Мавқеи ISBN дар осори чопӣ.
Дар маҳсулоти китобӣ ва осори нашрӣ бо хати Брайл ISBN дар пушти варқаи унвонӣ аз поён, дар тарафи чап, бо ҳуруфи андозаи 9-10, ба чашм хоно аз рӯйи ГОСТ-и 7.0.4–2006 «Нашр. Маълумоти барориш. Талаботи умумӣ ва қоидаи таҳия» оварда мешавад. Агар пушти варақаи унвонӣ набошад ва ё имкони ҷой додани аломати барориш дар пушти варақаи унвонӣ вуҷуд надорад, дар ин сурат ISBN дар саҳифаи дуюм (сеюм, чорум)-и муқова ва ё дар варақаи охир, ки аломати барориш дарҷ карда мешавад, ишора мегардад. Дарҷи ISBN бояд на камтар аз 9 банди шрифти кегел, равшан ва осонхон бошад. Дар китобҳои аудиоӣ ва видеоӣ ISBN дар қуттии мавод дарҷ мегардад. Дар мусаввараҳои шакли маҷаллавӣ, тақвимҳои варақгардон ISBN дар саҳифаи чоруми муқова нишон дода мешавад. Дар осори нашрии харитавии варақӣ ISBN дар қисмати поёнии варақ ва ё пушти варақ оварда мешавад. Дар осри нашрии харитавии дар шакли китоб нашршуда ISBN аз тарафи чап, дар қисмати поёнии пушти варақаи унвонӣ дарҷ мегардад. Дар осори нашрии микрошакл ISBN дар бастабандии аввал ва пушти варақаи унвонӣ мутобиқи маҳсулоти чопшуда оварда мешавад.
Маълумот: ISBN дар пушти варқаи унвонӣ, аз поён, аз тарафи чап бо ранги сиёҳ (бо шрифти андозаи 9 ё 10) гузошта мешавад. Дастур дода мешавад, ки он дар якҷоягӣ бо «штрих-код» дар муқова, дар поён ва аз тарафи рост дарҷ гардад.