4 марти соли равон бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобшинос» бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабиниро муовини директори муассиса, номзади илмҳои филологӣ, Муҳаммаднабӣ Баёнӣ ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки Модар гавҳари ноёб, сарчашмаи ҳаёт, олиҳаи меҳр мебошад. Сипас Синои Абуалӣ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, омӯзгори МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» аз эҷодиёти хеш дар васфи модар шеърҳо қироат намуд.
Дар интиҳо ҳунармандон аз МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» Мирзоев Акрам ва Дамдоров Ифтихор дар васфи Модар-Ватан сурудҳо пешкаш намуданд, ки табъи ҳозиринро болида гардониданд.







