![]()
Амиршоҳ Ёрмуҳаммадов – муаррих, устоди ДМТ,
Сайобид Азизов – бойгонишинос, корманди
МД “АМСБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон”
Маводҳои барои таҳқиқоти таърихӣ зарур дар манбаъҳои гуногун парокандаанд. Қисми зиёди манбаъҳо оид ба таърихи муосир, пеш аз ҳама дар матбуот ҷой доранд. Дар матбуот манбаъҳои таърихӣ бори аввал ба мубодилоти илмӣ ворид мегарданд ва аҳаммияти онҳо муайян карда мешавад. Аз ин рӯ, матбуот бешубҳа солномаи муосири таърих аст. Нависандаи маъруфи рус Алексей Толстой қайд карда буд, ки «журналистика ақрабаки сониясанҷи таърих аст». Зеро танҳо матбуот имкон медиҳад, ки аз ҷиҳати хронологӣ воқеъа барқарор карда шавад ва он то андозае шарҳи илмии худро низ ёбад. Матбуот дар фаъолияти худ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
1.Мардум ва табақаи ҳукмронро бо ахборот таъмин мекунад;
2.Ба инкишофи маориф мусоидат менамояд;
3.Инчунин яке аз воситаҳои вақтгузаронӣ низ мебошад;
Бо ҳамин матбуот инъикоси ақида, сиёсат ва идеологияи давру замони худ аст. Барои муҳаққиқони таърих бештар маводҳои рӯзнома саҳми муҳим доранд. Зеро дар журналҳо асосан натиҷаи таҳқиқот нашр мегардад. Баромадҳои ходимони давлатӣ ва сиёсӣ дар газетаҳо ҳамчун маъхази муҳим ва расмӣ ба ҳисоб мераванд. Дар асри мо, ки асри инкишофи васоити ахбори оммавӣ аст, матбуот ҳамчун ҳаками бузург ва ё «Ҳокимияти чорум» ном гирифтааст. Сиёсати ҳозираро бе матбуот тасавур кардан ғайримкон аст. Аз ин рӯ мегуянд, ки касе телевизионро зери даст дорад, вай бешубҳа мамлакатро зери даст дорад.
Муносибати эҷодкорона ва танқидӣ ба матбуот бояд чунон бошад, ки нисбат ба дигар манбаъҳои таърихӣ. Зеро дар бисёр ҳолатҳо муҳаққиқон ба маводҳои матбуот ҳамчун ба маводи расмӣ муносибат мекунанд. Гӯё чизеро, ки газета чоп кардааст, ҳатман дуруст бошад. Баъзан муҳаққиқони бетаҷриба фаромуш мекунанд, ки ба маводҳои газета низ ҳатман муносибати танқидӣ кардан зарур аст. Новобаста аз мавқеи сиёсии журналист, ахбороти вай наметавонад дуруст бошад. Ҳарчанде, ки материалҳои матбуот ҳама вақт муаллифи аниқи худро дорад. Вобаста ба ин муҳаққиқи таърих, дар вақти истифодабарии маводҳои газета номи он, санаи чопаш ва муаллифи онро қайд мекунад. Зеро маводҳои муаллифони маъмулро аксари газетаҳо чоп мекунанд. Инчунин, дар матбуот шахсиятҳои маъруфи илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ баромад мекунанд, ки он манбаъи муҳим аст, оид ба таърихи ҳамон давру замон. Муҳаққиқи таърих ҳама вақт бояд ба маводҳои матбуот муносибати касбӣ кунад. Барои ин вай бояд бо назария ва услуби фаъолияти матбуот хуб ошно бошад.
Журналистика асосан фарогири ду жанр мебошад. Ахборот (хроника, репортаж) ва шарҳи воқеа. Факти журналистӣ дар матбуот ҳама вақт навигарии рӯз аст. Зеро журналисти ҳақиқӣ ҳама вақт, дар воқеа як чизи навро мебинад, ки диққати ҷомеаро ба худ ҷалб мекунад. Бо факте, ки журналист дар матбуот меорад, муҳаққиқи таърих бояд мазмуни илмӣ диҳад. Аз ин рӯ, факти матбуот қадами аввалин аст ба дониши таърихӣ. Зеро таърих фақат воқеаи муҳимро фаро мегирад.
Байни ахборот ва шарҳ як сарҳади аниқ мавҷуд нест. Зеро бисёр ахборот шарҳ дорад ва ё баракс. Аз ин рӯ, журналистҳо як қоидаи умумӣ доранд. Фактҳо муқаддасанд, шарҳи он озод аст. Ҳамин тавр фактҳои журналистӣ ҳанӯз факти таърихӣ нест. Чунки журналистон аз сабаби камбудии вақт имкон надоранд, сабабҳои воқеаро ҳаматарафа мукаммал таҳлил кунанд. Вазифаи асосии журналист оҷилан додани ахборот мебошад.
Муаррих барои он, ки ба маводҳои матбуот «ғарқ» нашавад, бояд малакаи хуби касбӣ дошта бошад. То тавонад фактҳои ба мавзуи таҳқиқотияш зарурро интихоб кунад. Фактҳои матбуот «куҳна» мешаванд. Фақат муаррих метавонад ба ин ва ё он факти зарурӣ умри дароз ва абадӣ диҳад.
Муаррих набояд аз қафои журналист равад. Зеро журналист ва муаррих мақсадҳои мухталиф доранд. Мақсади журналист воқеаро ҳангоматалабона инъикос кардан аст. То бештар хонандагонро ба навиштаи худ ҷалб кунад. Бо таври дигар гӯем журналист фурушандаи «моли гарм аст». Муаррих бошад ҳамчун солноманавис барои таърих фақат воқеаи муҳимро сабт мекунад.
Матбуот вобаста ба мазмун ва мундариҷааш ба ду қисм ҷудо карда мешавад. Матбуоти оммавӣ ва матбуоти сифатӣ. Матбуоти оммавӣ бештар мақолаҳои ҳангоматалабона чоп мекунад, то ки хонандаи зиёд дошта бошад. Матбуоти сифатӣ мақолаҳои бештар илмӣ ва таҳлилӣ медиҳад. Бо ҳамин дар ҳаёти сиёсӣ таъсир мерасонад. Ҳамон газетае рӯз то рӯз миқдораш зиёд мегардад, ки ахбороти ҳақиқӣ диҳад.
Матбуоти ғайридавлатӣ ва ғайриҳизбӣ низ ҳеҷ гоҳ озод нест. Ҳарчанд дар диди аввал гумон меравад, ки ин рӯзномаҳо ба ҷамъият хизмат карда истодааст. Бо мазмун ва мундариҷаи матбуот се омил таъсир мерасонад; ҳукумат, маблағ ва ҷамъият (ташкилотҳои ҷамъиятӣ, афкори ҷамъиятӣ). Кадом аз ин омилҳо дар ҳолатҳои гуногун дар матбуот боло мегиранд. Муаррих шахсан худаш бояд муайян кунад. Зеро ахборот ҳама вақт вазифаи ташвиқотӣ дорад. Аз ин рӯ, матбуоти бетараф дар ҷамъият мавҷуд нест. Газетаҳои ғайриҳизбӣ низ манбаи муҳими ташвиқоту тарғиботанд.
Дар ҷаҳони муосир аз як тараф ахборот зиёд аст, аз тарафи дигар ахбороти муҳим хело кам мебошад. Доштани ахбороти муҳим пеш аз ҳама ба матбуоти давлатӣ муяссар мегардад. Зеро фақат муассисаҳои ҳукуматӣ имкон доранд, ки бо марказҳои таҳқиқотию таҳлилии худ матбуоташонро бо ахбороти зарурӣ таъмин кунанд. Аз ин рӯ, муаррих қариб ҳар рӯз бо ҷараёни ахбороти начандон муҳим рӯ ба рӯ мегардад.
Матбуоте, ки ба ақидаи ҳукуматӣ зид мебарояд бо ҳар роҳ зери фишор қарор дода мешавад. Намояндаи вайро ба вохӯриҳои расмӣ иҷозат намедиҳанд, нозирони андозро ҳар сари вақт ба идораи он мефиристанд ва ғайраву ҳоказо. Матбуоти Ғарб ҳеҷ гоҳ наметавонад оид ба таърихи мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ маводи дуруст диҳад. Зеро дар саҳифаҳои матбуоти мазкур ба ғайр аз қашоқӣ, гуруснагӣ, беморӣ чизи дигаре оид ба ин мамлакатҳо нест.
Барои фаъолияти муътадили сиёсӣ барои ҳар як система «оина» лозим аст. Нақши «оинаро» афкори ҷамъиятӣ иҷро мекунад. Ягон сиёсатмадори муосир ба муваффақият умед баста наметавонад, агар афкори ҷамъиятиро ба инобат нагирад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ягон қарордоди сиёсиро бе назардошти ақидаи мардум амалӣ кардан ғайриимкон аст. Дар ҳолати ба назар нагирифтани ақидаи мардум амалӣ кардан ғайри имкон аст. Дар ҳолати ба назар нагирифтани ақидаи мардум қарордоди сиёсиро фақат ба воситаи зуровари ҷорӣ кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, матбуот воситаи тавонои омӯзиши ақидаи омма мебошад, ки онро қариб ҳамаи ҳукуматдорон ва сиёсатмадорон ба назар мегиранд. Техникаи омӯзиши ақидаи мардум дар Ғарб хело пеш рафтааст. Ҳанӯз соли 1935 ба воситаи омӯзиши афкори мардум дар асоси матбуот доктори илми сотсиология У. Гэллен ғалабаи демократ Ф. Рузвелтро дар интихоби президенти ИМА пешгӯӣ карда буд. Сипас Гэллен институти махсуси омӯзиши ақидаи мардуми ИМА оид ба масоили мухталифи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мегузаронад. Дар ҳамаи интихоботҳои минбаъдаи президентии ИМА пешгӯии институти мазкур хеле дақиқ буд.
Ҳамин тавр, институти омӯзиши ақидаи мардум ҳамон нақшеро мебозад, ки матбуот ҳам чунин вазифаро соҳиб аст. Онҳо аз як тараф ақидаи мардумро омӯхта, аз тарафи дигар дар ташаккули он саҳм мегузоранд. Мардумро ба ҳалли дурусти проблемаҳои рӯз сафарбар мекунанд. Муҳаққиқони таърих бояд ҳаминро ба инобат гиранд, ки афкори мардум дар ду сатҳ инъикос меёбад. Дар сатҳи сухан ва дар сатҳи амал. Ҳамин тавр байни ақидаи мардум ва амали онҳо тафовут мавҷуд аст. Ба ин нигоҳ накарда ҳукумат ҳама вақт аз рӯи маводҳои матбуот ақидаи мардумро оид ба масъалаҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аниқ мекунад. Ҳар ҳафта омӯзиши ақидаи мардум гузаронида мешавад. Доир ба ин муассисаҳои махсуси зиёд низ амал мекунанд.
Дар бисёр мамлакатҳо сиёсатмадорон ба воситаи матбуот ақидаи мардумро зери назорат мегиранд. Мардум ақидаи дар матбуот паҳншударо бештар қабул мекунад. Зеро пурра ба он дода шудааст. Забони матбуот низ дар ҳаёти сиёсӣ мақоми калон дорад. Масалан мардум барои истиқлолияти миллии худ мубориза барандаро метавонад ҳамчун мубориз, террорист ва ғайра ном барад. Чи хеле, ки онро матбуот вобаста ба манфиатҳои сиёсияш қайд кунад, мардум низ онро ҳамон тавр қабул мекунад.
Ақидаи он, ки афкори ҷамъиятиро фақат матбуот ташаккул медиҳад, хато аст. Ҳарчанд, ки матбуот як омили хеле пурқувват аст. Дар қатори матбуот ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои динӣ низ дар ташаккулёбии афкори ҷамъиятӣ саҳми калон доранд. Ҳамин тавр илми таърих ба матбуот робитаи мустаҳкаму қавӣ ва эҷодкорона дорад.
АДАБИЁТ
- Антилов, Г.А. Историческое прошлое и пути его познания [Текст] / Г.А. Антилов. – Новосибирск, 1987. – 242 с.
- Андреев, В.К. История журналистики [Текст]: учебное пособие / В.К. Андреев. – М.: Аспект Пресс, 2005. – 264 с.
- Барг, М.А. Категории и методы исторической науки [Текст] / М.А. Барг. – М., 1984. – 342 с.
- Барг, М.А. Эпохи и идеи. Становление историзма [Текст] / М.А. Барг. – М.: Мысль, 1987. – 348 с.
- Бердяев, Н.А. Смысл истории [Текст]: монография / Н.А. Бердяев. – М.: Мысль, 1990. – 175 с.
- Вен, П. Как пишут историю. Опыт эпистемология [Текст] / П. Вен. – М., 2003. – 392 с.
- Гулыга, А.В. Искусство истории [Текст] / А.В. Гулыга. – М., 1980. – 288 с.
- Дербов, Л.А. Введение в изучение истории [Текст] / Л.А. Дербов. – М., 1981. – 184 с.
- Дьяков, В.А. Методология истории в прошлом и настоящем [Текст] / В.А. Дьяков. – М., 1974. – 190 с.
- Жуков, Е.М. Очерки методологии истории [Текст] / Е.М. Жуков. – М., 1987. – 254 с.
- Зикриёев, Ф.Б., Набиева Р.А. Аз нигоҳи нав омӯхтани таърихи Ватан [Матн]: барномаи таълимӣ аз фанни «Таърихи халқи тоҷик» / Ф.Б. Зикриёев, Р.А. Набиева. – Душанбе, 2009. – С.3-5.
- Иванов, Г.М. Исторический источник и историческое познания [Текст] / Г.М. Иванов. – Томск, 1973. – 222 с.
- Капелюшников, Р.И. Журналистика и история: точки пересечения [Текст] / Р.И. Капелюшников. – М.: МГУ, 2011. – 260 с.
- Коломийцев, В.Ф. Методология истории (От источника к исследованию) [Текст] / В.Ф. Коломийцев. – М., 2001. – 190 с.
- Копосов, Н.Е. Как думают историки [Текст] / Н.Е. Копосов. – М., 2001. – 326 с.
- Мизес, Л. Теория история [Текст] / Л. Мизес. – М., 2001. – 294 с.
- Саидзода, Ш. Нақши матбуоти тоҷик дар инъикоси воқеаҳои таърихӣ (асрҳои XX-XXI) [Матн] / Ш. Саидзода. – Душанбе, 2012.
- Смоленский, Н.И. Тория и методологии истории [Текст]: учебное пособие / Н.И. Смоленский. – М., 2008. – 270 с.
- Турсунов, А.Т. Журналистика и история: отражение исторических процессов в СМИ [Текст] / А.Т. Турсунов. – Душанбе: Ирфон, 2018.
- Шарипов, Ҳ. Таърихи матбуоти тоҷик [Матн] / Ҳ. Шарипов. – Душанбе: Маориф, 1981.
- Ясперс, К. Смысл и назначение истории [Текст] / К. Ясперс. – М., 1991. – 528 с.







