БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯ ДАР ФИЛИАЛИ КАФЕДРАИ КИТОБХОНАШИНОСӢ ВА БИБЛИОГРАФИШИНОСӢ

 

  Имрӯз дар доираи барномаи Конференсияи илмию назариявии «Арзишҳои ҳувиятсози фарҳанги миллӣ» бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар филиали кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” дар Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон” конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар конференсия ҳайати устодон, унвонҷӯён, аспирантон, докторантон, магистрантон ва донишҷӯёни МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ва роҳбарияту кормандони МД “Хонаи китоби Тоҷикистон” иштирок ва суханронӣ намуданд.
  Конференсияро директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмиллалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон»‎, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва китобшиносӣ Зафари Шариф ҳусни оғоз бахшида, ба устодону донишҷӯён дар кори конференсия муваффақият таманно намуд. Ҳамчунин, ӯ дар мавзуи “Роҳандозии технологияи инноватсионӣ дар раванди таълими китобдорӣ” маъруза намуд. Инчунин, оид ба моҳият ва баргузории Ҳафтаи илм, таъсиси филиали кафедра дар Хонаи китоби Тоҷикистон, инноватсияи китобдорӣ, рақамигардонии осори нашрӣ дар замони муосир, ҷалби омӯзгорону донишҷӯён ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибаомӯзӣ дар Хонаи китоб, ки имрӯз бо технологияи нави соҳавӣ муҷаҳҳаз аст, ибрози андеша намуд.

Дидор

  Башир, У. Дидор [Матн] / У Башир. – Душанбе: ҶДММ “Чопи аср”, 2026. – 120 с.; 20 см. – 200 н. – ISBN 978-9906-9919-1-9

  Мундариҷа: Сарсухан. – С.3; Тазодҳо. – С.6-27; Дардҳо. – С.28-53; Талху ширини зиндагӣ. – С.54-87; Имтиҳони виҷдон. – С.88-111.

 

 

 

 

 

БОЗТОБИ ТАҲҚИҚИ БИБЛИОГРАФИЯИ КИШОВАРЗӢ ДАР ОСОРИ ИЛМИИ БӮРИЕВ ҚУРБОНАЛӢ БОЗОРОВИЧ (АБДУРАҲИМЗОДА ҚУРБОНАЛӢ БОЗОР)

  Соҳаи китобдорӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба хотири рушду такомул ва ба талаботи замони муосир мувофиқ гардонидани ин бахши муҳими илм иқдомҳои шоиста амалӣ гардида истодаанд.

  Дар ин замина зарур шуморидем, ки перомуни рӯзгору осори илмии яке аз муҳаққиқони соҳаи китобдорӣ, номзади илми таърих, дотсент, шодравон Бӯриев Қ.Б. (Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор) пажуҳиши мукаммалеро ба анҷом расонида, саҳми ӯро дар рушди илми китобдорӣ ва библиографияшиносии тоҷик ба таври васеъ инъикос намоем, зеро ин пажуҳишгар дар рушду камолоти соҳаи мазкур хидмати арзанда намудааст.

  Зиндагинома ва фаъолияти илмӣ-пажуҳишии Қурбоналӣ Бӯриев пеш аз ҳама аз ҷониби олимону муҳаққиқони соҳаи китобдорӣ ба монанди д.и.п., профессор С. Сулаймонӣ, н.и.п, дотсент Р. Шарофзода, н.и.п., дотсент Б. Сайфуллозода, н.и.п., дотсент С.Ҳ. Шосаидзода, н.и.п., дотсент Ш. Комилзода, н.и.п., дотсент Қ. Ғуломзода, дотсент Г. Маҳмудов, Ҷ. Раҷабов, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос С.С. Нодирзода, О.В. Титова, Б. Гуленова, А. Абдусамадов мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, ҳамчунин паҳлуҳои дигари фаъолияти Қ. Бӯриев дар мақолаҳои як қатор муҳаққиқони дигар ба монанди д.и.ф., профессор М. Муродӣ, А. Оқилов, Т. Некқадамов, Б. Каримзода, Х. Раҳимҷонов инъикоси худро ёфтааст.

  Қурбоналӣ Бӯриев шахсияте буд, ки дар таърихи халқи тоҷик дар риштаи илми библиография корҳои намоёнро ба анҷом расонида, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида буд.

Шоха бишканад, дил не

  Башир, У. Шоха бишканад, дил не [Матн] / У. Башир. – Душанбе: ҶДММ “Чопи аср”, 2026. – 144 с.; 20 см. – 200 н. – ISBN 978-9906-9919-2-6

  Мундариҷа: Сарсухан. – С.3; Дилеро сайди улфат кун. – С.6-25; Паймонаи ибрат. – С.26-57; Қадрдонӣ. – С.58-71; Ҳасрат. – С.72-87; Ашёи машҳур. – С.88-99; Хислат ва одат. – С.100-113; Аз забони ҷонварон. – С.114-123; Дар ҷустуҷӯйи маъно. – С.124-131.