Масъалаи ҷавонон ва нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеаи кишвар аз оғози даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии кишвар ба ҷавонон баёнгари он аст, ки онҳо қишри фаъоли ҷомеа маҳсуб ёфта, дар татбиқи сиёсати созандаю бунёдкоронаи давлат нақши муҳим мебозанд. Маҳз бо ташаббусҳои Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон қонуну қарорҳо, барномаҳои давлатии гуногунсоҳавии ҷавонон қабул гардида, чорабиниҳои зиёди муҳимми давлатӣ баргузор гардиданд, ки дар ҳаёти ҷавонон дар даврони Истиқлолият дастовардҳои хуби заминасозу маърифатбахш маҳсуб меёбанд.
Маврид ба зикр аст, ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мамлакат «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ба тавсиб расид, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани ҳувияту ватандӯстии ҷавонон ва таҳким бахшидани мавқеи онҳо дар ҷомеа мебошад.
Дар робита ба ин масъалаи муҳим, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш 16-уми декабри соли 2025 таъкид намуданд, ки «Мо сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, барои самаранок амалӣ гардидани он аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодаем. Зеро ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем. Имрӯз ҷавонони мо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд. Ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки ҷавонон дар он нақши фаъол надошта бошанд. Бовар дорам, ки ҷавонони бонангу номуси даврони истиқлол дар пешрафти иқтисоди миллӣ, тараққиёти давлат ва ободии Ватани худ минбаъд низ саҳми арзишманд мегузоранд. Мо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳаёти кӯдакон ва наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтари таҳсил ва кору фаъолият барои онҳо, яъне наслҳои ояндасози миллат ва Ватан минбаъд низ чораҷӯйӣ менамоем».
Дар сиёсати давлатии ҷавонон масъалаи соҳибкасб намудани онҳо мавқеи муҳим дорад. Ин нукта дар Паёмҳои қаблии Сарвари давлат низ ба таври хосса таъкид гардида буд. Албатта, соҳибкасб намудани ҷавонон ба онҳо имкон фароҳам меорад, то дар зиндагӣ мавқеи хешро пайдо намуда, дар пешрафти ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳми бештару фаъолтар гузоранд. Президенти кишвар вобаста ба сатҳи маърифатнокии ҷавонон иброз намуданд, ки: «Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад». Мавриди зикри хос аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонони имрӯза бояд ҳамқадами замона бошанд, ба мутолиаи китоб машғул шаванд, чунки ояндаи давлату миллат дар дасти онҳост.
Ба андешаи мо, муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа соҳиби дониш ва иттилооти фаровон будан аст. Иттилооту дониш бошад, асосан бо роҳи мутолиаи китоб ва дигар воситаи илмию адабӣ ба даст меояд. Аз ин рӯ, дар партави дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд.
Тоҷиконро дар ҳама давру замон бо фарҳанги воло ва таърихи пурғановаташон мешинохтанду мешиносанд. Тавассути осори баландмазмуни адибону донишмандони бузургамон таъриху фарҳанг ва илму адаби халқи тоҷик ба дигар қавму миллатҳо муаррифӣ гашт. Дар баробари ин, ниёкони мо низ барои баланд бардошани савияи дониш ва ҷаҳонбинии худ аз беҳтарин адабиёти ҷаҳон истофода мекарданд.
Боиси хушнудӣ аст, ки дар марҳилаҳои гуногуни таърихи давлатдории миллии тоҷикон ҳамеша шахсиятҳое ба майдони сиёсат қадам ниҳодаанд, ки ба шарофати ақлу заковати онҳо ҳар як насли нав тавонистааст ганҷинаи ниёгонро бо дурдонаҳои тоза ғанӣ гардонад, барои ояндагон мероси арзишмандеро боқӣ гузорад. Бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар саросари кишвар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Шоҳномахонӣ», баргузор гардида истодаанд, ки барои баланд бардоштани завқи китобхонии наврасону ҷавонон такони ҷиддӣ мебахшанд.
Бояд шукрона кард, ки мо ҷавонон дар айёми сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ дорем. Аз тамоми шароитҳои муносиб, ки бароямон муҳайё намудаанд, истифода бурда, баҳри рушду такомули илму маърифат дар ҷомеаи хеш саҳмгузор бошем. Барои ин, пеш аз ҳама, бояд ҷавонони мо ба таҳсил ва ё шуғли доимӣ фаро гирифта шаванд. Ҳамчунин, онҳоро ҳамеша ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ ҷалб намудан, дар дили онҳо муҳаббат ба меҳнат ва кӯшиш барои ободии як гӯшаи диёрро бедор намудан вазифаи муқаддаси ҳар кадоми мост.
Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат ояндаи миллату мамлакатро ба ҷавонон вобаста медонанд ва мунтазам таъкид менамоянд, ки ҷавононро бояд дар рӯҳияе тарбия намоем, ки чун фарзандони диловари Ватан, қаҳрамонони халқ - Спитамен, Темурмалик, Деваштич, Муқаннаъ, Восеи диловар ва садҳо тани дигар сипари Ватани азизи хеш бошанд.
Дар роҳи худшиносиву хештаншиносӣ ҷавононро, пеш аз ҳама, мебояд, ки осори пурғановати олимону адибони барҷастаи тоҷикро мутолиа намоянд. Аз ҷумлаи беҳтарин осор дар ҷодаи тарбияи ҷавонон асарҳои пурғановати Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад», «Ҷавонон-ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» ва амсоли инҳо мебошанд, ки зеҳну шуури ҷавононро тақвият мебахшад.
Мо ворисони шахсиятҳое ҳастем, ки дар саҳифаҳои таърихи миллат ва тамаддуни ҷаҳон бо осори гаронарзишу пурғановати хеш мақоми шоиста касб кардаанд, аз ин рӯ, дарки масъулияти баланди ворисият моро водор месозад, ки сабақи китобхонӣ, китобдорӣ, китобнависӣ ва муҳимтар аз ҳама, баҳрабардории амиқу самарбахш аз мазмуну асрори китобро на танҳо ба фарзандони хеш, балки ба насли бани башар биомӯзонем.
Ҳидоятҳо ва ҳикматҳои Пешвои миллат, ки ҳамасола дар қатори дигар масоили ҳаёти ҷомеа пешниҳоди ҷавонон мегарданд, мақоми хос дошта, барои бедорӣ ва тарбияи насли ҷавон таконӣ ҷиддӣ мебахшанд.
Зафари Шариф – доктори фалсафа (PhD)
доктор аз рӯи ихтисос директори
Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон»,
муаллими калони кафедраи
китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ







