мо кормандони соҳаи фарҳангро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ фаъолият намуда, саҳми худро дар таҳкими истиқлолияти сиёсӣ ва устувории ваҳдати миллӣ гузорем.

Дар маҷмуъ Паёми имсолаи Роҳбари давлат фарогири масоили рӯзмарраи ҳаёти имрӯзаи кишварро дар бар гирифта, он роҳи дурахшони зиндагии ҳар як сокини кишварро муайян месозад.