Хабар
Дида шуд: 133
Китоби “Кохи беназир”-и нависанда ва муҳаққиқ Садриддин Ҳасанзода аз ҷониби Муассисаи нашриявии “Ирфон” дар ҳаҷми 175 саҳифа бо шакли зебову сифати баланд ба табъ расид. Китоб соли 2025 бо иштироки адибону олимон ва аҳли фарҳанги кишвар дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоӣ гардид. Дар маҷлиси рӯнамоии китоб муҳаққион ба мазмуну муҳтавои он баҳои баланд дода, инчунин, аҳаммияти баланди илмӣ, таърихию фарҳангӣ доштани онро махсусан таъкид намуданд.
“Кохи беназир”, ки дар он сухан дар бораи “Кохи Наврӯз” меравад, воқеан пажуҳиши арзишманду камназир аст. Рисолаи мазкур як навиштаи маъмулӣ нест, зеро дар он сухан доир ба шоҳкори меъмориву фарҳангии миллати тоҷик – “Кохи Наврӯз” меравад, ки он бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 поягузорӣ ва соли 2014 ифтитоҳ гардид.
Муаллифи рисола нависанда ва муҳаққиқи сермаҳсул Садриддин Ҳасанзода дар таҳияи китоб заҳмати зиёде кашидааст, то китоб ба мазмуну муҳтаво ва шакли зебо ба табъ расад. Сарсухани рисоларо академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессори Донишгоҳи байналмилалии таълими бунёдӣ Олим Рабиев навиштааст. Ҳамчунин, дар оғози рисола андешаҳои доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мурод Муродӣ низ интишор гардидааст. Олимони зикршуда ба асар баҳои баланд дода, хизмати муаллифи рисоларо дар он медонанд, ки симои кохи муҳташам ва шахсоне, ки барои ба вуҷуд овардани ин шоҳкори миллат заҳмат кашидаанд, дар авроқи таърих сабт карда, ба ояндагон ба мерос гузоштааст. Аз ҷумла, академик Олим Рабиев дар сарсухани рисола навиштааст: “Муаллифи рисола, муаллифи лоиҳа, даҳҳо устоҳои халқии сатҳи ҳирфаияташон олӣ, шогирдони содиқу чирадаст ва ҷустуҷӯкори онҳо зимни ёддошти худ, ки дар муддати нуҳ сол ғун овардаанд зарра-зарра, шоистаи зикр донистаанд ва эътироф намудаанд ҳақиқати таърихро. Сармеъмор, ташаббускор, маслиҳатгару илҳомбахши нозукбину дурандеш, таҳлилгари борикбин, поягузору бунёдгари аслии Кохи Наврӯз – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд”.
Муаллиф бисёр бо самимияту муҳаббат сараввал ёде аз нақшҳо ва ҳунари кандакории ниёгони тоҷик намуда, ҳамзамон равнади бунёд ва ибтикороти Пешвои миллат дар иншоотро ба қалам дода, сипас дар бораи ҳар як толори кох ва устоҳои чирадасти он бидуни суханпардозиҳои зиёд, зебову мухтасар шарҳу тавзеҳ дода, ҳақиқати имрӯзро дар авроқи ин рисола барои ояндагон сабт кардааст.
Профессор Мурод Муродӣ рисоларо аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ба чор бахш тақсим намудааст. Аз ҷмла ӯ менависад: “Мундариҷаи рисоларо, ки дар заминаи омӯзиши манбаъҳои ҳуҷҷатӣ, мушоҳидаҳои бевоситаи муаллиф, суҳбат бо мутахассисони соҳаи меъморӣ шакл гирифтааст, аз рӯйи мавзуъ ва моҳияти он ба чор бахш метавон ҷудо намуд:
- Руҷуи хулосавӣ ба ҳунари наққошӣ ва кандакории ниёгон;
- Раванди бунёди Кохи Наврӯз, бахусус ташаббус ва иқдомҳои Пешвои миллат бар бунёди ин Кохи беназир;
- Муаррифии толорҳои алоҳида;
- Тавсифи ҳунар ва мактабҳои касбии устоҳои моҳир.”
Пайдо кардани сарчашмаҳо, суҳбат бо меъморону сохтмончиён дақиқ кардани факту далелҳо доир ба сохтмони кох, инчунин, зина ба зина дар рисола шарҳу тафсири онҳо бидуни суханпардозиҳои зиёд, албатта маҳорату заҳмати зиёдро тақозо мекунад. Муаллиф ҳама назокатҳои нигоришро ба назир гирифта, китобро бо забони шевову равон таълиф кардааст.
Китоб аз ҷиҳати таъиноти хонандагӣ ба оммаи весеъи хонандагон пешбинӣ шуда аст. Хусусан, барои меъморону лоиҳакашон, рассомону наққошон, таърихшиносон, сайёҳон ва дар маҷмуъ дӯстдорони фарҳангу санъат хеле иттилои арзишмандро пешниҳод менамояд.
Доир ба шахсияти муаллифи китоби “Кохи беназир” Садриддин Ҳасанзода ҳаминро бояд гуфт, ки ӯ шахсияти ҷӯяндаву серталош буда, осори зиёде таълиф кардааст. Китоби “Кохи беназир” яке аз онҳост, ки самара ё маҳсули ҷустуҷӯҳо, маслиҳатҳо ва заҳматҳои шабонарӯзӣ, аниқтараш шашсолаи нависанда мебошад. Маврид ба зикр аст, ки ҳануз ду сол қабл нависанда Садриддин Ҳасанзодаро дар роҳравӣ Муассисаи нашриявии “Ирфон” во хӯрдам, ӯ дар ҳол китоби “Кохи беназир”-ро аз ҷузвдон бароварда иброз доштанд: “Аз Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик омадам, гулҳо ва нақшҳои муқоваи китобро ба мутхассисон нишон додам, ки оё мувофиқ ҳастанд. Назари шумо чист?” Инҷониб назари худро гуфтам ва сипас ба хулосае омадам, ки нависанда Садриддин Ҳасанзода новобаста аз сину сол ва таҷрибаи рӯзгор, аз ҷавонон низ маслиҳату машваратҳо мепурсанд, ки ин хислати инсонҳои неку ҷӯянда аст.
Инҷониб корманди Муассиса давлатии “АМСБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон” мебошам. Маврид ба таъкид аст, ки яке аз самтҳои фаъолияти муассисаи мо ҳифзи осори тозанашр ба наслҳои оянда мебошад. Рисолаи “Кохи беназир”, ки алакай нусхаҳои ҳатмии он ба махзани Муассисаи давлатии “Хонаи китоби Тоҷикистон” ворид шудаанд, иттилооти арзишмандро доир ба шоҳкории меъморию фарҳангии миллати тоҷик “Кохи Наврӯз” ба наслҳои оянда ба мерос мегузорад. Зеро дар соли 2019 “Кохи Наврӯз” дар Душанбе ба унвони яке аз ҳашт муъҷизаи муосири Созмони Ҳамкории Шанхай пазируфта шуд. Имрӯз мо шоҳид ҳастем, ки ҳамарӯзу даҳҳо сайёҳон аз ин кохи муҳташам дидан намуда, ба ҳунару зебоипарастии халқи тоҷик ошно мегарданд.
Навиштани чунин рисолаҳо дар бораи иншоотҳои муҳими таърихию фарҳангӣ, ки ташаббускорон, меъморону бинокоронашон дастрас ҳастанд, ба манфиати таъриху фарҳанги миллат аст. Пас аз гузаштани солҳо, танҳо мо ба маъхазҳо, навиштаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо такя карда метавонему халос. Аз ин рӯ, дар навиштани ингуна китобҳои арзишманд таъхир набояд кард ва заҳмати муаллифонеро, ки ингуна китобҳои муфидро менависанд қадр бояд кард.
Маврид ба зикр аст, ки нахустин қиссаи нависанда “Кабки рав” соли 1989 эҷод гардида буд, ки диққати нависандаи маъруфи тоҷик Мутеулло Наҷмиддин ва дигаронро ба худ ҷалб карда буд. Садриддин Ҳасанзода аз аввалин касоне буд, ки дар қиссаи “Кабки рав” дар баробари масоили гуногуни рӯзгор мушкилоти ҳифзи табиат ва муборизаи беамон бурдан ба харобкунандагони табиатро дар ин қисса ба миён гузошта, диққати ҷомеаро ба ҳифзи табиат ҷалб кард. Сипас дар баробари фаъолияти меҳнатиаш дигар қисаву ҳикояҳо ва пажуҳишҳои ӯ пайи ҳам нашр гардиданд. Албатта, дар бораи таълифоти Садриддин Ҳасанзода, ки шуморашон хеле зиёд аст, метавон соатҳо ҳарф зад.
Тавре ки иттилоъ дорам, яке аз корҳои мондагоре, ки Садриддин Ҳасанзода анҷом додаанд, таҳияи баёзи “Номоварони адабиёти форсу тоҷик” мебошад, ки айни замон дар таҳриру такмил қарор дорад ва умедворем, ки имсол ин китоби арзишманд ба дасти хонандагон мерасад.
Ҳамчунин, нависанда якчанд мақолаи илмӣ-оммавии арзишманди дигареро низ дар бораи “Маҷмааи Истиқлол” навиштаанд, ки ба назарам фишурдаи онҳо тариқи матбуоти даврӣ алакай пешниҳоди хонандагон гардид. Албатта, боварӣ дорем, ки онҳо ҳам дар шакли як рисола пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.
Нақши Муассисаи нашриявии “Ирфон” низ дар чопи рисолаи “Кохи беназир” ва дигар китобҳои арзишманд хеле назаррас аст.
Дар интиҳо бояд қайд кард, ки нашри китоби “Кохи беназир” ба муаллиф ва ба ҳамаи мо муборак бошад. Ба нависанда ва муҳаққиқи серталош Садриддин Ҳасанзода дар ҷодаи таҳқиқу эҷод, барору комёбҳои нав ба нав орзумандем.
Муҳаммаднабӣ БАЁНӢ, номзади илмҳои филологӣ,
муовини директори МД “Агентии миллии Созмони байналмилалии
рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон”