Рақами стандарти байналмилалии китоб - ISBN

РАҚАМИ СТАНДАРТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБ : ISBN(International Standard Book Number)

       Рақами стандарти байналмилалии китоб (минбаъд дар ин дастур ISBN) – ҷузъи муҳими маълумоти барориши осори нашрӣ буда, дар тамоми ҷаҳон дар бахши тиҷорати китоб ва умури ноширию китобдорӣ истифода карда мешавад. Масъалаи талабот ва иҷроиши низоми рақамгузории китоб бори аввал дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба «Тадқиқоти бозори китоб ва навсозии тиҷорати китоб» моҳи ноябри соли 1966 дар Берлин мавриди баррасӣ қарор гирифт. Он вақт қисми зиёди ноширони урупоӣ барои баррасии суфориш ва назорати ҳолати анборҳои китоб хостанд аз технологияи муосир, яъне компютерҳо истифода кунанд ва тадқиқотҳо нишон доданд, ки барои осонии кор дар самти мавриди назар рақамгузорӣ барои ҳар як номгӯйи китоб беҳтарин васила аст. Дар ибтидо яканд ношир аз ин усул истифода намуд ва баъдтар маълум гардид, ки то тамоми ноширон ба ин низом фаро гирифта нашаванд, мушкилоти марбути бозори китоб ҳалли худро намеёбад. Бо ҳамин низоми рақамгузории китоб мақоми байналмилалӣ касб намуд. ISBN дар таҷрибаи ҷаҳонӣ аз соли 1972 инҷониб (стандарт ISO 2108 – 1972) ба таври густурда мавриди корбурд қарор дорад. Зиёда аз 30 сол боз ISBN имкон медиҳад, ки тавассуташ кишвари нашркунанда, ношир ва ҳамчунин худи китоб дар сатҳи байналмилал муаррифӣ гардад. ISBN дар тамоми олам паҳн гардида, дар зиёда  аз 170 кишвари олам мавриди истифода қарор дорад. Як ISBN барои як номгӯйи китоб пешбинӣ шуда, наметавонад барои нашри дигар китобҳо истифода гардад. Дар кишвари мо ҳанӯз аз замони Шӯравӣ, аз солҳои 1987 он мавриди баҳрабардорӣ қарор дошт. Боис ба тазаккур аст, ки он солҳо дар ҷумҳурӣ шумораи нашриёт ангуштшумор буд ва бо аз миён рафтани кишвари Шӯроҳо баъзе аз ноширон, аз ҷумла «Ирфон» ва «Адиб», ки қаблан  аз ISBN истифода мебурданду ҳанӯз захираи арқом дар даст доштанд, истифодаи онро солҳои баъд ҳам идома дода, китобҳои худро бо идентификатори (шиносаи) Руссия дар низоми ISBN ба нашр расониданд.

  Дар замони истиқлолият соҳаи табъу нашри кишвари мо рушду густариш ёфт. Имконият фароҳам омад, ки муассисаҳои табъу нашри ѓайридавлатӣ таъсис ёбанд ва дар муддати 16 соли истиқлолият теъдоди онҳо ҳамроҳ бо муассисоте, ки ҳуқуқи чопи китобро доранд, аз 80 гузашт. Ин зарурат ба миён овард, ки таваҷҷӯҳ дар ин самт бештар гардад, фаъолияти соҳа ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кунонида шавад. Ҳамин буд, ки масъалаи муаррифии китоби тоҷик дар сатҳи байналмилал, пайдо кардани мавқеъ дар бозори ҷаҳонии китоб ва фарохтар гардонидани доираи тиҷорати он ба миён омад. Бо робита ба ин, тавре дар фавқ ишора шуд, бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июли соли 2005 ҷумҳурии мо ба Созмони байналмилалии ISBN пазируфта шуд ва шурӯъ аз соли 2006   ISBN мавриди истифодаи ноширон қарор гирифт.

  Низоми ISBN-ро Агентии байналмиллалии ISBN роҳбарӣ менамояд. Он дар ҳар як кишвари аъзои худ Агентиҳои миллӣ дорад, ки масъулияти он аз пазируфтани ноширони маҳалӣ ба узвияти хеш, ба онҳо тахсис додани идентификатори хос, ироаи маълумоти марбути ноширон ба Агентии байналмилалии ISBN, назорат бурдан аз болои истифода ва корбурди дурусти ISBN ва фароҳам овардани нусхаҳои ҳатмӣ- назоратии осори нашрӣ иборат аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Агентии миллии ISBN-ро Хонаи китоби Тоҷикистон (собиқ Палатаи давлатии китоб) иҷро мекунад.