Риояи муқаррароти қонунгузорӣ

Иқтибос аз Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Моддаи 373. Риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи воситаҳои ахбори омма

  1. Барои нашр ва паҳн кардани матбуоти даврии чопӣ, китоб ва маҳсулоти дигари чопӣ, ки дар онҳо муқаррароти қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла стандарти китоб, ББК, ШБСК (ISBN), маълумоти нашр, рамзи нашриёт, аломати ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ғайра) риоя нашудааст,-

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 Моддаи 509. Риоя накардани тартиби муқарраргардидаи ройгон фиристодани нусхаҳон назоратии маҳсулоти чопӣ

  1. Барои риоя накардани тартиби муқарраргардидаи ройгон фиристодани нусхаҳои назоратии маҳсулоти чопй аз ҷониби корхонаҳои полиграфӣ, ки чунин маводро нашр мекунанд, -

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, - ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 Моддаи 520. Риоя накардани тартиби расонидани нусхаи ҳатмӣ

Барои аз тарафи истеҳсолкунанда дер ё нопурра расонидани ҳуҷҷатҳои нусхаи ҳатмӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва ташкилотҳо, - ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.