Осори нашрие, ки ба онҳо ISBN дода мешавад
Тамоми намуди осори нашрӣ, ки дар зер оварда мешаванд, сарфи назар аз мавзӯъ ва усули паҳнкунӣ (ба фурӯш бароварда мешаванд ва ё ба таври ройгон тақсим карда мешаванд), бояд ISBN гиранд:
Маҳсулоти чопӣ:
- тамоми намуди китобу ҷузва:
- солномаҳои санаддор;
- мусаввараҳо дар шакли китоб ва ё маҷалла, ки ба ҷуз тасвир боз матн доранд, аз ҷумла тақвимҳои дар шакли китоб ва ё маҷалла чопшаванда, тақвимҳои варақгардон, ки матн доранд;
- атласҳо:
- чопи китобҳо бо хати Брайл (барои нобиноён);
- китобҳои микрошакл:
-дафтарҳое, ки матни таълимӣ доранд.
Маҳсулоти чопии электронӣ:
- маҳсулоти чопии электронии маҳдуд ва шабакавӣ, аз ҷумла тавассути Интернет;
- нашри маҳсулоти чопӣ дар шакли электронӣ;
- маводи баномавии таълимӣ, истеҳсолӣ-таҷрибавӣ;
- нашри электронии мултмедийӣ;
Осори нашрии омехта ва ҳамбаста:
– осори нашрии омехтаи кулл, ки аз осори нашрии алоҳидаи васоити мухталифи паҳнкунандаи мавод иборат аст;
– маҷмӯъи осори нашрӣ, ки дорои матн аст;