НАҚШИ ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР ДАР РАҚАМИГАРДОНИИ МЕРОСИ МАЪНАВӢ

  Мероси таърихӣ ва фарҳангӣ маҷмӯи арзишҳои моддӣ ва ғайримоддиро дар бар мегирад, ки дар тули таърих ташаккул ёфта, таҷриба, ҷаҳонбинӣ ва худшиносии халқҳоро инъикос менамояд. Он ҳамчун яке аз рукнҳои асосии ҳувияти миллӣ, хотираи таърихӣ ва пайванди наслҳо хизмат намуда, дар ташаккули маърифати иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа нақши муҳим мебозад.
  Ҳифз ва омӯзиши мероси таърихӣ на танҳо вазифаи илмӣ, балки масъулияти иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, густариши равандҳои иттилоотӣ ва тағйироти босуръати иҷтимоиву фарҳангӣ, мероси таърихӣ ба таҳдидҳои гуногун, аз қабили фарсудашавии табиӣ, офатҳои табиӣ, таъсири фаъолияти инсон, муҳоҷират, ҷаҳонишавии фарҳанг ва коҳиши таваҷҷуҳи наслҳои ҷавон оварда мерасонад. Ин омилҳо зарурати ҷустуҷӯи роҳҳои муосир ва самараноки ҳифз, нигоҳдорӣ ва интиқоли арзишҳои таърихиро ба миён меоранд.
  Дар чунин шароит, технологияҳои муосир, бахусус равандҳои рақамигардонӣ, ҳамчун воситаи муассири ҳифзи мероси таърихӣ аҳаммияти хоса касб мекунанд. Рақамигардонӣ имкон медиҳад, ки объектҳои моддӣ ва ғайримоддии фарҳангӣ бо дақиқӣ сабт гардида, дар муҳити рақамӣ нигоҳдорӣ ва бозофарида шаванд. Ин раванд на танҳо ба пешгирии косташавӣ ва нобудшавии мерос мусоидат мекунад, балки имконияти дастрасии васеъ, омӯзиши фарогир ва истифодаи илмии онро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ фароҳам меорад.
  Рақамигардонии мероси таърихӣ ҳамчун як раванд ва самти муҳими фаъолияти илмӣ-амалӣ баррасӣ мегардад, ки ҳадафи он ҳифз, омӯзиш ва интиқоли объектҳои моддӣ ва ғайримоддии фарҳангӣ дар муҳити рақамӣ мебошад. Дар ҷараёни ин раванд китобҳои хаттӣ, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ёдгориҳои меъморӣ, ашёи осорхонавӣ, инчунин анъанаҳо, расму ойинҳо ва дигар шаклҳои мероси маънавӣ бо истифода аз технологияҳои муосири рақамӣ ба монанди сканеркунонӣ, аксбардории рақамӣ, сабти аудио ва видео, моделсозии сеандоза (3D) ва ташкили пойгоҳҳои иттилоотӣ сабт ва ҳуҷҷатгузорӣ карда мешаванд. Рақамигардонӣ имконият фароҳам меорад, ки мероси таърихӣ аз таҳдидҳои фарсудашавӣ, нобудшавӣ ва гумшавӣ ҳифз гардида, ҳамзамон дастрасии васеъ ва устувор ба он барои муҳаққиқон, донишҷӯён ва ҷомеаи илмии байналмилалӣ таъмин карда шавад. Илова бар ин, истифодаи технологияҳои рақамӣ ба таҳқиқи байнисоҳавӣ, рушди маърифати таърихӣ ва тарғиби арзишҳои фарҳангӣ дар сатҳи миллӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Ин раванд на танҳо нусхабардории оддӣ, балки таҳқиқи илмӣ, ҳифзи дарозмуддат ва таҳлили иттилоотӣ меросро дар бар мегирад.
  Сканерҳои баландсифат ва технологияҳои аксбардории рақамӣ дар равандҳои рақамигардонии мероси хаттӣ ва бойгонӣ нақши калидӣ мебозанд, зеро онҳо имконият фароҳам меоранд, ки дастхатҳо, нусхаҳои нодир, китобҳои қадима ва ҳуҷҷатҳои таърихӣ бо сатҳи баланди дақиқӣ ва сифати визуалӣ сабт карда шаванд. Бо истифода аз чунин технологияҳо, хусусиятҳои муҳимми ҳуҷҷатҳо, аз қабили хат, ороишоти саҳифа, нишонаҳои обӣ, ранги коғаз, осори фарсудашавӣ ва ислоҳоти дастнавис, бе осеб расонидан ба асл нигоҳ дошта мешаванд. Аҳаммияти ин усул махсусан барои ҳуҷҷатҳое зарур аст, ки бо мурури замон зери таъсири омилҳои табиӣ ва муҳити зист, аз ҷумла намнокӣ, ҳарорат, рӯшноӣ ва истифодаи такрорӣ, фарсуда ва осебпазир мегарданд.
  Рақамигардонӣ бо воситаи сканерҳо ва аксбардории касбӣ имкон медиҳад, ки истифодаи мустақими нусхаҳои аслӣ маҳдуд шуда, хатари нобудшавии онҳо коҳиш ёбад. Ҳамзамон, нусхаҳои рақамӣ барои таҳқиқоти илмӣ, таҳлили муқоисавӣ ва омӯзиши матнҳо дар муҳити рақамӣ шароити мусоид фароҳам меоранд.
  Истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи рақамигардонӣ ва омӯзиши мероси таърихӣ имкониятҳои нави методологиро фароҳам меорад. Алгоритмҳои зеҳни сунъӣ, бахусус усулҳои омӯзиши мошинӣ ва шабакаҳои нейронӣ, дар шинохти автоматии матнҳои қадимӣ, аз ҷумла хатҳои нодир, алифбоҳои куҳна ва услубҳои гуногуни хаттӣ, самаранок истифода мешаванд. Ин технологияҳо қодиранд матнҳои дастнависро, ки хондани онҳо барои инсон мушкил аст, бо сатҳи баланди дақиқӣ таҳлил ва рамзкушоӣ намоянд. Яке аз самтҳои муҳими татбиқи зеҳни сунъӣ барқарорсозии қисмҳои осебдида ё нопурраи осори хаттӣ ва бостоншиносӣ мебошад. Бо истифода аз моделҳои пешгӯишаванда, системаҳои зеҳни сунъӣ метавонанд шакл, матн ё нақшҳои гумшударо бар асоси маълумоти мавҷуда бозсозӣ намоянд. Дар маҷмуъ, татбиқи зеҳни сунъӣ дар таҳқиқи мероси таърихӣ ба баланд бардоштани дақиқӣ, суръат ва самаранокии таҳқиқоти илмӣ мусоидат намуда, уфуқҳои нави омӯзиши байнисоҳавиро дар илмҳои гуманитарӣ мекушояд.
  Таъсиси бойгониҳои рақамӣ ва платформаҳои кушода яке аз самтҳои калидии рақамигардонии мероси таърихӣ ба ҳисоб рафта, барои нигоҳдорӣ, мураттабсозӣ ва паҳн намудани сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ заминаи устувор фароҳам меорад. Чунин бойгониҳо имкон медиҳанд, ки маводҳои рақамишуда, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, дастхатҳо, осори бадеӣ, аксҳо, сабтҳои аудио ва видео дар муҳити электронии бехатар нигоҳдорӣ гардида, бо риояи меъёрҳои илмӣ ва техникӣ ба таври системавӣ идора карда шаванд.
  Платформаҳои кушода дастрасии васеъ ва баробарро барои олимон, донишҷӯён ва доираи васеи ҷомеа таъмин намуда, монеаҳои ҷуғрофӣ ва маъмуриро дар истифодаи манбаъҳои таърихӣ коҳиш медиҳанд. Ин раванд ба густариши таҳқиқоти илмӣ, омӯзиши фосилавӣ ва истифодаи байнисоҳавии маълумот мусоидат мекунад. Ҳамзамон, дастрасии озод ба мероси рақамишуда ҳамкории байналмилалии илмиро тақвият бахшида, мубодилаи дониш, таҷриба ва натиҷаҳои таҳқиқотро миёни муассисаҳои илмӣ ва фарҳангии кишварҳои гуногун фаъол мегардонад.
  Дар маҷмуъ технологияҳои муосир дар раванди рақамигардонии мероси таърихӣ ҳамчун омили муҳими ҳифз ва барқарорсозии хотираи таърихӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ ва таҳкими соҳаҳои гуногуни илм нақши арзишманд мегузорад. Татбиқи технологияҳои рақамӣ имкон медиҳад, ки арзишҳои таърихию фарҳангӣ дар шакли дақиқ, бехатару дастрас нигоҳдорӣ шуда, барои омӯзиш, таҳқиқоти илмӣ ва истифодаи ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад.
 
Носиров Қиёмиддин – саркитобшиноси шуъбаи
Агентии миллии ISBN ва Маркази миллии ISSN-и
МД “АМСБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон”