Забони модарӣ ва истиқлоли миллӣ

   Забони модарӣ ва истиқлоли миллӣ [Матн]: маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 95-солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Забони модарӣ ва Истиқлоли миллӣ» Ба ифтихори рӯзи байналмилалии забони модарӣ / мурат.: А.А. Раҷабов, Ҷ.А. Валиев, Ҳ.Ҷ. Зокирзода. – Душанбе: ДДОТ, 2026. – 174 с.; 29 см. – 100 н. – ISBN 978-9906-704-56-4.

   Мундариҷа: Пешгуфтор. – С.4-5; Вализода Ҳ. Нақши Худойдод Ҳусейнов дар шаклгирии забоншиносии навини тоҷик. – С.6-15; Ғаффоров А. Алоқаи калимаҳо бо пешояндҳои аслӣ дар «Бадоеъ ул-вақоеъ» и Зайниддин Махмуди Восифӣ. – С.16-22; Элбоев В. Ҷойгоҳи мақол ва ифодаҳои маҷозӣ дар достони «Ҷони ширин»-и Мирзо Турсунзода. – С.23-29; Қурбонзода М., Қурбонова З. Забон як рукни ташаккули миллат. – С.30-35; Хокироев Р. Забон ифодагари  номи миллат аст. – С.36-40; Саидова Ҷ. Забон ва истиқлол(дар мисоли осори А. Самад). – С.41-47; Раҷабов А. Забони модариӣ ҳамчун пояи истиқлоли миллӣ. – С.48-50; Шоев А. Зарурат ва аҳммияти забондони аз нигоҳи Аҳмади Дониш. – С.51-55-; Валиев Ҷ. Забони модарӣ ва арзишҳои маънавию таърихии он. – С.55-57; Каримова М. Омӯзиши қадимтарин намунаҳои хаттии забони тоҷикӣ дар асари «Забони миллат-ҳастии миллат» аз нигоҳи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – С.58-61; Юсуфзода М., Асомиддинзода С., Кароматуллои У. Забони тоҷикӣ-арзишу васфи он дар гуфтори сиёсатмадорон ва аҳли илму адаб. – С.61-68; Зокирзода Х. Забони миллӣ ва ташаккули худшиносии ҷавонон. – С.69-72; Асомиддинзода С., Кароматуллои У. Нақши китоби «Забони миллат -ҳастии миллат»- Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар омӯзиши таърих ва ташаккулли забони тоҷикӣ. – С.72-80; Мухаммадохирзода  Ҳ. Забон ва сабки баёни осори Сорбон.– С.81-88; Зоитова М. Воҳидҳои луғавии марбут ба растаниҳо дар «Луғати нимтафсилии тоҷикии  барои забони тоҷики барои адабии тоҷик»-и С. Айнӣ – С.88-97; Фатҳуллозода Қ. Номвожаҳои сода дар «Сафарнома»-и Носири Хусрав. – С.97-99; Муҳаммаднабизода А. Истилоҳоти иқтисодии иқтибос аз забони англисӣ дар забони тоҷикӣ. – С.100-104; Неъматова Д. Хусусиятҳои калимасозии пасванди «истон» дар осори Лоиқ Шералӣ. – С.105-110; Шерализода М. Диалектизмҳо - як манбаи муҳимми пайдоиши калимаҳои синонимӣ дар ашъори Мухаммад Ғоиб. – С.110-118; Шоимардзода М. Корбурди пешванди «-ҳам»дар осори Муҳаммад Иқбол. – С.119-123; Азимов Ҷ., Фазлиддинзода А. Таълими забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ беҳбудӣ мехоҳад. – С.124-130; Нуъмонзода М. Корбурди пешояндҳоим сода дар ашъори Лоиқ Шералӣ. – С.131.-138; Тоирзода А. Вожасозии пешванди сифатсози «бе» дар ғазалиёти Ҳабибулло Файзулло. – С.139-141; Раҳмонова М. Омӯзиши технологияҳои рақамӣ дар баланд бардоштани самаранокии дарсҳои забон. – С.142-145; Ниёзода Ш. Истеъмоли луғоти қадима дар ашъори Абушакури Балхӣ. – С.146-159; Соҳибназарзода М. Корбурди пасвандҳои исми маконсози гоҳ- гаҳ ва- истон дар осори Бадриддин Ҳиллолӣ. – С.160-166; Қараев С. Пасвандҳои калимасоз дар ашъори Ғаффор Мирзо. – С.167-170; Ҳафиззода М. Гирдронимияи «Таърихи Бухоро». – С.170-173.

МАТБУОТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ОИНАИ МАТБУОТИ МИЛЛИИ ТОҶИК

 

   «Матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1986-2025) маҷмуаи оморӣ» идомаи мантиқии нашрияи омории «Матбуоти РСС Тоҷикистон (1981-1985)» ба шумор меравад. Зеро дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаи табъу нашр дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада, теъдоди нашри китобҳо ва матбуоти даврӣ афзоиш ёфта, дар баробари ин, равандҳои нави ташаккул ва рушди соҳа ба миён омаданд.
 
   Маводи омории мазкур на танҳо барои китобшиносон, мутахассисон ва кормандони соҳаи табъу нашр аҳаммияти муҳим дорад, балки метавонад мавриди истифода ва баҳрабардории муҳаққиқон, донишмандон ва алоқамандони соҳаҳои гуногуни илм низ қарор гирад. Он барои омӯзишу таҳлили вазъи матбуот, фаъолияти табъу нашр ва таҳаввулоти ин соҳа дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон заминаи муфиди иттилоотӣ фароҳам меорад.
 
   Зафари Шариф, директори МД «Агнетии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» дар пешгуфтори маҷмуаи оморӣ навиштааст:
Матбуот инъикоскунандаи ҳаёти ҷамъиятӣ буда, дар инкишофи худшиносию худогоҳии мардум нақши ниҳоят босазо дорад. Китобҳо, маҷаллаю рӯзномаҳо ва дигар осори нашрӣ дар ҷамъияти имрӯза воситаи асосии маҳфуз нигоҳ доштан ва интиқол додани дастовардҳои илмию техникӣ ва фарҳангию сиёсӣ ба наслҳои оянда ба шумор мераванд. Матбуоти тоҷик аз оғоз то ба имрӯз барои рушди ҷомеа, фаъолияти хуби мақомоту муассисаҳои давлатӣ ва таҳким бахшидани давлатдорӣ ва рушди  пешрафти кишвар, нақши муҳим бозидааст.

СОЛНОМАИ МАТБУОТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ОЙИНАИ ТАЪРИХИ МАТБУОТ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ МИЛЛАТ

 

   Бо сарфарозӣ ва ифтихори беандоза метавон иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар баробари рушду пешрафти соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, соҳаи табъу нашр низ ба таври назаррас рушд намуда, фаъолияти муассисаҳои нашриявӣ марҳила ба марҳила беҳтар гардидааст. Нашри китобҳои пурмуҳтаво, ба роҳ мондани фаъолияти мунтазаму густурдаи рӯзномаву ҳафтаномаҳо ва маҷаллаҳои илмию оммавӣ далели равшани таваҷҷуҳ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи табъу нашр мебошад.

   Ҷойгоҳи Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон» дар самти ҳифз, нигоҳдорӣ ва бақайдгирии осори чопӣ басо муҳим ва арзишманд аст. Ин боргоҳи илмию маърифатӣ дар тӯли беш аз 91 соли фаъолияти худ корҳои назарраси илмию библиографӣ ва таърихиро ба анҷом расонида, дар рушди соҳаи китобдорӣ ва библиографияи миллӣ саҳми арзанда гузоштааст.

   Қобили зикр аст, ки дар назди муассиса нашрияи илмӣ-библиографии «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият менамояд. Нашрияи мазкур дар як сол чор маротиба бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба табъ мерасад. Дар он китобҳо, авторефератҳо, инчунин маводи рӯзномаву ҳафтаномаҳо ва маҷаллаҳои илмию оммавии тозанашр аз ҷониби мутахассисони шуъбаи библиографияи давлатӣ ҷамъоварӣ ва коркард гардида, мазмуну муҳтавои онҳо мавриди омӯзишу таҳлил қарор мегирад. Сипас, маълумоти зарурӣ дар шакли тасвирҳои библиографӣ таҳия ва дар саҳифаҳои «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷой дода мешаванд.

Теғи қалам

  Гуё, Ҳ. Теғи қалам / Ҳ. Гуё; муҳ. А. Акбар. – Душанбе: Адиб, 2026. – 112 с.; 20 см. – 200 н. – ISBN 978-99975-2-454-6.

  Мундариҷа: Сафири ишқ. – С.3; Шаҳрванди Тоҷикистон. – С.4; Ояти шукрона. – С.5; Марди ваҳдатофарин. – С.6; Машъали фардои миллат. – С.7; Ватани озодӣ. – С.8; Ифтихор. – С.9; Овози шоир. – С.10; Даъват. – С.11; Душанбе. – С.12; Лаҳзаҳои хуби умр. – С.13; Пойтахти орзуҳо. – С.14; Майдони истиқлол. – С.15; Диёрам. – С.16; Шукрона. – С.17; Навбаҳори умр. – С.18; Ҳамтабори дарё. – С.19; Пешкӯҳа . – С.20; Мурғи илҳом. – С.21;  Тарҷумони дил. – С.22;  Дили пурзиёи модар. – С.23;  Сухани мо. – С.24;  Ватани ишқ. – С.25;  Садоқати зиндагӣ. – С.26; Субҳи обӣ. – С.27; Дар хонаи дил. – С.28; Аз боғи хотиротат. – С.29; Бӯи борон. – С.30; Дуруди зиндагӣ. – С.31;  Орзуи дидорат. – С.32; Чашмони ёр. – С.33; Сӯзи дил. – С.34; Духтари Дарғ. – С.35; Ёри дерина. – С.36; Табибон. – С.37; Меҳрубонӣ. – С.38; Меҳринигор. – С.39; Чанд рубоӣ. – С.40;. Шукрона. – С.41; Дар боғи падар. – С.42; Падарам хушназарам. – С.43; Модар. – С.45; Роҳи ишку орзу. – С.46; Ватан маънои ҳастиям. – С.47; Ғазали дӯстӣ. – С.48; Нури «Роғун». – С.49; Ваҳдат. – С.50;  Сарнавишт. – С.51; Барои устод Лоик Шералӣ. – С.52;  Ватандорӣ. – С.53;  Мактаби Истиқлол. – С.54;  Забони модарӣ. – С.55;  Душанбе. – С.56; Баҳоргоҳ. – С.57; Душанбе хонаи дилҳо. – С.58;   Шабҳои Душанбе. – С.59;  Меҳри Ватан. – С.60;  Тоҷикистонам. – С.61;  Овози тоҷик. – С.62;  Парчами мо. – С.63;  Маънии умр. – С.63;  Мактаби умр. – С.65;  Халқи шоирпарварем. – С.66;  Майи гулгун. – С.67;  Агар рафтӣ. – С.68;  Дарси ҳаёт. – С.69;  Зиндагӣ. – С.70;  Ҳамдами дил. – С.71; Суҳбати соҳибдилон. – С.72; Таҷаллӣ. – С.73;  Шукӯҳи Тоҷикистонро сароем. – С.74;  Хонаи ишқ. – С.75;  Дарси мардонагӣ. – С.76; Ваҳдатойин. – С.77;  Фарёд. – С.78;  Дар самои шоирӣ. – С.79;  Марсия дар марги духтарам Хуршеда. – С.80;  Гулғунча хуш омад. – С.81;  Себи Самарқанд. – С.82;  Гул ба кокул. – С.83; Чашмобачашм. – С.84;  Муроди дил. – С.85;  Дили афгор. – С.86; Оташи гул. – С.87; Ғазали дафтари ман. – С.88; Қадаҳи май. – С.89;  Орзуи нек. – С.90; Саломи ошиқ. – С.91; Гули умед. – С.92; Лекин чи кунам. – С.93; Азизи дил. – С.94; Ошиқам. – С.95;т Маҳрами роз. – С.96; Хаёл. – С.97; Чашмасори чашми ёр. – С.98; Дар тазмини Туғрал. – С.99;  Саломамро расон. – С.100; Ҷоми лабонат. – С.101;  Бо дӯстон. – С.102; Хуршеди саҳар. – С.103;  Нозанин омад. – С.104;  Изҳори ишқ. – С.105;  Чанд рубоӣ. – С.106.