Хабар
Дида шуд: 141
Танзими ҳуқуқии менеҷменти китобдорӣ яке аз омилҳои муҳими рушди фаъолияти китобхонаҳо дар шароити муосири кишвар ба шумор меравад. Дар давраи ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, китобхонаҳо на танҳо ҳамчун макони нигоҳдории китобҳо, балки ҳамчун марказҳои иттилоотӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ фаъолият менамоянд.
Фаъолияти китобдорӣ, пеш аз ҳама ба китобхонаҳо тааллуқ дошта, дар навати худ онҳо ба ҳайси ташкилот баромад мекунанд ва самти асосии фаъолияти онҳо расонидани иттилоот ва маводу маълумоти мухталиф ба муҳақиқон, донишҷуён, унвонҷуён, докторантон, номзадони илм ва қишрҳои ҷомеа мебошад.
Ҳамин тариқ, ҳуқуқи китобдорӣ як қисми ҳуқуқи иттилоотӣ ба ҳисоб рафта, маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқиро дар худ ифода менамояд. Истилоҳи «ҳуқуқи китобдорӣ» ба номи объекти асосии он, яъне китобхона асос меёбад, ки вобаста ба он, ё худ дар алоқамандӣ бо он муносибатҳои ҷамъиятӣ ба низом дароварда мешаванд.
Ҳар чи қадаре, ки заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти китобдорӣ ҳамаҷониба вусъат бахшида шавад, ҳамон андоза имконияти рушди соҳаи мазкур зиёд мегардад. Бар замми ин, мушаххасгардонии ҳуқуқи китобдорӣ барои донишмандон, муҳақиқон ва коршиносони муосири соҳаи китобдорӣ ва китобшинос имконият медиҳад, ки проблемаҳои ҷузъӣ ва муҳими ин ҷода ҳалли илмии худро биёбанд.
Инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» низ амал менамояд. Дар доираи ин қонун масъалаҳои ҳуқуқии ташкил, ҳифз ва рушди фаъолияти китобдорӣ дар кишварамон муайян мегардад. Дар шароити муосир қонунгузории соҳаи китобдорӣ ба масъалаҳои нав, аз қабили рақамикунонии китобхонаҳо, ташкили китобхонаҳои электронӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ заминаи хубе фароҳам меорад. Дар баробари ин, сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг ва иттилоот низ ба рушди менеҷменти китобдорӣ таъсири калон мерасонад. Дар ин самт фаъолияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад, чунки сиёсати давлатиро дар соҳаи китобдорӣ амалӣ намуда, фаъолияти китобхонаҳоро ба роҳ меандозад.
Дар шароити имрӯза ташаккули менеҷменти китобдорӣ бомуваффақият анҷом гирифта истодааст. Менеҷменти китобдорӣ на бо манфиатҳои илмию академӣ, балки бештар ба манфиатҳои иҷтимоии ҷомеа ва фаъолияти самароноки китобхонаҳо дар тамоми самтҳо алоқаманд аст. Менеҷменти муосири китобдорӣ талаб менамояд, ки дар баробари риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ, усулҳои нави идоракунӣ низ ҷорӣ карда шаванд.
Хулоса Танзими ҳуқуқии менеҷменти китобдорӣ заминаи муҳими фаъолияти самараноки китобхонаҳо буда, барои рушди фарҳанг, баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа ва дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот мусоидат мекунад.
Саъдӣ Шамсуддинов,
сарнозири шуъбаи нозироти
стандарти нашр ва воридоти
нусхаҳои ҳатмии МД “АМСБРСК –
Хонаи китоби Тоҷикистон”