Масъулияти Агентии миллии ISBN ва ноширон
ISBN
Дида шуд: 409
Масъулияти Агентии миллии ISBN –и Тоҷикистон ва ноширон
Агентии миллии ISBN, ки дар ҳайати Хонаи китоби Тоҷикистон фаъолият мекунад, барои умури зайл масъул аст:
–тахсиси ISBN ба ноширон;
–расонидани ёрии методӣ роҷеъ ба истифода ва корбурди дурусти ISBN ба ноширон;
–таҳияи манбаи қайди маълумотҳо доир ба ноширони ватанӣ;
–назорати ҷобаҷогузории дурусти ISBN аз тарафи ноширон;
–ироаи маълумот доир ба ноширони кишвар ба Агентии Байналмилалии ISBN;
–назорати вазъи воридоти нусхаҳои ҳатмӣ-назоратӣ ба Хонаи китоби Тоҷикистон.
Ноширон ва муассисаҳои табъу нашр барои риояи умури зайл масъуланд:
–танҳо ва танҳо истифода бурдани арқоме, ки Агентии милллии ISBN-и Тоҷикистон ба онҳо пешниҳод намудааст;
–дарҷи рақами ISBN дар ҳама осори нашрӣ;
–ба дигар ношир надодани арқоми ISBN-и худ;
–истифода набурдани рақамҳои ISBN-и дигар ноширон;
–пешниҳоди маълумоти пешакӣ ба Агентии миллии ISBN дар бораи ба анҷом расидани рақамҳои дарёфтшуда;
–пешниҳоди маълумоти пешакӣ ба Агентии миллии ISBN оид ба тағйирёбии номи нашриёт, суроғаи ҳуқуқӣ ва қатъ гардидани фаъолият;
–дарёфти саривақтии рақами нави қайд ва рақамҳои ISBN дар сурати дигар шудани номи ҳуқуқии ношир ва ё тамоми шудани рақамҳои пешниҳодшуда;
- сари вақт ба Хонаи китоби Тоҷикистон пешниҳод намудани нусхаҳои ҳатмӣ-назоратии аснод.