ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «КИТОБШИНОС»

   4-уми январи соли 2026 мутобиқи банди 29.30 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобшинос»-и Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» дар назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Ҳадафи ҷаласа интихоби раис ва муовини ташкилот, Шаҳру тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2025 ва тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2026 буд.
   Дар кори ҷаласа Юнусова Рухшона Сироҷовна – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Фарзонаи  Сулаймон – сармутахассиси шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобшинос», инчунин аъзоёни ҳизб иштирок намуданд. 

   Ҷаласаро директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон», доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯи ихтисоси китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва китобшиносӣ, дотсент, Зафари Шариф ифтитоҳ намуд. Сипас ҷаласаро Юнусова Рухшона Сироҷовна – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ идома дода, ҳозиронро ба рӯзнома ҷаласа шинос намуд, ки дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд: дар бораи интихоби раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобшинос»-и Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон»; шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16-уми декабри соли 2025; ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобшинос» оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда; тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобшинос» барои соли 2026 ва масъалаҳои ҷорӣ.

   Тибқи масъалаи якуми рӯзнома бо пешниҳоди аъзои ташкилот якдилона Зафари Шариф раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобшинос» ва Азизов Сайобид Саидҷалолович муовини раиси ташкилот интихоб гардиданд.
   Дар масъалаи дуюми рӯзнома аъзои фаъоли ташкилот, муовини директори МД «Хонаи китоби Тоҷикистон» Баёнов Маҳмаднабӣ дар мавзуи “Боз як қадами устувор дар ҳифзи ҳувият ва асолати миллӣ” дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуд.
   Сипас гузориши муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобшинос» Сайобид Азизов шунида шуд. Дар он фаъолияти ташкилот дар самтҳои корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, нашри маводи илмӣ-оммавӣ, баромадҳо дар воситаҳои ахбори омма ва дигар иқдомҳои марбут ба татбиқи сиёсати ҳизбӣ таҳлил гардид. Қайд карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб 20 чорабинӣ ва маъракаҳои муҳими сиёсӣ баргузор шудаанд. Бо ҷонибдории аъзоёни ташкилот нақшаи корӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид.
   Дар анҷоми ҷаласа ба 4 нафар кормандони ҷавон дафтарчаҳои ҳизбӣ супорида шуда, ба фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобшинос» барои саҳми арзандаашон бо ифтихорнома ва сипоснома сарфароз гардонида шуданд.