Санаи 29-уми ноябри соли 2023 дар толори Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони баналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон», ҳамоиши илмӣ ва намоиши китоб дар мавзӯи «Масъалаҳои муҳими матбуоти даврии тоҷик дар солҳои 1920-1930 ва аҳамияти онҳо дар ҳаёти иҷтимоии муосир» баргузор гардид. Дар ҳамоиш олимону мутахассисони соҳа аз вазорату идораҳои кишвар ширкат намуданд.
Ҳамоишро директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони баналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон» Сайзароб Нодирзода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам намуд.
Дар ҳамоиши илмӣ доктори илмҳои филология, профессор Аъзамҷон Азимов дар мавзӯи Нақши рӯзномаи “Овози тоҷик” дар тарбияи мухбирон, доктори илмҳои филология, профессор Мурод Муродӣ дар мавзӯи Маҷаллаи “Раҳбари дониш” ва ташаккули нақди адабӣ, номзади илмҳои филология Мирзоалӣ Ҷӯраев дар мавзӯи Баҳси масъалаи алифбо дар матбуоти даврии солҳои бисту сиюми садаи ХХ, муовини директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони баналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон» дар мавзӯи Назми публитсистӣ дар рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” баромад намуданд.
Дар охири ҳамоиш С. Шосаидзода, Ш. Комилзода, М. Атоев ва дигарон фикру ақидаҳои худро оид ба масъалаҳои муҳими матбуоти даврӣ ироа намуданд.