Хабар
Дида шуд: 355

Муассисаи давлатии “Хонаи китоби Тоҷикистон” дар муддати беш аз 90 соли фаъолияташ ба махзани бузурги осори илмию адабӣ ва таърихиву фарҳангӣ табдил ёфта, кормандони он дар ҳифзу гиромидошт ва муаррифии ин ганҷинаи гаронбаҳои миллат нақши муассир гузоштаанд.
Таҳлилу омӯзиши осори нашрии солҳои қаблӣ ба монанди китобу маҷалла ва рӯзномаҳои бойгонии муассисаро як зумра олимону муҳаққиқон аз қабили Қ.Б. Буриев, Ш.Комилзода, С.Ҳ. Шосаидзода, М. Муродӣ, А. Азимов, С.А. Пиров, С.С. Нодирзода, З. Шариф, М.Б. Баёнов, М. Ҷураев, О.В. Титова, Р. Муродова ба анҷом расонида, андешаҳои хешро дар шакли мақолаҳои илмӣ ва маҷмуаҳои алоҳида рӯйи нашр овардаанд.
Яке аз ин муҳаққиқон корманди муассиса, номзади илмҳои педагогӣ Сироҷиддин Пиров ба шумор рафта, дар муаррифӣ ва таҳқиқи мероси илмии бойгонии “Хонаи китоби Тоҷикистон” саҳми арзанда гузошта, маълумоти мукаммали осори нодири чопиро ба доираи васеи хонандагон пешкаш намудааст.
Муҳақиқ Сироҷиддин Пиров дар риштаи улуми педагогика пажуҳиши илмӣ анҷом дода, дар мавзуи “Афкори педагогии Фахруддини Розӣ ва нақши он дар ташаккул ва тарбияи инсони комил” соли 2019 зери роҳбарии академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон М. Лутфуллоев рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст.
Номбурда муаллифи зиёда аз 70 мақолаи илмӣ-оммавӣ ва китобҳои зерин мебошад: 1. Фахруддини Розӣ ва андешаҳои ахлоқиву тарбиявии ӯ. – Душанбе: Аржанг, 2015. – 320с.; 2. Репертуари китоби солҳои 1922-1930-и Хонаи китоби Тоҷикистон: бо услуби сарчашмашиносӣ. – Душанбе: Кайҳон, 2021. – 476с.; 3. Фарҳанг ва ҷомеа. – Душанбе: Аржанг, 2022. – 352с.; 4. Тавсифи китобҳо. Репертуари китоби солҳои 1930-1931-и Хонаи китоби Тоҷикистон: бо услуби сарчашмашиносӣ. – Китоби 2. – Душанбе: Шоҳин-С, 2024. – 352с.; 5. Маърифати фарҳангии воқеоти зиндагӣ. – Душанбе: Истеъдод, 2025. – 424с.