Фаъолияти инноватсионӣ ин самти муҳимтарин ва дар шароити имрӯза беш аз пеш афзалиятноки таъминоти методии китобхона ё шабакаи китобхонаҳо ба шумор меравад. Ҳадафи асосии он ҷустуҷӯ, арзёбӣ, таҳия ва истифодаи навгониҳо дар фаъолияти рӯзмарраи китобхонаҳо мебошад. Фаъолияти инноватсионӣ барои тамоми китобхонаҳо хос аст. Аз ин рӯ, китобхона – марказҳои методӣ вазифадоранд, ки ин навгониҳоро дар тамоми шабакаи китобхонаҳо паҳн намоянд.
Таҳқиқи мавзӯи мавриди назар водор менамояд, ки қабл аз ҳама моҳияти мафҳуми “инноватсия”-ро мушаххас намоем. Масалан дар “Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №200, аз 3.05.2002 тасдиқ шудааст, мафҳуми “инноватсия” ҳамчун “навъ, муҷаддад, навсозӣ, навгароӣ” маънидод шудааст. Дар адабиёти илмӣ соҳавӣ зери мафҳуми “навгониҳо” шаклу услубҳои нав (номаълум, ҳанӯз ҳамаҷониба дастрас нагардида) ё маълум, вале навшудаест (модернизатсия), ки барои тамдиди фаъолияти китобхона равона карда шудааст, маънидод гардидааст.
Дар шароити нави ҷомеаи иттилоотӣ, бахусус пайдоиши компютерҳои фардӣ, воситаҳои нави интиқоли матни чопӣ ба матни электронӣ, омодасозӣ ва ҳифзу нигоҳдории нусхаҳои электронӣ, рушди китобчопкунии электронӣ ва истифодаи интернет дар фаъолияти китобхонаҳо дигаргуниҳои навро ба вуҷуд овард ва китобхонаҳоро водор сохт, ки самтҳои асосии фаъолияти хешро ба вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ ба дарназардошти истифодаи мақсадноки технологияи нав мувофиқу созгор намоянд.
Тавре Шариф Комилзода таъкид намуданд, ки китобхонаҳо дар радифи иҷрои дархостҳои муқаррарии хонандагон ҷиҳати истифодаи фонди чопӣ боз муваззаф шудаанд, ки ҳамчун марказҳои фароҳамоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ, тавлиду коркард ва тарғибу ташвиқи манобеи электронӣ ба хонандагони маҷозӣ (виртуалӣ) хизмат расонанд ва бо дарназардошти вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ ва дар рақобат бо дигар воситаҳои нави иттилоотӣ-коммуникатсионӣ шаклу усулҳои наву самарабахши хадамоти китобдориро мавриди истифода қарор диҳанд. Яъне, бо тақозои вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ китобдорон вазифадор шудаанд, ки бо истифода аз фондҳоии чопии китобхона дар радифи иҷрои хизматрасониҳои муқаррарӣ ба хонандагони муқимӣ, боз талабу дархост ва ниёзҳои ба иттилоот доштаи хонандагони маҷозиро (виртуалӣ) ба инобат гиранд ва ҳамзамон эҳтиёҷоти ба манобеи электронӣ доштаи хонандагони муқимиро қонеъ намоянд. Китобдори имрӯза бояд ба ҳайси иттилоотсоз, иттилоотрасон (интиқолдиҳандаи иттилоот), иттилоотшинос, маъмури бойгонии иттилоот, менеҷери виридоту содироти иттилоот, барномарез ифои вазифа намояд.
Иҷрои ҳар як аз ин вазифаҳо аз китобдор дониши мукаммалу пайвастаи тахассусӣ, масъулияти баланди касбиро тақозо намуда, водор месозад, ки қабл аз ҳама, истифодаи технологияи навро хуб донад.
Техника ва технологияи муосир тақозо менамояд, ки фаъолияти китобдорӣ чун соҳаи муҳимтарини фарҳангу маориф дар баробари усулҳои анъанавӣ бо шуур ва талаботи муосир ҳамоҳанг бошад.
Корманди МД “Агентии миллии
Созмони байналмилалии рақамгузории
стандари китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон”
Маннонова Бибифотима







