Дар ин давра Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобшинос» фаъолияти худро ба масъалаҳои ташкилӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ҷалби кормандони соҳаи китобдорӣ ва бойгоншиносӣ, махсусан аз ҳисоби ҷавонони болаёқат ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон равона намуда, дар самти тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ пайваста суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор намуд.
Дар такя ба сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои ҷамъиятӣ, ҳашарҳои ободонӣ, маъракаҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои умумиҳизбӣ фаъолона иштирок намуда, саҳми худро дар татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гузоштанд.
Ҳамзамон дар давоми соли 2025 дар ташкилот ҷаласаҳои ҳизбӣ, суҳбату вохӯриҳои сиёсӣ, ҳамоишҳои илмӣ-фарҳангӣ, мизи мудаввар ва намоишҳои китобӣ баргузор гардид. Махсусан чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашну санаҳои муҳими таърихӣ аз қабили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷашни байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санаи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо даъват ва иштироки олимону муҳаққиқон баргузор намуд.
Аз ҷониби Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобшинос» соли 2025 дар муассиса зиёда аз 20 чорабинии муҳим аз ҷумла 2 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 2 ҳамоиши илмӣ, 5 мизи мудаввар ва 11 суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин аъзоёни фаъоли ташкилот давоми соли 2025 дар зиёда аз 50 чорабинии илмиву сиёсӣ ва фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявидошта фаъолона ширкат варзиданд.
Бахшида ба 90-солагии таъсисёбии МД «Хонаи китоби Тоҷикистон» бо иштироки олимону мутахассисони соҳаи китобдорӣ ва вазорату идораҳои кишвар санаи 18-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобшинос» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Хонаи китоби Тоҷикистон дар ҳифзи таърих ва фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.
Санаи 25-уми декабри соли 2025 ҳамоиши илмӣ дар мавзуи «Инъикоси масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг дар Паёми Пешвои миллат», роҷеъ ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, доир гардид, ки дар он намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ва муҳаққиқони соҳаҳои гуногун ширкат намуданд. Бояд тазаккур дод, ки рафти баргузории қисми зиёди чорабиниҳои мазкур дар сомонаи расмии Муассисаи давлатии Хонаи китоби Тоҷикистон инъикос гардидаанд.
Илова бар ин аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобшинос» дар давоми соли сипаришуда ҷиҳати таблиғу ташвиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҷалби наврасону ҷавонон ба тарғиби фарҳанги миллӣ, китобу китобдорӣ, Озмуни ҷумҳуриявии «Фӯруғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва китобҳои тозанашр дар ҷумҳурӣ тариқи телевизион ва радио суханронӣ намуданд.
Яке, аз вазифаҳои асосии муассиса библиографиянамоии осори нашрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин як нуктаро зикр менамоям, ки дар давоми соли 2025 аъзоёни ташкилот доир ба фаъолияти ҲХДТ дар Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 125 маводи илмиву таҳлилӣ ва хабариро тасвири библиографӣ намудаанд. Маводи инъикосгардида барои муҳаққиқону пажуҳишгарон ва кормандони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ ёрии амалӣ мерасонад.
Дар давоми соли 2025 аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ дар бойгонии муассиса 11 номгӯй рӯзномаҳое, ки пурра фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро инъикос менамоянд ҷамъоварӣ, коркард ва бандубаст намудаанд. Аз ҷумла Рӯзномаи «Минбари халқ» - нашрияи Дастгоҳи Марказии ҲХДТ, «Мароми Пойтахт» - нашрияи КИ ҲХДТ дар ш. Душанбе, «Сухани халқ» - нашрияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, «Ҳамрози халқ» - нашрияи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, «Ҳидоят» - нашрияи КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода, «Мароми халқ» - нашрияи КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, «Овози халқ» - нашрияи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, «Нигоҳи халқ» - нашрияи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ, «Садоқат» - нашрияи КИ ҲХДТ дар ш. Турсунзода, «Шафақ» - нашрияи КИ ҲХДТ дар ш. Хуҷанд, «Афкори халқ» - нашрияи КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ба шумор мерванд.
Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар баробари дастрас намудани нусхаҳои ҳатмии ройгони маҳсулоти чопии ватанӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр мерасанд, инчунин саривақт ба нашрияҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» ва «Мароми пойтахт» обуна шудааст.
Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобшинос» минбаъд низ фаъолияти худро дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, пешбурди сиёсати фарҳангӣ-маърифатии давлату ҳукумат ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон роҳандозӣ менамояд.
Муовини Раиси ташкилоти
ибтидоии ҳизбии «Китобшинос»
Азизов Сайобид







